Баҳисобгирӣ дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон». Принсипҳои ташкили фаъолияти ҳисобгирӣ дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»

Дар вақти гузаштани таҷрибаомўзӣ ман диққати асосии худро бештар ба шуъбаи ҳисобдорӣ равона карда будам. Бонк фаолияти хешро дар асоси нақшаи ҳисобҳои 5 рақамае, ки ба ҳамаи бонкҳо муайян шудаанд равона кардааст. Нақшаи ҳисобҳои бонкҳо аз чунин қисмҳо иборат аст:

1. Активҳо   —  10000

2. Пассивҳо —  20000

3. Сармоя    —  30000

4. Даромад  —  40000

5. Хароҷот   —  50000

6. Ҳисобҳои ғайритавозунӣ — 90000

Нақшаи ҳисобҳои бонк бо як тартиби муайян буда омўхтани он барои ҳар як шахс бисёр оддӣ мебошад. Ҳар як ҳисобро аз руи рақами дар аввалаш буда  дарк мекунӣ, ки ин ҳисоб активӣ аст, ё ин ки пассивӣ. Мисол: Ҳисоби 10101 «Маблағи нақди хазина – бо асъори миллӣ» . Аз рўи рақами якуми ин ҳисоб маълум аст, ки ин ҳисоб ҳисоби активӣ аст, чунки ҳисобҳои активӣ бо рақами 1 сар мешаванд. Дигар ҳисобҳороҳам монанди ин муайян кардан мумкин ва ин барои шахсе, ки навишти дутарафа тартиб медиҳад осонӣ меорад.

Бонк яке аз сохторҳои асосии соҳаи мубодилоти воситаҳои пулист. Маҳсулоти фаъолияти бонкӣ ин хизматрасонӣ оиди ҳисоббаробаркуниҳо, нигоҳдории воситаҳои пулӣ, қарздиҳӣ, кушодани суратҳисоб бо мизоҷон ва ғайра мебошад.

Натиҷаи фаолияти бонкҳо ин ба даст овардани даромад мебошад. Дар фаолияти бонкҳо ҳисоби бухгалтерӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад, ки ба воситаи он таъмини ташакулёбии ахборот оиди воситаҳои пулӣ ва сарчашмаҳои онҳо кафолат дода мешавад.

 

Дар бонкҳои тиҷоратӣ вазифаи муҳосиб аз инҳо иборат аст:

  1. Ташкили пурра ва дастраси ахборот оиди ҷараёнҳои молиявӣ — хоҷагидорӣ  ва натиҷаҳои фаолияти бонк, ки барои фавран идоранамоӣ ва тартибдиҳии ҳисобот заруранд.
  2. Назорат аз болои мавҷудият ва ҳаракати воситаҳои пулӣ, арзишҳои моддиву ғайримоддӣ ва дигар сарчашмаҳо.
  3. Таъмини саривақтӣ ва  аниқи мизоҷони бонк ва маълумотҳо оиди вазъи молиявии ҳар як мизоҷ ва ғайра.

Ҳар як амалиёте, ки дар бонк ба вуҷуд меояд дар шўъбаи ҳисобдорӣ амалиёти бонкї (навишти дутарафа) гузаронида мешавад.

Фарз кардем барои пардохти музди меҳнати коргарон  чунин навиштҳои дутарафа тартиб дода мешаванд:

 

1. Дт – 53501 – Хароҷот оиди музди меҳнат– асъори миллӣ

Кт – 26202  — Музди меҳнат барои пардохт – асъори миллӣ

2. Дт – 26202 – Музди меҳнат барои пардохт – асъори миллӣ

Кт – 26206 – Андоз аз даромад ба пардохт– асъори миллӣ

3.  Дт – 26202 – Музди меҳнат барои пардохт – асъори миллӣ

Кт – 26210 – Фонди нафақа ба пардохт– асъори миллӣ

4. Дт – 26202 – Музди меҳнат барои пардохт – асъори миллӣ

Кт – 10101 – Маблағи нақди хазина– асъори миллӣ

Читайте также:

Добавить комментарий