Воситахои хусусии бонк

Захирахои карзии дар натичаи амалиёти пассиви ба вучудомадаи бонк, дар тарафи пассиви тавозуни (баланси) он дарч мегарданд. Захирахои бонк аз инхо иборатанд: воситахои хусусии бонк, воситахои карзй ва воситахои чалбшуда. Дар мачмуъ бонк ин захирахоро ба воситаи амалиёти активии худ истифода намуда, даромад ба даст меоварад. Амалиёти активи ва пассивии бонк бо хамдигар алокамандии зич доранд. Амалиёти активии бонк ба таркиб ва хусусияти тарафи пассиви тавозуни (баланси) бонк вобастааст, зеро аз таркиби пассиви тавозуни он имконияти гузаронидани амалиёти активи вобастагии зиёд дорад ва бонк сиёсати карзии худро мутобики он тартиб медихад ва амали мегардонад.

Сарчашмаи асосии бунёди захирахои бонки амонат ва пасандози муштариёни бонк ба шумор меравад. Аммо барои ин ки муштариён ба бонк бовари дошта бошанд, бонк бояд дорои воситахои хусуси бошад ва муштариён донанд, ки дар вактхои зарури талаботашонро бонк конеъ карда метавонад.

Ба воситахои хусусии бонк инхо дохил мешаванд: фонди оинномави, фонди захира, фондхои дигар, ки аз хисоби фоидаи бонк ташкил мегарданд ва фоидаи дар давоми сел хануз таксимнашуда.

Фонди (сармояи) оинномавии бонк — пойгохи асосии фаъолияти бонк аст. Бобаста ба шакли таъсиси бонк, сармояи оинномавии он бо якчанд рох ташкил карда мешавад. Агар бонк хамчун чамъияти сахоми созмон дода шавад, сармояи оинномавии он баробари маблаги сахмияхои баровардашуда буда, сахмияхо ба таври озод фурухта мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти сахомии озод созмон дода шуда бошад) ва сахмияхо байни сахмдорон мувофики маблаги сахми хар яки онхо таксим карда мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти сахоми бо фаъолияти махдуд таъсис дода шуда бошад).

Дар Чумхурии Точикистон, мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бонкхо ва фаъолияти бонки» бонкхо дар шакли чамъияти сахомии махдуд бе хукуки баровардани сахмияхои беном таъсис дода мешаванд. Ба чамъияти сахомии номахдуд табдил додани бонк ба шарте мумкин аст, ки агар бонк аз лахзаи барои ичрои амалиёти бонки гирифтани ичозатномаи Бонки миллии Точикистон, дар тули як соли таквими пайваста безиён фаъолият намояд ва меъёрхою дигар коидаю андозахои хатмии мукарраркардаи Бонки миллии Точикистонро риоя созад.

Новобаста ба шакли ташкилию хукукии таъсис додани бонк, сармояи оинномавии он пурра аз хисоби шахсони хукукию вокеие, ки бонкро созмон медиханд, ташкил карда мешавад. Ташкили сармояи оинномавии бонк аз хисоби карзи бонки ба кулли манъ карда шудааст ва номумкин аст. Инчунин ба ин максад маблагхои бучетиро низ истифода кардан мумкин нест.

Вобаста ба шакли созмондихии бонк сармояи оинномавии он зиёд мешавад. Бонки тичоратие, ки чун чамъияти сахоми созмон дода шудааст, барои зиёд намудани сармояи оинномавиаш метавонад сахмияхои иловаги нашр намуда, ба шахсони хукуки ва вокеи фурушад.

Барои бонкхои навтаъсисшаванда, аз тарафи Бонки миллии Точикистон меъёри хадди акалли сармояи оинномави дар рузи бакайдгирии онхо муайян карда мешавад.

Бонкхое, ки бо иштироки сармояи хоричи таъсис дода мешаванд, сармояи оинномавиашон кисман бо асъори хоричи ташкил карда мешавад. Шарт, коида ва хиссаи сармояи хоричи дар таъсиси бонкхои тичоратиро Бонки миллии Точикистон бо розигии Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Фонда захираи бонки тичорати барои чуброни зарар аз амалиёти активи, додани фоизхо ва дивиденд аз руи сахмияхои имтиёзнок дар холатхои нокифоя будани даромад ва дигар максадхо истифода мегарданд. Ин фонд аз хисоби фоидаи солонаи бонк баъд аз пардохти андоз ташкил карда мешавад.

Гайр аз ин фонд, бонкхои тичорати аз фоидаи худ боз фондхо барои таъминоти ичтимои ва тараккиёти истехсолот ташкил мекунанд.

Кисми асосии воситахои хусусии бонки тичорати ин фонди бима (сугурта) аст. Ин фонд асосан барои химояи манфиати муштариён, сари вакт баргардонидани амонат ва пасандозхо ташкил карда мешавад.

Вазифаи асосии воситахои хусусии бонки тичорати таъмини ухдадорихои бонк дар назди муштариён аст. Дар тачрибаи кори бонки воситахои хусуси накши воситахои захиравиро ичро карда, пардохтпазирии бонкро таъмин менамоянд.

Читайте также:

Добавить комментарий