БОЗОРИ ОМИЛХОИ ИСТЕХСОЛОТ. БОЗОРИ МЕХНАТ

Бозори мењнат унсури муњимтарини бозори миллї мебошад. Дар доираи он раванди хариду фурўши омили асосии истењсолоти љамъиятї — мењнат  (ќувваи  коргарї)   ба  вуљуд  меояд.   Бозори  мењнат дараљаи самаранок истифода бурдани мењнати коргари кирояро муайян мекунад.

Дар адабиёти иќтисодї мафњумњои «бозори мењнат» ва «бозори ќувваи коргарї» во мехўранд. Онњоро чун синоними якдигар мефањманд. Агарчанде мењнат — фаъолияти бошуурона, ќувваи коргарї бошад -ќобилияти ба мењнат доштаи одам аст. Пас њардуи ин калима (мењнат ва ќувваи коргарї) бо њам шабењ (якхела) нестанд, вале онњо бо њам зич алоќаманданд. Мењнат бе ќувваи коргарї вуљуд дошта наметавонад. Ќобилияти љисмонї ва фикрии инсон бошад танњо дар раванди мењнат амалї мегардад.

Чун дар аксарияти адабиёт мо низ мафњумњои «бозори мењнат» ва «бозори ќувваи коргарї»-ро њаммаъно мефањмем. Бозори мењнат ифодакунандаи таќозои кулл ва арзаи кулли ќувваи коргарї мебошад, ки дар асоси бањамтаъсиррасонии тарафайни онњо љобаљогузории ќувваи кории ањолии фаъоли иќтисодї бо назардошти фаъолияти хољагидорї дар соња ва њудуд, њолати демографї ва дараљаи ихтисоснокї таъмин карда мешавад. Дар бозори мењнат муносибатњои иќтисодии байни кордињанда ва коркунони кироя ба вуљуд меоянд, ки ба якљояшавии ќувваи коргарї бо воситањои истењсолот мусоидат мекунанд. Њамин тавр, талаботи кордињанда ба мењнат ва талаботи коркунони кироя — ба музди кор таъмин карда мешавад. Дар бозор ивазшавии шакли арзиш ба вуљуд меояд: шакли молии арзиш (мењнат) ба шакли пулии арзиш — музди кор.

Хариду фурўши ќувваи коргарї аз дигар молњо фарќ дорад. Ин љо дигаршавии молик ба вуљуд намеояд, чунки ќувваи коргарї ба ихтиёри харидор на доимї, балки ба як ваќти муайян — дар мавриди мењнат кардан мегузарад. Дар натиљаи хариду фурўши ќуввваи коргарї ба харидор (кордињанда) танњо њуќуќи истифодабарии ќобилияти ба кор доштаи коргар мегузарад. Кордињанда молики мањсулоти ба вуљуд овардаи коргари кироя мегардад.

Бозори мењнат — бозори махсус мебошад. Зеро мењнаткунанда ифодакунандаи шахсияти беназири инсон мебошад, ки на танњо ќобилияти муайян ба мењнат дорад, балки боз сифатњои бисёри дигар дорад: боиси рафтори мењнатї, таљрибаи њаётї, хусусиятњои рўњию физиологї ва ѓайрахо. Аз тарафи дигар, кордињандагон њам на танњо ба дараљаи ихтисоснокї ањамият медињанд, балки боз ба муносибати коргар ба дигарон, њунармандї, мањорати дар коллектив кор кардан, ќобилияти бозомўзї ва азнавомўзї, зудњаракатии мењнатї ва ѓайраро ба њисоб мегиранд.

Бояд ќайд намуд, ки мењнат на фаќат ќимати иќтисодї, балки боз ќимати иљтимої дорад, зеро манбаи даромад ва мавќеи одамро дар љамъият муайян мекунад.

