Воситахон пулии чалбшаванда

а) амалиёти амонати ва пасандози.

Хусусияти хоси муассисаи боиси он аст, ки хамчун як корхонаи тичорати, кисми асосии захирахои карзии вай аз хисоби маблагхои чалбшуда ташкил мегарданд. Воситахои пулие, ки бонкхо чалб менамоянд таркиби хархела доранд. Шакли асосии онхо амонатхои субъектхои хочагидорианд, ки дар натичаи ба шахсони хукуки хизмат расонидан ба вучуд меоянд; карзхое, ки аз дигар муасиссахо мегиранд, инчунин карзи Бонки милли (маркази) мебошанд.

Амонат — муносибати иктисодиест, ки муштари пули худашро ба бонк барои истифодаи муваккати медихад.

Бонк аз руи амонатхои кабулкардааш фоиз дода, онхоро дар навбати худ барои додани карз истифода мекунад, бинобар ин, амонат хам барои муштари ва хам барои бонк муфид аст. Фарк, байни фоизе, ки бонк аз карзхои додааш мегирад ва фоизе, ки ба муштари аз руи амонат медихад, даромади бонкро ташкил мекунад. Чиддучахди бонк барои афзоиши амонат ба он равона карда мешавад, ки захираи карзии худро зиёд кунад.

Коидаи асоси ва мухими бонк ин аст, ки мухлати пас талаб кардани амонатхо ва дигар маблагхои чалбшуда бояд бо мухлати карзхои ба муштариён додашуда баробар бошад, то ки дар холати зарури талаботи муштариёнро конеъ карда тавонад. Мувофики ин коида бонк маблагхои дар хисоби чории муштариён бударо чун захираи карзи истифода бурда наметавонад, зеро муштариён ин маблагхоро дар вактхои барояшон зарури истифода мебаранд. Илова бар ин, дар давоми сол кисми ин маблагхо дар суратхисоб ва хисобхои чории муштариён боки мемонанд, гайр аз ин, аксарияти амалиёти пардохти ба таври гайринакди сурат мегирад, аз ин хотир аз руи баъзе хисобхои тахмини бакияи доимии хисобхои чори ва суратхисобхоро муйян кардан мумкин аст. Барои муайян кардани бакияи маблагхо дар суратхисоб ва хисобхои чории муштариён аз формулаи зерин истифода менамоем.

Бмс

БМ =               ,

            Гкдс

ки дар ин чо:

БМ — бакияи маблагхое, ки дар давоми сол дар суратхисоб ё хисоби чории муштари мавчуданд ва ба сифати захираи карзи истифода кардани онхо мумкин аст;

Бмс — бакияи миёнаи солонаи маблагхо дар суратхисоб ё хисоби чории муштари;

Гкдс — гардиши кредитии (К-т) суратхисоб ё хисоби чории муштари дар давоми сол.

Агар муайян гардад, ки маблаги муайяне дар ин хисобхо доими мемонад, пас бонк метавонад кисми ин маблагхоро чун сарчашмаи карз истифода кунад, инчунин муштариён метавонанд онхоро ба бонк муваккатан амонат монанд ва аз онхо даромад гиранд.

Хисобхои амонати мувофики хусусият ба якчанд хел чудо мешаванд, масалан аз руи сарчашмаи пайдоиш, максадноки, дарачаи даромадноки ва гайра.

Аз руи меъёр ва хусусият хисобхои амонати таксим мешаванд ба:

— хисобхои амонатии шахсони хукуки (корхона, ташкилот, ширкат ва гайра);

— хисобхои амонатии шахсони вокеи.

Аз руи шакли пас гирифтанашон таксим мешаванд ба:

-бемухлат (амонатхое, ки мухлати муайян надоранд);

-мухлатдор (амонатхое, ки мухлати муайян доранд).

Амонатхои бемухлат маблагхои пулие хастанд, ки сохибонашон бе огохии бонк дар кадом мавриде, ки барояшон зарур аст онхоро аз бонк талаб менамоянд. Амонатхои бемухлат иборатанд аз маблагхои пули дар суратхисобхо, хисобхои чори, бучети ва дигар хисобхо. Ин хисобхо ба муштариён барои он лозиманд, ки дар вакти харидани мол ё додани хакки хизмати расонидашуда дархол пулашро бипардозанд, маблаги заруриро барои додани музду маош бигиранд ва гайра.

Бояд гуфт, ки аз нуктаи назари идора кардани пардохтиазирии бонк, барои бонк аз тарафи муштариён кушодани хисобхои чори, хисобхои тамвили (финансирование) сармоягузорихо, хисобхои таъиноти махсус муфид аст, зеро харакати маблаг аз ин хисобхо (мухлати пардохт ва дохил шудани маблагхо) имкон дорад барои бонк пешаки муайян гардад. Илова бар ин, сохибони хисобхои чори ва бучети аз бонк карз намегиранд ва бонк метавонад маблагхои дар хисоби онхо бударо чун сарчашмаи карзи кутохмуддат истифода намояд.

