Асосхои бамеъёргирии мехнат.

Барои оќилона ташкил кардани мењнат, ба наќша гирифтани он ва таќсимоти ваќти корї дар байни соњањои истењсолот, мо бояд оиди андозаи мењнат, яъне андозаи харољоти сифатї  ва миќдории мењнат, ба њар як участкаи истењсолот ва ба њар як намуди кор тасаввуроти комил пайдо кунем. Њар ќадар таќсимоти љамъиятии мењнат васеъу амиќ бошад, њамон ќадар љамъият ба муайян кардан ва мувофиќ гардондани таносуби сифативу миќдории мењнат, ба чен кардани миќдори мењнате, ки барои истењсоли ин ё он намуди неъматњои моддї зарур аст, ба муайян кардани андозаи мењнат яъне ваќти кори зарурї барои иљрои ягон намуди корї алоњида эњтиёљ њис менамояд.

Бамеъёргирии мењнат – ин муќарар кардани андозаи мењнат барои иљрои кори муайяне, ки дар шароитњои мўътадили ташкилї – техникї тавассути истифодабарии усулњои илман асоснокшуда мебошад. Тавассути бамеъёргирии мењнат харљи муайяни ќувваи корї барои истењсоли ин ё он намуди мањсулот муайян карда мешавад.

Наќш ва ањамияти бамеъёргирии мењнатро дар низоми иќтисодиёти имрўза бо як ду сухан баён кардан номункин аст. Фаъолияти муташаккилу бонизоми корхонаро имрўзњо бидуни ба меъёргирии мењнат ба роњ мондан он тараф истад, тасаввур кардан душвор аст.

Меъёри харољоти мењнат њамон бузургии ибтидоиест, ки дар асоси он  иќтидори истењсоли корхона ва ќисмњои таркибии он њисоб карда мешавад. Таносуби заруриро байни харољоти мењнат ва натиљаи он танњо тавассути бамеъёргирии мењнат муќаррар кардан мумкин аст. Аммо таъминоти бамеъёргирии мењнат танњо ба ин мањдуд карда намешавад. Бамеъёргирии мењнат чун асоси усули  мўътамади тањлилї, бањри муайян кардани эњтиёљоти корхона  ва ќисмњои таркибии он ба шумораи умумии њайати коргарон, ба шумораи мутахассисон, идоракунандагон ва ба дигар  категорияњои њайати коргарон низ баромад мекунад. Њамчунин ба меъёргирии мењнат ба сифати мањаки муќоисавии натиљањои мењнат ва њосилнокии мењнат низ метавонад баромад мекунад.

Аз тарафи  дигар дар баробари андозаи мењнат будан, меъёрњои  мењнат ба сифати андозаи музди мењнат низ баромад мекунад. Оиди ин функсияи муњими бамеъёргирї дар боби «Ташкили музди мењнат дар корхона» каме таваќќуф намуда будем. Њоло бояд њаминро ќайд кард, ки муайянкунии музди мењнати њар як иштирокчии истењсолот вобаста ба сањми гузаштааш ба натиљањои нињої, танњо тавассути бамеъёргирии мењнат њал карда мешавад. Зеро  сањми коргар ба натиљаи кор – ин њамон харољоти мењнатии ў мебошад, ки онро ваќту ќувваи љисмониву зењнии сарфкардааш муайян менамояд. Ин љо як нозукии дигар њам њаст, он њам бошад, фарќияти натиљањои мењнати категорињои алоњидаи коргарон дар як воњиди муайяни ваќт мебошад, ки онро  сатњи тахассус, донишу малака, собиќаи корї ва дигар сифатњои худи њамон коргарон ба миён меорад. Бамеъёргирии мењнат имконият медињад, ки аз як тараф сарбории мењнати њар яки ин категорияњои њайати коргарон оќилона муайян карда шавад ва аз тарафи дигар њангоми муайян кардани андозаи музди мењнати онњо адолати иљтимої риоя гардад.

Меъёрњои мењнатї њамчунин барои њалли як силсила вазифањои дигари ташкилии истењсолот ва мењнат аз ќабили њисоб кардани харољотњои  њаќиќї барои истењсоли мањсулот ва захирањои рушди њосилнокии мењнат, муайян кардани имкониятњои истењсолии њам коргарон ва њам  таљњизотњо (яъне иќтидори њаќиќи онњо), њисоб кардани самаранокии имконпазир, баъди љорї кардани ягон намуди техникаву технология  ва ѓайра низ, метавонанд  хизмат намоянд.