Дар бозори мењнат нарх ва миќдори мењнат бо таносуби таќозо (аз тарафи корхона) ва арза (аз тарафи муваќќатан шуѓл намеварзидагон) муайян карда мешавад. Таќозо ба мењнат аз талабот ба мањсулоте, ки бо ин мењнат ба вуљуд оварда мешавад, вобаста аст. Дар навбати худ фирма шумораи коркунонро, ки киро кардан зарур аст, муайян карда истода бояд «нархи мењнат» (музди мењнат)-ро ба њисоб гирад. Нархи мењнат бошад аз њосилнокии интињоии он вобаста аст.

Арзиши ќувваи коргарї чун арзиши њар як моли дигар дар нархи он зоњир мегардад, ки шакли музди корро мегирад. Музди кор шакли дигаргунишудаи арзиш, ё худ нархи ќувваи коргарї мебошад. Дар илми иќтисодии њозира музди кор њамчун нархи барои мењнати истифодабурда шудаи коргари кироя пардохтаро мефањманд.

Дар назарияи иќтисодї доир ба таърифи музди кор якчанд нуќтаи назар мављуд аст. Мувофиќи таълимоти мактаби классикии иќтисоди сиёсї (А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс) дар асоси музди кор арзиши неъматњои истеъмолї ва хадамот, ки барои зистани кормандон зарур аст, гузошта шудааст. Намояндагони мактаби классикї андозаи объективие нишон медоданд, ки музди корро муайян карда метавонад.

Самти дигар дар ифодаи музди кор аќидаи иќтисодчии англис А.Маршалл мебошад. Мувофиќи нуктаи назари ў музди корро ду омил муайян мекунанд: њосилнокии интињоии мењнат ва харољот барои таљдид, таълим ва таъмини кормандон. Чен кардани њосилнокии интињоии мењнат аз он сабаб зарур аст, ки коркунон мењнати якхела намекунанд, яке нисбат ба дигаре сармањсултар кор мекунад, чунки аз љињати љисмонї яке пурќувват, њунарманд, дараљаи ихтисоснокиаш баланд нисбат ба дигаре мебошад. Ин дар он зоњир мешавад, ки кормандон андозаи гуногуни мањсулоти интињої месозанд ва барои њамин музди кори њархела мегиранд. Њарду омили нишондодашуда дар якљоягианд. Њосилнокии интињої таќозо ба мењнатро муайян мекунад, харољоти таљдид, таълим ва таъмини кормандон дар асоси арзаи мењнат нуњуфтааст. Таъсири мутаќобилаи арза ва таќозои мењнат дар бозор дараљаи музди корро муайян мекунад.

Яке аз самтњои тафсири музди кор њамчун нархи мењнат назарияи сармояи инсонї мебошад. Зери ин мафњум сармоягузорї барои пешрафти дониш, малака ва ќобилиятњои инсон фањмида мешавад, ки самаранокии мењнати вайро баланд мебардорад. Инвеститсия дар сармояи инсонї бо мурури замон аз њисоби зиёдшавии даромад љуброн карда мешавад.

Намуди муњимтарини чунин инвеститсия — харољот барои таълим, намуди дигараш — харољот барои њифзи саломатї мебошад. Дар якљоягї ин тадбирњо давомнокии фаъолияти мењнатиро зиёд намуда, њосилнокии мењнатро баланд мебардоранд. Харољот барои баланд бардоштани дараљаи ихтисоснокї њам ба фаъолияти мењнатї ва њосилнокии он таъсири мусбат мерасонад.

Назарияи сармояи инсонї эътироф мекунад, ки ќисми зиёди музди кор аз маълумот, таљриба ва машќ дар љои кор вобаста аст. Њар касе, ки барои маълумот бисёр маблаѓ гузоштааст дар давоми фаъолияти мењнатї даромади бисёр мегирад, нисбат ба оне, ки барои маълумот сармояи кам гузоштааст.

