Информатика ва техналогияхои информатсиони хамчун илм.

Истилоњи «информатсия» яке аз категорияњои умуиилмї буда, аз калимаи лотинии informatio гирифта шудааст. Инсон доимо бо информатсия сару кор дошта, дар тамоми фаъолияташ истифода мебарад. Вай барои кабули информатсия намудњои гуногуни њиссиёташ – гўш, бинї, чашм, забон ва дасту пойро истифода мебарад.

Истилоњи информатсия яке аз мафњумњои фундаменталии информатикаро ифода карда, таърифи аниќи илми надорад. Чуни н истилоњњо дар математика њам, ба монанди нуќта, маљмўъ вуљуд доранд. Дар ин маврид истилоњњоро бо ёрии мафњумњо ифада мекунанд.Дар зери истилоњи информатсия хабар, маълумот, ахборотро фањмидан мумкин аст. Дар илму техника информатсия гуфта маълумотеро фањмидан лозим аст, ки вайро ташкил додан, интиќол додан, нигоњ доштан, коркард кардан мумкин аст.

Истилоњи «информатика» дар ибтидои солњои 60 – уми асри XX дар Фаронса пайдо шуда, аз якљоякунии ду калима «информатсия» ва «автоматика» њосил шуда аст. Аз калимаи якум инфор ва дуюм матика гирифта шудааст.

Информатика илме, ки масъалањои ба љустуљў, љамъкунї, нигоњдорї, табдилдињї ва истифодаи информатсия алоќамандро дар доираи гунигуни фаъолияти инсонї меомўзад.

Дар Англия ва ИМА фанни информатикаро илмї компютерї меноманд.

Асоси назариявии информатикаро илмњои фундаменталї, аз ќабили математика ва кибернетика ташкил медињад. Ядрои информатикаро техналогияњои информатсионї њамчун маљмўи воситањоим техникї ва программавии конкретї, ки бо ёрии онњо амалњои гуногуншаклро бо коркарди информатсия дар тамоми доираи фаъолият иљро мекунем, ташкил медињанд.

Калимаи «техналогия» дар луѓати юноноёни ќадим вомехўрад, ки тарљумааш «мањорат» , «саънати тайёркунии чизњо» аст.

Техналогияи соњаи моддї гуфта протсессорро меноманд, ки бо маљмўи восита ва методњои коркард, тайёркунї, таѓйирёбии холат, хосиятњо, шакли захирањо ё масолењ муайян карда мешавад. Дар замони мо инсонят аз сари худ инќилоби илмї – техникї, ки асосашро техникаи компютерї ташкил медињад, мегузаронад. Дар базаи ин техника намуди нави  техналогияњои информатсионї пайдо шуда аст.  Ба онњо просессњое мансубанд, ки коркард ва мањсулоташон информатсия мебошанд.Техналогияи информатсионї – ин протсессест, ки маљмўи  восита ва тарзхи љамъбаст,  коркард ва интиќоли информатсияи аввалинро барои њосилкунии информатсияи сифатан нав дар бораи њолати объект, просесесс ё зуњуроти мањсулоти информатсионї истифода мебарад.

Маќсади техналогияњои информатсионї истилоњи информатсия барои тањлили инсон ва дар асоси он ќабул кардани њал барои иљрои ягон амал мебошад. Дар замони њозира техналогияњои информатсионї якчанд даврањои инкишофро аз сар гузаронидананд, ки њар яке аз гузариш асосан бо инкишофи прогрессии илмї – техникї, пайдошавии воситаи нави техники коркарди информатсия муайян карда мешавад.Ба мафњуми техналогияњои информатсионии нав техналогияњои камуникатсионї низ дохил мешавад, ки интиќоли информатсияро бо воситањои гуногун – телефон, телеграф, телекамуникатсия, факс ва ѓайра таъмин мекунад. Сифати «компютерї» мефањмонад, ки истифодаи воситаи техникии асоси он компютер ба шумор меравад.

