АСОХОИ ПОЙДО ШАВИИ ХОЧАГИИ МОЛИ. ПУЛ. НАЗАРИЯИ АРЗИШ

Пажўњишгарон муайян кардаанд, ки дар замонњои дури ќадима хољагињои  мањсулотї (натуралї) пайдо  мешаванд.  Маќсади марказии хољагии мањсулотї тавлиди маснуоту барои таъмини талабот истифода шудани он мебошад. Хољагињои мањсулотї хеле муддати дуру дароз фаъолият бурда, танњо бо оњистагї ривољ меёфтанд. Дигаргунињо дар ингуна хољагињо таи садсолаю њазорсолањо сурат мегирифтанд. Таќсимоти мењнату пайдо шудани ихтисосњо, моликияти хусусї дар якљоягї боиси ба миён омадани хољагињои молї мегарданд (ниг. Ба наќшаи 5.1.).

Хољагии молї њамон равиши тавлидгарии маснуоту хизматњо мебошад, ки дар вай натиљањои њосилшаванда ба мубодила таъин шудаанд. Яъне дар хољагињои мањсулотї маснуоти истењсолшуда барои истеъмол бевосита сарф карда шавад, дар хољагињои молї вай ба фурўш пешнињод карда мешавад. Хољагии моли якчанд марњилаи инкишофро то замони мо аз cap гузаронидааст:

1)    хољагии молии оддї ё мањдуд,

2)    хољагии молии ривољёфта (сармоядорї),

3)    хољагии молии танзимшаванда (давлатї),

4)    хољагии молии наќшагї (планї), нопурра,

5)    хољагии молии байналмиллалї.

Њанўз Закариёи Розї (865-925) мутафаккири халќи тољик дар acapаш «Тибби рўњонї» нишон дода буд, ки ба туфайли пайдо шудани таќсимоти мењнат корњо ба ихтисосњо људо мешаванд ва мубодилаи мањсули мењнат ногузиру зарур шуда мемонад.

Њамин тавр, мояву сабабњои асосии пайдо шудани истењсолоти молї таќсимоти мењнат ва пойдор шудани мулки хусусї ба воситањои истењсолот мебошанд. Дар асрњои IV-XII дар мавзеъњои Осиёи Марказї њунармандї њамаљониба ривољу равнаќ ёфта, њамчун сабабгори пешрафти истењсолоти молї, ривољи тиљорати дохилию бурунмарзї хизмат мекунад. Бесабаб не ки тадќиќгарон пайдо шудани роњњои машњури тиљоратии онзамонаро, аз љумла шоњроњи тиљорати ќадимаро бо номи «роњи абрешим» муайян кардаанд. Ин роњ њамчун роњи тиљорат мамлакатњои Шарќу Ѓарбро амалан бо њамдигар пайванд намуда, њамчун воситаи ривољу равнаќи иќтисодиёт хизмат намудааст.Тадќиќгарон ба омўзиши масоили мењнати ба вуљуд оварандаи мол диќќати зиёд људо кардаанд. Дар натиљаи љустуљўињои тўлонї пажўњишгарон муайян кардаанд, ки дар пояи хислати духелаи молњо мењнати ба онњо сирфшаванда мехобад. Кашфиёти ин њолат ба Карл Маркс мансуб аст. Вай аввалин шуда нишон дода буд, ки мењнати ба мол сирфшаванда хислати духела дошта, пеш аз њама мењнати тадриљї (абстрактї — умумї) ва воќеї (конкретї) мебошад. Ин хислатњо њамчун асоси хислати духелаи мол хизмат мекунанд. Мењнати умумї арзишро ва мењнати воќеї арзиши истеъмолиро ба вуљуд меоваранд

Арзиш ва андозаву ченкунии вай њамчун яке аз муаммоњои намоёни фанни «Назарияи иќтисод» њатто дар замони кунунї дониста мешавад. Бояд њамонро људо кард, ки андозаи арзиши молњо амалан мутобиќи назарияи эътирофу ќабулшавандаи арзиш њисобу чен карда мешавад. Аммо то замони мо назарияњои сершумори арзиш ба миён оварда шудаанд. Аз ин боис масъалаи њаллу фасли андозаи арзиш њам љавобњои њархелаву гуногунеро ба миён овардааст. Мавриди љонибдори кардани назарияи арзиши мењнатї бояд андозаи арзиш мувофиќи мењнати зарурии барои истењсоли молњо масрафгардида муайян карда шавад:

Дар ин љо: Вкз- ваќти кори зарурї ё арзиши мењнатии мол.