Дар маљмўъ функсияњои меъёрњои мењнатро метавон чунин номбар кард:

  • Андозаи мењнат;
  • Андозаи музди мењнат;
  • Асоси банаќшагирї ва ташкили истењсолот дар корхона;
  • Мањаки бањогузории љараёнњои истењсолї;
  • Элементи муњими нархгузорї ва ѓайра.

Аммо иљрои ин функсияњо дар њамон сурат имконпазир аст, ки агар меъёњои мењнат аз нуќтаи назари таъсири омилњои гуногуни шароитњои љойдоштаи истењсолот ва мењнат  асоснок шуда бошад. Дар њаќиќат бамеъёргирии мењнат њамон ваќт самара дода истода ба инкишофи корхона мусоидат менамояд, ки агар бо захирањои моддиву техники вуљуддошта мувофиќат намояд. Аз ин рў меъёрњои мењнат бо назардошти таъсири омилњои техникї, иќтисодї, ташкилї, психофизиологї ва иљтимої бояд асоснок карда шаванд. Маънои оќилона муќаррар кардани меъёрњои мењнат  њам, дар маљмўъ њамин аст.

Дигаргунињои низоми  иќтисодї ва гузариш ба шакли бозории хољагидорї, ба наќшу ањамияти бамеъёргирии мењнат бе таъсир намемонанд. Акнун меъёрњои мењнат аз тарафи институтњои масъул кор карда баромада шуда,  њамчун дастурамал ба соњањои гуногун фиристода намешаванд, балки корхонањо њоло соњибихтиёранд ва меъёрњои мењнатро бояд мутахассисони њар як корхона бо назардошти омилњои дар боло номбаршуда муќаррар намоянд. Ин то дараљае ба пурра мувофиќат кардани меъёрњои мењнатї ба шароитњои корхона мусоидат хоњад кард. Аз тарафи дигар шароитњои кунунї худ низоми ба меъёргирии мењнатро аз як усули шахшудаи умумї ба усули таѓйирпазиру инкишофёбанда табдил хоњад дод.

Бањар сурат меъёрњои  мењнат дар кадом шароите, ки бошад дар асоси маълумотњои илмї ва таљрибањои пешќадам муайян карда мешавад.

Њоло оиди шарту шароитњои асосноккунињои техникї, иќтисодї, ташкилї, психофизологї ва иљтимоии меъёрњои мењнат каме таваќќуф менамоем.

Асосноккунии техникї ифодагари истифодабарии оќилона ва самараноки техника, таљњизот, асбобњо ва усулњои технологии иљроиши амалиётњо мебошад. Ба омилњои техникї (хусусиятњои љараёни технологї, таљњизотњо, асбобњо, талаботњои тењникї ба сифати мањсулот ва ѓайра) њамеша диќќати махсус дода мешуд. Дар њаќиќат меъёри мењнат ба таври мустаќим аз намуд ва сифати таљњизотњои истифодашаванда вобастагї дорад. Аз як љињат меъёри мењнат бо технология пайванди ногусастанї дорад, зеро муайянкунии меъёрњо баробар бо коркарди амалиётњои технологї амалї карда мешаванд. Аз ин нуќтаи назар бамеъёргирии мењнат чун вазифаи муњандисї баромад мекунад. Дар навбати худ ба меъёри  мењнат аз нуќтаи назари муњандисї нигоњ кардан кафолати самаранок истифодабарии захирањои мењнатї ва модди корхона хоњад гашт.

Асосноккунии иќтисодии меъёри мењнат интихоби варианти оќилонаи таносуби байни мењнати зиндаву гузашта ва харољоти камтарини ваќтро барои иљрои муайян таќозо мекунад. Маќсад аз   асосноккунии иќтисодии меъёри мењнат баланд бардоштани сатњи њосилнокии мењнат, сифати мањсулот ва самаранокии истењсолот ба њисоб меравад. Ба омилњои иќтисодї нишондињандањои њаљми мањсулот, харољоти захирањои гуногун, имкониятњои васеъ гардонидани њаљми истењсолот ва ѓайра дохил мешаванд.

Асосноккунии ташкилии меъёри мењнат маънои онро дорад, ки њангоми њисоб кардани он бояд истифодабарии шаклу усулњои пешќадами ташкили мењнат ва истењсолот ба назар гирифта шаванд. Дар баробари њисоб кардани меъёри мењнат бояд оиди таносуби оќилонаи функсияњои омодакунї, љаъмбасткунї ва асосии таќсимоти мењнат ва ташкилу муљањњазгардонї  ва хизматрасонињои љойњои корї низ чорањои мушаххас андешида шавад.