Дар шароити иќтисоди бозорї музди кор ду вазифаи асосиро иљро мекунад:

— арзиши ќувваи коргариро пурра менамояд;

— кормандро ба зиёд кардани харољоти мењнат водор месозад.

Музди кори ваќтбайъ ва корбайъ, музди кори номиналї ва реалиро аз њам фарќ мекунанд. Музди кори номиналї гуфта миќдори пулеро меноманд, ки коркунони кироя мегиранд. Музди кори реалї — маљмўи мол ва хадамоте мебошад, ки ба ин маблаѓи пулї бо ба њисоб гирифтани ќобилияти харидории он харидан мумкин аст.

Бо проблемањои мењнат, муносибатњои мењнатї, музди кор ва бозори мењнат, ки дар боло сухан рафт, масъалаи шуѓлварзии ањолї зич алоќаманд аст. Зери мафњуми шуѓлварзї тадбирњои ба фаъолияти мењнатї љалб намудани одамон ва дараљаи бо мењнат ќонеъ кунонидани талаботи онњо, таъминот бо љои кор фањмида мешавад.

Аз нуќтаи назари иќтисодї проблемаи шуѓлварзии пурра дар миќёси љамъият ба даст даровардани баробарии шумораи ањолии ќобилияти мењнатї дошта, аз як тараф ва миќдори барои он зарури љои корї, аз тарафи дигар, мебошад. Вайрон кардани ин таносуб ба барзиёдатии ќувваи коргарї ё ки бекорї оварда мерасонад.

Дар шароити њозира шуѓлварзии ањолї ба якчанд принсипњо асос ёфтааст.

1. Интихоби озодонаи бо кор таъмин будан. Дар мамлакати мо бо мењнат таъмин будани шањрвандон њуќуќи конститутсионии онњо мебошад. Мувофиќи моддаи 35-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат њаќ дорад.

2. Шуѓлварзии мањсулнок. Зери шуѓлварзї пеш аз њама фаъолияти шањрвандон фањмида мешавад, ки бо ќонеъ кунонидани талаботи шахсї ва љамъиятї алоќаманд аст ва даромади мењнатї меорад. Яке аз шартњои муњимтарини мањсулнокии ин фаъолият он мебошад, ки кор барои инсон муносиб бошад. Муносиб коре њисобида мешавад, ки мувофиќи ихтисоси корманд, њолати саломатии вай, дастрасии наќлиёти љои кор бошад.

3. Шуѓлварзии пурра. Мувофиќи Конститутсия дар мамлакати мо њуќуќ ба мењнат ва њуќуќи њимоя аз бекорї расмї шудааст.

4. Танзими ќонунии шуѓлварзї. Дар мамлакати мо нормањои њуќуќии шуѓлварзї дар Конститутсия, ќонунњо ва нормативњои њуќуќи муайян карда шудаанд. Дар ќонун оиди шуѓлварзии ањолї, асосњои њуќуќї, иќтисодї ва ташкилии асосњои сиёсати давлатї дар соњаи шуѓлварзии ањолї муайян шудаанд. Бояд ќайд намуд, ки ањолии мамлакат шартан ба ду гурўњ људо мешавад:

1)  ањолии фаъоли иќтисодї; ва

2)  ањолии ѓайрифаъоли иќтисодї.

Ба ањолии фаъоли иќтисодї њамаи шуѓлварзандагон ва бекороне, ки дар љустуљўи коранд, ба хизмати шуѓли ањолї мурољиат кардаанд ва тайёранд ба кор шурўъ кунанд, дохил мешаванд.

