Вазифахои асоси ва максади бонки тичорати

Вазифахое, ки бонки тичорати ичро менамояд, бо сатхи тараккиёти иктисодиёти мамлакат ва муносибатхои бозори алокаманданд. Бинобар ин, вобаста ба сатхи муносибатхои бозори, бонк метавонад дар назди худ вазифахои зиёдеро гузорад. Баъзе аз вазифахои асосии бонкро ба таври зерин шарх додан мумкин аст.

Яке аз вазифахои бонк миёнарави байни фурушандагон ва харидорон буда, вай дар додани карз низ накши миёнаравиро ичро менамояд. Миёнарави барои додани карз дар аз навтаксимсозии маблагхои пулии муваккатан озодмондаи корхонахо ва ахоли ифода меёбад. Додани карз дар муздноки будани он, баргардонидан ва таъмини модди доштани он асос меёбад, вакте ки бонк ин вазифаи худро ичро менамояд, ба субъектхои хочагидорие, ки ба маблагхои пули зарурат пайдо мекунанд, талаботи онхоро конеъ мекунонад. Гирандаи карз бошад бо ин пул маводи заруриро харидори намуда, фаъолияти хешро идома медихад ва аз фуруши махсулот даромад гирифта, фоида ба даст меорад. Аз даромадаш маблаги карзи гирифтаашро бо фоизаш баргардонида фаъолияташро давом медихад.

Бонк бо ин амали худ боиси ривоч ёфтани иктисоди бозори мегардад. Бояд тазаккур дод, ки бонк дар вакти додани карз фаъолияти карзгирандаро хаматарафа меомузад ва хатари барнагаштани карзро пешгири менамояд.

Маблагхои пули дар чамъият метавонанд бе иштироки бонкхо низ чо ба чо гузошта шаванд, яъне корхонахо байни худ додугирифт намоянд. Аммо дар ин холат хатари барнагаштани ин маблагхои пули зиёд мешавад, зеро имкон дорад корхонаи карздиханда аз пардохтпазирии корхонаи кдрзгиранда хабар надошта бошад. Агар маблагхои муваккатан озодмондаи як ё якчанд корхона бо воситаи бонк ба карз дода шавад, бонк пеш аз хама фаъолияти молиявии корхонаи карзгирандаро хаматарафа меомузад, баъд масъалаи додани карзро хал менамояд.

Вазифаи дигари бонки тичорати — ин хавасмандгардонии субъекти хочагидори ва ахоли барои дар бонкхо нигох доштани маблагхои пули башумор меравад. Дар шароити иктисоди бозори инкишоф додани сохахои хочагии халк, бояд пеш аз хама на аз хисоби маблаггузорихои хоричи, балки аз хисоби маблагхои дохили ба рох монда шавад. Бинобар ин, бонкхои тичоратиро на танхо ба ифтитохи суратхисоб ва хисобхои чори ва дар онхо нигох доштани маблагхои муваккатан озодмонда, балки зиёд шудани муштариён хавасманд мегардонад. Ин чорабини дар натичаи дуруст ба рох мондани сиёсати амонатии бонки тичорати татбик мегардад. Бонки тичорати бояд дар сиёсати худ барои зиёдтар чалб намудани амонату пасандозхо фоизи онхоро зиёд намояд. Дар шароити хозира корхонахо ва ахоли сатхи таваррумро мушохида намуда, рафти истифодаи маблагхои пулиашонро муайян месозанд. Аз ин ру агар фоизе, ки аз амонатхо ва пасандозхо ба даст меоранд нисбат ба сатхи таваррум зиёд бошад, албатта пули худро дар бонкхо нигох медоранд.

Кобили тазаккур аст, ки зиёд кардани фоизи амонатхою пасандозхо холо гарави он шуда наметавонад, ки хачми амонат ва пасандозхо зиёд шавад. Ба гайр аз фоиз боз бонкхо гарави дар вакташ баргардонидани амонат ва пасандозхоро бояд дода тавонанд.

Дар шароити имруза ягона гарави баргардонидани амонат ва пасандозхо дар холати бад шудани вазъи молиявии бонки тичорати, ин захирахои хатмии онхо дар Бонки миллии Точикистон ба хисоб меравад. Бонкхо бояд ташкилоти сугуртавии амонат ва пасандозхоро ташкил кунанд. Мавчудияти ин гуна ташкилот дорандагони маблагхои пулиро бе шубха хавасманд менамояд, ки пулхои муваккатан озоди худро дар бонкхо нигох доранд. Хамин тарик, бонкхо дар натичаи чалб намудани амонат ва пасандозхо фонди инвеститсионии мамлакатро афзун гардонида имконияти инвеститсионии дохилиро барои рушди иктисодиёт ва истифодаи самараноки он таъмин менамоянд.

Вазифаи сеюми бонкхои тичорати – миёнарави байни субъектхои чудогонаи хочагидорист, ки дар шароити иктисоди бозори маънои навро ба худ мегирад. Дар даврае, ки моликияти чамъиятии инхисори (монополияи) давлати вучуд дошт тамоми хисоббаробарихо байни субъектхои хочагидори асосан тавассути бонки давлати сурат мегирифт ва хатари бонки аз ин амалиёт кариб вучуд надошт ва дар холати мавчудият хам бисёр ночиз буд. Зеро шаклхои пардохт аз тарафи бонки давлати муайян карда мешуд ва истифодаи дурусти онхо барои хамаи субъектхои хочагидорию бонкхо хатми буданд. Акнун дар холате, ки бонкхо мустакил фаъолият мекунанд ва хисоббаробаркуни байни бонкхои мустакил анчом дода мешавад, дар ин амалиёт хатари бонки ба миён меояд. Дар ин шароит чавобгарии бонкхои тичорати барои ичро намудани супориши муштариён хеле зиёд гардид.