Ченаки миќдори иттилоотї.

Эњтиёљоти  миќдори  ченкунии  иттилоотњо   дар просесси  коркарди компютер ва  хатњои алоќа бо муайянкунии эњтимолї – омории миќдори иттилоотњо оварда расонд. Соли 1948 К. Шеннон дар кори «Назарияи математикаи алоќа»  истилоњи  математикии  миќдори  иттилоотро  дохил  карда ва бо ин ба ибтидои назарияи иттилоот њамчун фанни техникї ва математикї сањм гузошт.

Миќдори иттилоот, мувофиќи  назарияи  К.  Шеннон, аз рўи формулаи зерин муаїян карда мешавад.

Дар ин љо n-миќдори њодисањои имконпазир: P-эњтимолиятњои њодисањои алоњида:  ба сифати асоси логарифт одатан адади дуро мегирад.

Ба њамин тариќ, эътирофи маљмўи њодисањое, ки њар яке аз онњо бо  эњтимолияти муаїян ба вуќўъомаданашон мумкин аст, якеаш дар њаќиќат ба вуќўъ омада, номуаїяниро ба сифр меорад. Ин имконият медињад, ки бузургии Н њамчун ченаки миќдори иттилоотњо дида шавад.

Барои њолати хусусї, ваќте,  ки њодисањо бо эњтимолиятњои якхела   ба вуќўъ меоянд, бузургии Н ќимати максималиро ќабул мекунад:

Дар асоси ин формула воњиди ченкунии  миќдори  иттилоотњо -1 битљорї карда мешавад, яъне 1 бит миќдори минималии иттилоотњо буда, нишон медињад, ки яке аз ду њодисаи эњтимолияташон якхела ба вуќўъ омадааст:

 

H=

 

Бит аз ибораи англисии Binary digiT  гирифта шудааст.

Љорикунии мафњуми миќдори иттилоотњо ва воњиди ченкунии  онро ба мисоли  зерин шарњ медињем. Дар ваќти партофтани танга ду њодисаи эњтимолияташон якхела руи доданашон мумкин аст: пешаш ё шушташ. Иттилоот дар барои он ки яке аз њодисањо, масалан, пешаш, рух додаст, номуаїяниро ду маротиба  кам мекунад ва барои  1 бит иттилоот аст. Умуман, як бит иттилоотро њамчун иттилооте, ки номуаяниро ду маротиба кам мекунад, дида баромадан мумкин аст .

Дар ваќти кодиронї асбобњои техники нигоњдошташаванда, гузаронанда ва коркарди  иттилоотњо бештар алифбоеро кор мефармоянд, ки танњо ду рамзи гуногунро соњиб аст. Масалан, нуќта ва тире дар ваќти истифодаи алифбои Морзе; мављуд ё мављуд набудани сурохї дар лентаи ќоѓазї; мављуд будан ё набудани шиддат дар асбобњои электронї. Аз назари математикї њамаи ин гуна таљассуми гуногуни техники алифбои дурамзаро якхела њисобида, масалан, яке аз рамзњоро ба сифру дигарашро ба воњид шабоњат додан мумкин аст. Дар ин маврид дар бораи тасвири дуии информатсияњо сухан меронанд. Дар ин гуна тасвир њарфњо, раќамњо ва рамзњо дигар бо калимањои дуй – пайдарпайињои сифр ва воњид иборадбуда ифода меёбад. Агар бо сифр ва воњид дар алифбои дуй бо эътимолияти якхела ба вуќўъ омада онњо (Р1 = Р2 = 1/2 ) – ро њисоб кунем, он гоњ миќдори информатсия бо як рамз дар ваќти ќодирони дўи бо

H=

баробар аст.

Ба њамин тариќ, миќдори информатсияњо (бо битњо), ки дар калимаи дуй мављуд аст, ба дарозии калима (ба миќдори рамзњои дуй) баробар аст.