Бекорї — мувофиќан бо кор машѓул набудани ањолии фаъоли иќтисодї мебошад. Бекорї хусусияти ба худ хоси иќтисоди бозорї аст, ки якчанд сабабњо дорад:

1) дигаргунињои таркибї дар иќтисодиёт. Љорї карда шудани дастгоњу таљњизот ва технологияи нав ба кам кардани ќувваи коргарї оварда мерасонад;

2) пастравии иќтисодиёт, ки кордињандагонро маљбур мекунад талаботро ба њамагуна захирањо, аз љумла ба захирањои мењнатї кам кунанд;

3) сиёсати њукумат дар соњаи музди кор. Баланд бардоштани музди кори минималї харољоти истењсолотро зиёд мекунад ва бо њамин талабот ба ќувваи коргарї кам мешавад;

4) дигаргунии мавсимии дараљаи истењсолот дар соњањои алоњидаи истењсолот;

5) дигаргунї дар таркиби демографии ањолї. Аз љумла афзоиши шумораи ањолии ќобилияти кори дошта талаботро ба мењнат зиёд мекунад, ки дар натиља эњтимолияти бекорї меафзояд.

Бекорї шаклњои гуногун дорад — фриксионї, таркибї, мавсимї, даврагї, нињонї (пўшида).

Бекории фриксионї (аз англ. friction — ихтилоф, мухолифат) бо аз як љой ба љои дигар, аз як кор ба кори дигар гузаштани одамон алоќаманд аст. Сабаби чунин шакли бекорї дар он аст, ки њам одамон ва њам љои корї гуногунанд ва барои њамин то љустуљўю ёфтани љои кори нав ваќти муайяне лозим аст.

Бекории таркибї — бо таѓйирёбии технологияи истењсолот алоќаманд аст. Вай инчунин аз он вобаста аст, ки бозори мол ва хадамот мунтазам таѓйир ёфта меистад: молњои нав пайдо мешаванд, ки молњои пештараро танг карда аз бозор мебароранд. Љорї карда шудани технологияи нав ё ба аз кор рондани як ќисми ќувваи коргарї, ё ки ба азнавомўзонии њайати кормандон оварда мерасонад.

Бекории мавсимї — бо њаљми гуногуни истењсолот, ки баъзе соњањои иќтисодиёт дар даврањои гуногуни ваќт ба љо меоваранд, алоќаманд аст. Масалан, соњаи кишоварзиро гирем. Дар ин соња дар як мавсимї (мисол — давраи пахтачинї) талабот ба ќувваи коргарї меафзояд, њамзамон сафи бекорон кам мешаванд. Дар мавсимї дигар талабот ба ќувваи коргарї кам, сафи бекорон зиёд мешавад.

Бекории даврагї (сиклї) — бо таќозои кулли нокифоя ба мол ва хадамот алоќаманд аст, ки дар соњањои ин молњоро истењсолкунанда бекориро зиёд менамояд.

Бекории нињонї (пўшида), ки ба иќтисодиёти миллии мо хос аст. Дар шароити пурра истифода бурда нашудани иќтидорњои корхонањо, ки бо бўњрони иќтисодї вобаста аст, корхонањо коргаронро аз кор озод нанамуда, онњоро ба тартиботи камкунии ваќти корї (њафтаи кории нопурра, рўзи кории нопурра) мегузаронанд, ё ки ба рухсатии маљбурии бепардохт мефиристонанд. Расман чунин коркунон бекор њисоб намешаванд, аммо дар амал онњо бекоранд.

Дараљаи бекорї дар мамлакат, чун ќоида, њамчун њиссаи шумораи расман бекорон бо фоиз нисбат ба ањолии фаъоли иќтисодї муайян карда мешавад. Мувофиќи маълумоти расмии оморї дар Тољикистон соли 2000 шумораи ањолии мамлакат 6127,5 њазорро ташкил дод. Захирањои мењнатї — 3186 њазор, ањолии фаъоли иќтисодї — 1794 њазор, ањолии машѓули кор буда — 1745 њазор, бекорони расман эътирофшуда — 49 њазор буданд. Дараљаи бекорї ба 2,7 фоиз баробар буд.

Читайте также:

Добавить комментарий