Дар баъзе бонкхо хиссаи амонатхои бемухлат дар таркиби амонатхо хеле калон аст. Чун коида ин хел амонатхо барои бонк сарчашмаи карзии арзонанд, зеро аз руи ин амонатхо бонк фоизи ночиз медихад ва баъзан мумкин аст фоиз хам надихад. Аммо мавчудияти ин амонатхо бонкхоро водор месозанд, ки доимо захирахои пули дошта бошанд, зеро сохибони ин амонатхо хар вакте ки хоханд аз бонк гирифтани маблагхоро талаб менамоянд ва дар ин холатхо бонк бояд талаби онхоро конеъ карда тавонад.

Тавре ки дар боло гуфта шуд пасандозхое, ки ахоли дар бонкхо мегузорад низ ба ду навь таксим мешаванд, яъне пасандози мухлатдор ва бемухлат.

Пасандози мухлатдор — пасандозе мебошад, ки бонк онро ба як мухлати муайян аз муштари кабул менамояд. Барои дар бонк гузоштани ин пасандоз муштари бо бонк шартнома мебандад. Дар шартнома маблаг, мухлати пасандоз, фоизе, ки бонк медихад ва дигар шартхо дарч мегарданд. Ин пасандозхо ба мухлатхои то 3 мох, 6 мох, 9 мох, 12 мох ва зиёда аз 12 мох дар бонк гузошта мешаванд. Ин гуна пасандозхо хам барон бонк ва хам барои муштари муфиданд. Бонк метавонад маблаги ин пасандозро дар мухлатхои муайяншуда карз дихад ва муштари дар ин мухлат фоизи муайяншударо бигирад, Муштари метавонад фоизи пасандозашро хар мох ва ё баъд аз тамом шудани мухлати он гирад. Хусусияти хоси ин пасандоз дар он аст, ки маблаг ва мухлати он бояд тагйир наёбад, агар муштари пеш аз мухлат пасандозашро гирифтани шавад, дар вакти додани маблаги пасандоз бонк фоизхои пеш додаашро баргардонида мегирад. Бинобар ин, муштариён аксаран пасандози худро баъди ба охир расидани мухлати он аз бонк мегиранд ё дубора шартнома мебанданд ва ё мухлати шартномаро дароз мекунанд.

Меъёри фоизие, ки бонк аз руи ин пасандозхо медихад ба хачми маблаги пасандоз ва мухлати он вобастаги дорад, яъне агар маблаг ва мухлати пасандоз зиёд бошад, бонк фоизи зиёдтар медихад. Бинобар ин, одамоне, ки маблагхои пулии изофи доранд ин шакли пасандозро интихоб мекунанд.

Дар фаъолияти бонкхо боз дигар навъи пасандоз, амонатхо ва дигар амалиётхо низ хастанд, ки ба воситаи онхо маблагхои пули чалб карда мешаванд.

б) карзхои байнибонки — бонкхои тичорати метавонанд захирахои карзии худро аз хисоби дигар бонкхо зиёд кунанд. Бонкхое, ки захирахои доимии пулии зиёдати доранд метавонанд онхоро ба дигар бонкхо фурушанд, зеро пас гирифтани онхо нисбат ба карзе, ки ба хочагихо медиханд осонтар аст. Холо хариду фуруши ин захирахо вучуд дорад, аммо номуташаккил аст. Бинобар ин бо Карори Мачлиси Олии Чумхурии Тоникистон «Оид ба самтхои асосии сиёсати пулию карзи ва асъории Чумхурии Точикистон дар соли 2000-ум», Бонки миллии Точикистон ухдадор карда шудааст, ки чорабинихои заруриро чихати ташкили бозори байнибонки биандешад. Илова бар ин, байни бонкхо боз дигар алокахои хамкори баркарор кардан мумкин аст.

Мухлати карзхои байнибонки гуногун аст. Дар тачрибаи байналхалки ин мухлат аз як руз то 6 мох аст. Бо вучуди ин, фоизи карзи байнибонкй аз фоизе, ки ба корхонахо медиханд камтар аст. Сабаби асосии карз гирифтани як бонк аз бонки дигар дар он аст, ки бонки карзгиранда онро барои конеъ намудани талаботи муштариёни худ мегирад ва бо ин рох маблаггузории карзии худро зиёд мекунад. Дар вакти доду ситади ин карз байни бонки карздиханда ва бонки карзгиранда шартнома баста мешавад ва дар шартнома тамоми коидахои доду ситади карз чой дода мешавад. Дар шартномаи карзии байнибонки хатман мухлати баргардонидани карз нишон дода мешавад ва дар баъзе маврид бонки карздиханда бандеро илова мекунад, ки мувофики он вай метавонад дар вактхои зарури, яъне хангоми бад шудани вазъи молиявиаш, карзи додаашро то ба охир расидани мухлати он ситонад.