ΣВп-ваќти масрафкардаи кормандон барои мањсулоти п,

Мм — миќдори умумии мањсулот.

Яке аз мактабњои муайянкунандаи арзиш назарияи арзиши мењнатї дониста шудааст. Њанўз мутафаккирони ќадим Афлотун ва Арасту нишон дода буданд, ки арзиши молњоро мењнат ба вуљуд меоварад. Минбаъд дар асарњои Адам Смит, Давид Рикардо назарияи арзиши мењнатї њамаљониба тадќиќу тавсиф карда мешавад. Карл Маркс њам дар ин љабња њиссагузорї карда, нишон дода буд, ки андозаи арзиши молњо бояд мувофиќи мењнати зарурии љамъиятии барои мол сарфшуда ва ё ваќти кори зарурии љамъият муайян карда шавад. Мутаасифона ин нишондодњо анљоми воќеии худро наёфта буданд. Аммо Маркс нархи истењсолро (Ни) ба таври зайл муайян мекард:

Ни=С+V+Р

Ба фикри мо њамчун хулосаи назарияи арзиши мењнатї бояд тарњи зайл пешнињод карда мешуд:

Ин љо: На — бузургии нархи арзишї,

ВКЗ — ваќти кори зарурии барои тўдаи молњо сарфшуда,

Мвп — миќдори мењнатї барои воњиди пули њаќиќї (табиї) масрафшуда,

ПТ — коэффитсиенти пешнињоду талабот.

Дигар равияи омўзиши масъалаи арзиш бо гузоришоти мактаби австриягї фарќ карда меистад. Ин мактаб дар асоси арзиш манфиатнокї ё нафъро мебинад:

Ин љо: Мн — манфиатнокї ё нафърасонї,

U 1 — нафърасонии интињої,

U — манфиатнокии аввалаи мањсулот.

Мувофиќи нишондоди назарияи интињои манфиатнокї њар як мањсулот хислати нафърасонї дошта, аммо нафърасонии мањсулоти аввалин  нисбат  ба мањсулоти  сонї баланд  буда,  баробари  афзудани миќдори мањсулот сатњи манфиатнокии вай паст шуда меравад.

Дигар назария номи «омилњои истењсолот»-ро гирифтааст. Яке аз асосгузорони ин назария Жан Батист Сэй мебошад. Мувофиќи гузоришоти нн назария андозаи арзиш бояд ба таври зайл муайян карда шавад:

Аа=М+С+Зт

Ин љо: Аа — андозаи арзиши мол мутобиќи омилњои истењсолот,

М — мењнат,

С — сармоя,

Зт — замин ё захираи табиї.

Яъне арзиш њамчун њосили љамъи даромади омилњои истењсолот бояд муайян карда шавад.

Яке аз ќонунњои иќтисодиёти бозоргонї ба шумор меравад. Баъзењо ќонуни арзишро ќонуни истењсолоти молї њисоб мекунанд. Вале дар назар доштан зарур аст, ки ќонуни арзиш натанњо ба љабњаи истењсолот мансуб аст,  балки  вай  дигар  љабњањои такрористењсоли љамъиятї,  аз љумла таќсимот, мубодила ва истеъмолотро низ дахл менамояд. Албатта, мадди назар доштан зарур аст, ки баъзе ќонунњои иќтисодї шояд нисбатан хислати мањдуд дошта, танњо баъзе љабњањо ва ё лањзаву тарафњои истењсолот ё ин ки ќисмати људогонаи онњоро дахл намуда  метавонанд. Аммо дар баробари ин ќонунњои иќтисодиеро низ мушоњида кардан имконпазир аст, ки онњо дар фаъолияту амалашон миќёси пањнотари муносибатњои иќтисодии љомиаро фаро гирифта метавонанд.