Дар тамоми мамлакатхое, киба иктисоди бозори гузаштаанд ва гузашта истодаанд, дар бехтар намудан ва ривоч ёфтани пардохтхои пулии бе истифодаи пули накд байни субъектхои хочагидори, бонкхои тичорати накши мухимро мебозанд ва бонкхо ухдадоранд, самаранокии ин пардохтхоро таъмин намоянд.

Бонкхои тичоратие, ки барои фаъолияти бонки ичозатнома доранд, хукук доранд когазхои киматнок нашр кунанд ва фурушанд, когазхои киматноки дигаронро харидори намоянд ё барои нигохдори бигиранд ва гайра.

Бонкхои тичорати метавонанд ба муштариёни худ дар бораи барориши когазхои киматнок маслихатхои музднок бидиханд ва аз номи муштариён ин когазхои киматнокро дар бозор фурушанд. Бонкхо метавонанд маблагхои худро низ барои харидани когазхои киматнок истифода намуда, даромад ба даст оваранд.

Омухтан ва арзёби намудани имкониятхои бонки шароит фарохам меорад, ки барои бехтар намудани фаъолияти бонки чорахои зарури андешида шавад, яъне барномаи дурнамои бонк ва фаъолияти он дар шароити иктисоди бозори ва барномаи идорасозии он тартиб дода шавад.

Тахлили имкониятхои хизматрасонии бонки бояд аз нуктаи назари шароити дохилии бонк ва берунии он (мухити атроф) огоз ёбад. Шароити беруни хеле васеъ буда, бо самти сиёсати хочагидории давлат, чорахои танзими иктисодиёт, инчунин бо накшаи назоратии Бонки милли (маркази) вобастагии зиёд дорад.

Тахлили шароити дохилии бонк аз арзёбии фаъолияти молиявию иктисоди, тахлили фехристи хизматрасони, таъмин будан бо техникаи хозиразамон, сатхи дониши кормандон ва дигар тарафхои фаъолияти бонк огоз гардида, баъдан барномаи стратегии бонк тартиб дода мешавад.

Тахлили шароити берунии бонк аз омухтани талабот ба хизмати бонки огоз меёбад. Талабот-эхтиёчоти чамъиятро ба худ тачассум менамояд, ки аз талаботи истехсоли ва истеъмоли иборат аст. Ба талабот омилхои зиёди дорои хусусияти сиёси, иктисоди, техники ва гайра таъсир мерасонад. Мохиятан мафхуми талабот бо чунин саволхо вобастаги дорад: «Барои чамъият хамин навъи хизматрасонии бонк зарур аст ё не?»,  «Ба кадом андоза ба ин навъи хизмат талабот вучуд дорад?» ва гайра.

Барои бонк донистани талабот барои навъи хизмат холо нокифоя аст, вай бояд талаботи пардохтпазириро донад, яъне талаботе, ки таъминоти пули ва гаравии карзро дорад, инчунин муштариёнеро, ки хохиши бо онхо муносибат кардан дорад, хаматарафа омузад.

Чараёни омухтани талабот ба хизмати бонки аз ду омили асоси иборат аст:

1.Омухтани сатхи талаботи чори;

         2.Ояндабинии талабот.

Омухтани сатхи талаботи чори, санчидани самти умумии эхтиёчоти муштариёни худи бонкро дар бар мегирад. Дар ин чараёни кор бояд хамон хизматхои бонкие омухта шаванд, ки ба онхо эхтиёчоти муштариён зиёдтаранд.

Барои ояндабинии талабот ба хизмати бонки, бояд самтхо ва равиши талабот ба хизмати бонки дар бозори амалкунандаи ин хизматхо хаматарафа омухта, хамаи омилхои ба онхо таъсиркунандаро барраси намуда, сатхи таъмини ин талаботро муайян кардан зарур аст.

Ба таври умуми ба холати талабот омилхои зерин таъсир мерасонанд:

а) омилхои хусусияти сиёсидошта (кабули конун ва хуччатхои меъёрии нав, дастурхо ва гайра);

б) омилхои иктисоди (тагйирёбии сатхи истехсолот, пардохтпазирии муштариён):

в) омилхои пешрафти илмию техники;

г) тагйирёбии нархи хизмати бонки:

д) пайдоиш ва ривоч ёфтани ракобат аз тарафи дигар ташкилотхои карзии гайрибонки ва хоказо.

Хамин тарик, омухтани талабот ба хизмати бонки дар назди кормандони бонк масъала мегузорад, ки эхтиёчоти муштариён ба хизмати бонки хаматарафа тахлил карда шуда, имконияти бонк барои дар бозор фаъолият намудан ва максади бонк муайян карда шавад. Хамаи ин кор талаб менамояд, ки фаъолияти ояндаи бонк барномарези карда шавад.

Читайте также:

Добавить комментарий