Мувофики шартнома бонки карзгиранда бояд хар мох фоизи карзро ба бонки карздиханда аз хисоби худ интикол дихад. Дар холати сари вакт надодани фоизи карз, бонки карздиханда хак дорад аз хисоби муросилотии (корреспондентии) бонки карзгиранда ба таври мачбури онро ситонад.

Дар мамлакатхои мутаракки бозори карзии байнибонки вучуд дорад ва доду ситади захирахои карзии байнибонки тавассути ин бозор сурат мегирад. Дар ин бозор музоядаи карзи ташкил карда мешавад ва хар бонки харидор карзро бо шарту шароити ба худаш созгор харида мегирад.

в) карзи Бонки милли (маркази) — Бонки милли (маркази) сиёсати пулию карзиро дар амал татбик намуда, хачми пули дар муомилотбуда ва карзхоеро, ки бонкхои тичорати ба иктисодиёт медиханд, танзим менамояд. Ин бонк сиёсати карзии мамалакатро дар иктисодиёт амали намуда, нисбати фаъолияти бонкхои тичорати кушиш ба он равона мекунад, ки захирахои карзии онхоро зиёд ё кам кунад. Барои ин амал сатхи фоиз ва хиссаи захирахои хатмии бонкхои тичоратиро истифода менамояд. Истифодаи усулхои танзими Бонки милли (маркази) ба дарачаи тараккиёти муносибатхои бозори дар мамлакат вобастаги дорад.

Дар рафти танзими фаъолияти бонкхои тичорати ба бонкхое, ки барои додани карз ба муштариён захирахои зарури надоранд, Бонки маркази (милли) ба онхо аз захирахои мутамаркизи худ карз медихад, то ки онхо зхтиёчоти муштариёнро ба маблагхои иловаги таъмин карда тавонанд. Бонки милли (маркази) аз руи карзхои ба бонкхои тичорати додааш фоиз мегирад.

Сатхи фоизи карзхои Бонки миллии Точикистон баъди ба муомилот баровардани рубли точики чунин буд. Агар сатхи фоизро то 1 июни соли 1995 баробар ба 100 гирем, пас аз 1 июн то таърихи 1 сентябр -120, аз 1 сентябри с. 1995 то 1 марта с. 1996 — 250, аз 1 марта с. 1996 то 12 июни соли 1996 — 120 фоиз буда, баъдан бо поён рафтани сатхи таваррум (инфлятсия) паст фароварда шуд. Баъдан фуруши карзхои мутамаркиз тавассути музояда (ауксион) аз 19 декабри соли 1997 ба рох монда шуд, ки фоизи карз вобаста ба талабот ва пешниходот муайян карда мешавад. Барои мисол гуфтан мумкин аст, ки сатхи фоизи музояда дар таърихи 6 октябри соли 1998 — 41,0 фоизро ташкил дода дар давоми сол тагйир меёфт. Дар соли 2000-ум боз хам меъёри ин фоиз кам шуда аз таърихи 7 то 27 январи соли 2000-ум 14,3 фоизро ташкил дод.

Хусусияти хоси карзхоеро, ки бонкхои тичорати аз Бонки миллии Точикистон мегиранд, аз тарафи Бонки милли маржа (маржа — фоизи иловагиест, ки бонкхои тичорати дар вакти додани карз аз муштариён мегиранд) муайян мекунад. Бонкхои тичорати хукук надоранд ба болои фоизи карзи гирифтаашон аз маржаи муайяншуда зиёдтар фоиз монанд.

г) нашр ва фуруши когазхон кнматнок — бонкхои сахомию тичорати барои зиёд намудани сармояи оинномавии худ метавонанд когазхои киматнокро нашр карда ба фуруш бароранд, зеро яке аз сарчашмахои зиёд кардани сармояи бонк ин нашр ва фуруши когазхои киматнок аст. Бонкхои сахомию тичорати ду шакли когазхои киматнокро (сахмияхоро) нашр карда мефурушанд: сахмияхои одди ва сахмияхои имтиёзнок. Ба гайр аз сахмияхо бонкхо метавонанд боз дигар когазхои киматнок низ нашр карда ба фуруш бароранд. Аммо дар шароити имруза бонкхои тичоратии кшпварамон аз ин амал истифода намекунанд. Дар фаъолияти бонкхои мамлакатхои Гарб ин шакли фаъолият тавсеа ёфтааст, зеро дар он кишвархо бозори когазхои киматнок хеле таракки намудааст.

Читайте также:

Добавить комментарий