Ќонуни арзиш њам ба фикри мо ба љумлаи њамингуна ќонуни пањноиашон васеъ мансуб дониста мешавад. Нисбати мазмуну маънидоди ќонуни арзиш тадќиќгарон таи зиёда аз 2 аср омўзишу тадќиќотро ба иљро расонида меоянд. Њоло маълум шудааст, ки ќонуни арзиш таносуби мубодилаи молњову хизматњои њархеларо идора намуда, талаб мекунад, ки ин таносубњо амалан мавриди мубодилаи молњои њархелаву хизматњо риоя карда шаванд. Илова бар ин дар назари мо то андозае ин ќонун талаб дорад, ки њамчун тамоили муайян мувозинат дар байни андозаи  мењнати таљассумкардаи молњои њархела ва ифодаи арзиши онњо амалан риоя карда шавад. Яъне таносуби муайяне дар байни онњо риоя карда шавад. Илова бар ин ќонуни арзиш таносуби миќдори мењнати дар соњањои алоњида барои истењсоли мол људошударо низ муайян намояд. Амалан ин њолат натиљаи таќсимоти љомиагии истењсолоту мењнат мебошад. Аз ин сабаб ќонуни арзиш то андозае таносуби байни соњањои фаъолияти тавлидгарии неъматњову хизматњоро низ идораву танзим карда метавонад.

Дар назари мо амали ќонуни арзиш ба комёбињои ноилшуда нигоњ накарда, то њол њам пурраву њамаљониба кушода нашудааст.

Илми иќтиеодї дар рафти омўзишу тадќиќоти тўлонї муайян кардааст, ки пулњо мањсули таърихии инкишофи истењсолоти молию мубодила мебошанд.

То он мавриде, ки пулњо дар шакли замонавии мо муомилотро фаро гиранд, якчанд зинаи инкишофро аз cap гузаронидаанд. Олимон тањмин мекунанд, ки дар ибтидо мубодилаи молњо танњо бо воситаи худи мол гузаронида мешудааст. Яъне моли алоњида ба моли дигар иваз карда мешудааст. Дар замони мо онро баъзан дучор меоянд, ки (бартер) мубодилаи маснуот номида шудаанд.

Марњилаи дуюм боиси њамон мегардад, ки аз байни онњо як ё якчанд мол људо шуда, вазифаи миёнаравии мубодиларо ба худ мегиранд. Дар ин сурат моли зайл номи эквиваленти молњоро ба худ мегирад (Э). Дар oхир ба љои эквивалент молњои људогона ба таври доимї вазифаи пулро ба худ мегиранд. Ин равишро ба таври наќшагї чунин тасвир карда метавонем:

1) Моли А = моли Б (М-м)

2) Моли Э = моли М

3) Моли П = моли М

Минбаъд давраи инкишофи пулњо фаро мерасад. Дар ибтидо пулњоро аз молњои људогона, шояд махсус тањия мекарданд. Сонитар ба ин вазифа тиллову нуќра мувофиќ дониста мешаванд ва дар охир ба љои тангањои фулузин тиллову нуќрагї ва биринљию мисин пулњои ќарзї (ќоѓазї) бо номи васикањо (вексел) пойдор мешаванд.

Яке аз кашфиёти назарнамои љабњаи мазкур ќонуни муомилоти пулњо њисобида мешавад. Ин ќонунро тадќиќгарон њанўз дар асри XIX њамаљониба маънидоду аниќ карда буданд.

Инкишофи пул чор марњиларо аз cap гузаронидааст:

1) муомилоти пулњои табиї,

2) муомилоти биметаллї (серфулузї),

3) муомилоти монометаллї (яккафулузї),

4) муомилоти пулњо ќоѓазї ва майда.

Аз рўи нишондоди тадќиќгарон ќонуни муомилоти пул вазифаи муайян кардани миќдори пули барои муомилот зарурро ба иљро мерасонад (Мп).

Ин љо: ΣНм — њосилљамъи нархи молњо ё МУД,

Шг — шумораи гардиш.

Карл Маркс дар «Капитал» тарњи зеринро пешнињод кардааст:

Ин љо: П — пардохти мўњлати адояш расида,

К — молњои ба ќарз фурўхташаванда,

Мм — мубодилаи бе ширкати пулњо.

Китобњои дарсии «Экономикс» муодилаи зайлро пешнињод мекунанд:

МпхV=НхQ

Ин љо: Мп — миќдори пул дар муомилот,

V — суръати гардиши пулњо,

Н — нархи молњо,

Q — миќдори молњои барои фурўш баровардашуда.

Дар Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон аввалин бор соли 1995 моњи май пулњои миллї бо номи «рубли тољикї» интишор шуда буданд. Њамон ваќт 1 доллари ИМА = 50 рубли тољикї баробар дониста мешуд.

Мувофиќи ќарори њукумати Тољикистон аз 30 октябри соли 2000 пулњои нав бо номи «сомонї» ва «дирам» ба муомилот ворид шуда буданд. Яъне Тољикистон муомилоти пулњои миллии худро тадриљан ба роњ монд.

Читайте также:

Добавить комментарий