Асосноккунии психофизиологии меъёри мењнат бошад, маънои онро дорад, ки њангоми кор карда баромадани меъёр бояд мўътадилияти шиддатнокии кор, рељаи оќилонаи мењнат ва истироњат ва њифзи организми коргарон аз таъсири   зарарноки муњити атроф њатман ба назар гирифта шаванд. Ба омилњои психофизологї шиддатнокї ва вазнинии мењнат, дараљаи мондашавї ва ѓайра дохил карда мешаванд. Ќайд кардан љоиз аст, ки меъёри мењнат пеш аз њама бояд коргаронро аз мењнати вазнин њифз намояд.

Асосноккунии иљтимоии меъёри мењнат таќозо мекунад, ки њангоми њисоб карда баромадани меъёри мењнат бояд имкониятњои рушди тахассусї, маданї-техникї ва маънавии коргарон  низ ба назар гирифта шаванд. Аз ин  нуќтаи назар меъёрњои мењнатї бояд ба ба рушди ќобилиятњои эљодии коргарон, мазмуннокии кор, аз байн бурдани бегонашавї аз мењнат ва монанди ин ба дигар омилњое, ки ба љабњањои њаёти иљтимоии корхона таъсири мусбї дошта бошад, мусоидат намояд

Вобаста аз нишондињандањои иќтисодї–иљтимоии фаъолияти истењсолиаш корхона метавонад асосноккунии меъёри мењнатро дар самти дилхоњаш пурќуваттар намояд. Чунончи, агар нишондињандањои иљтимої – психофизиологии фаъолияти корхона дар дараљаи паст ќарор дошта бошанд месазад, ки ба асосноккунии самтњои мазкури меъёри мењнат ањамияти бештар људо карда шавад.

Акнун оиди намудњои меъёри мењнат. Дар маљмўъ намудњои зерини меъёри мењнат фарќ карда мешаванд: меъёри ваќт, меъёри коркард, меъёри хизматрасонї, меъёри шумора, меъёри идоракунї; супоришњои ба меъёр гирифташуда.

Меъёри ваќт – ин миќдори ваќти кориест, ки ба як коргар барои иљрои як воњиди муайяни кор (амалиёт), бо назардошти шароитњои оќилонаи ташкилї – техникїи ба њамин корхона хос буда, муќаррар  карда шудааст. Меъёри ваќтро ба одам – соат, одам – даќиќа ва одам – сония ифода мекунанд.

Барои муќаррар  кардани меъёри ваќт, бояд харољоти ваќти кори мазкур муайян карда шавад. Њайати  меъёри ваќтро метавон бо формулаи зерин ифода кард:

 

Нвќ = То.љ. + Топ+ Тњ.љ.ќ.  + Тн.э.ш. + Тт.н.

 

Топ = Тасёр , дар ин љо,

 

Нвќ – меъёри ваќт;

То.љ.– ваќти омодакуниву – љамъбасткунї;

Топ  — ваќти оперативї;

Тњ.љ.ќ – ваќти хизматрасонии љойњои корї;

Тн.э.ш —  ваќти истироњат ва рафъи эњтиёљоти шахсї;

Тн.э.ш – танаффусњое, ки бо хусусиятњои хоси технология ва ташкили истењсолот вобастаанд;

Тас – ваќти асосї;

Тёр – ваќти ёридињанда.

 

Дар асоси таснифоти харољоти ваќти корї усулњои ченкунии мењнат (бааксгирии ваќти корї, хронометраж ё усули мушоњидањои лањзавї ) муайян кардани меъёри ваќт бо ёрии ин формула имконпазир мегардад.

Меъёри коркард – ин миќдори натуралї (дона, метр, тонна) ё шартии воњиди мањсулот мебошад, ки дар як воњиди муайяни ваќт (смена, моњ) бояд истењсол карда шавад. Барои њисоб кардани меъёри коркард формулаи зерин истифода бурда мешавад.

 

Н =, дар ин љо,

Н  — меъёри коркард;

Тсм – фонди сменавии ваќти корї;

Нвк – меъёри ваќти муќарраршуда барои истењсоли як воњиди мањсулот.

Дар байни меъёри ваќт ва меъёри коркард вобастагии чаппа вуљуд дорад, яъне бо камшавии меъёри ваќт, меъёри коркард зиёд мешавад. Аммо ин нисбат ба камшавии меъёри коркард кисбат ба камшавии меъёри ваќт бештар зиёд мешавад.

Читайте также:

Добавить комментарий