Бисёр ваќт зарур мешавад, ки Н – њаљми информатсияњое, ки дар хотираи оперативии компутер ё диск мављуданд, чен кунем. Ба сифати ин гуна воњиди ченкунии њаљми хатира дар информатика байт ќабул шудааст, ки он аз њашт бит иборат аст.Бо байтњо њаљми хотирањои беруна ва оперативии

компутер, суръати ивазшавии информатсияњо, андозаи программањо ва њаљми информатсияњо муайян карда мешавад.

Барои бањодињии њаљми калони информатсияњо воњидњои њосилшавї —  килобайтњо, мегабайтњо ва гигабайтњоро истифода мебаранд:

1 Кбайт = 1024 байт

1 Мбайт = 1024 Кбайт

1 Гбайт = 1024 Мбайт

Дар техника њам њамин воњиди миќдори ченкунии иттилоот – бит кор фармуда мешавад. лекин худи иттилоот ду маротиба навишта шуда бошад, он гоњ ваї дар назарияи Шеннон на њама ваќт таѓїир меёбад, аммо аз нуќтаи назари техникї ду маротиба меафзояд. Дар иттилоот мафњуми иттилоот аз нуќтаи назари техникї дида баромада  мешавад.

Бит барои нигоњдории иттилоот воњиди хеле ќулаї мебошад, вале барои коркард на он ќадар ќулаї ба њисоб меравад. Бо коркарди иттилоот микросхемаи махсус, ки просессор  ном дорад, машѓул мешавад. ин микросхема  њамин тавр сохта шудааст, ки дар як ваќт гурўњи битњоро коркард карданаш мумкин аст. Яке аз аввалин компутерхои шахсї Altair  дорои протсессори  њаштразряда буд, яъне дар як ваќт 8 бит иттилоотро коркард  менамуд. Ин нисбат ба њар як бит  дар алоњидаги кор кардан  8 маротиба тезтар аст. Аз ин сабаб дар информатика воњиди нави ченкуни иттилоот –баїт  паїдо шуд, ки он аз 8 бит иборат аст. Дар њар як бит рамзи 0 ё 1 нигоњ дошта мешавад. ин воњиди хурдтарини тасвири иттилоот аст.Дар назари аввал  њаминтавр  менамояд, ки модоме ки 1 баїт = 8бит бошад , он гоњ иттилоот 8 маротиба  зиёдтар  ниоњ  дошта шуданаш даркор аст. Аммо ин тавр нест, чунки дар бит мавќеи љоїгиршавиибит муњим аст. Масалан, баїтњои 10000000 ва 01000000 якхела нестанд, чунки онњо гарчанде аз комбинатсияи сифр ва воњиди ташкил  ёфта бошанд  њам, мавќеи љоїгиршавиаш  гуногунанд.

Дар ваќти ќодиронї алифбоеро кор мефармояд, ки танњо аз ду рамз – сифр ва воњид иборат аст. Бо ёрии 1 байт информатсия 28 = 256 рамзњои гуногун аз 0 то 255-ро кодиронї кардан мумкин аст. Ба њар як рамз пай дар паии аз сифр ва иборат будаи худаш мувофиќ меояд.

Зарурати тартиб додани љадвали кодњо ба миён меояд, ки дар он 256 сатр буда, мувофиќ омадани њар кадом байт ба рамз нишон дода шудааст.Љадвали мазкурро ба ду таќсим карда, ќисми аввалро стандартї номидаанд. Ќимси дуюмро стандарти миллї меноманд ва онро њар як мамлакат мувофиќи салоњдиди худ кор мефармояд. Нисфи аввали љадвали кодњоро љадвали байналхалќии ASCII (аски мехонанд) меноманд. Онро Донишгоњи стандартизатсияи америкоии ASCII љорї кардааст. Дар ин љадвал њарфњои калон ва хурди алифбои лотинї; раќамњои арабї – 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; аломатњои китобатї; рамзњои амалњои арифметикї ва дигар кодњои махсус мављуданд.

Читайте также:

Добавить комментарий