Иќтисод хамчун мафхуми хочагидори ва илми

Инсон табиатан аз ибтидои офарид то кунун бањри ќонеъ гардонидани талабу ниёзњои худ эњтиёљ ба хўрдан, пўшидан, кор кардан, сохтан, хондан, истироњат, маишат ва ѓайра дорад.

Њаёти инсон мисли њаёти љомеа, бисёрљабњаву гуногуншакл ва нисбатан мураккаб мебошад. Он њамчун низоми муташаккил ва муайяни фаъолият дар њавза ва бахшњои гуногун (сиёсат, идеология, илм, маориф, фарњанг, маданият, иќтисодиёт, иљтимоиёт ва ѓайра) зуњур мегардад.

Бузургон ва донишмандони ањли адаб эътироф кардаанд, ки мояи њастиву рушди љомеаи инсониро соњаи иќтисод муайян мекунад.

То кунун, байни донишмандон ва мутафаккирон оиди тасвири мавќеъ ва наќшу равандњои њодисањои иќтисодї андешаву аќидањои гуногун ба назар мерасанд. Охирон, њамчун кулли тафаккур ё худ назариёти мушаххаси иќтисодї, тањти таъсири шароитњои мухталифи таърихї, љуѓрофиёт, маданият, иљтимоиёт, сиёсат, хусусиятњои табиию муњити зист ва ѓайра њархела сурат мегирад.

Иќтисод ва муносибатњои иќтисодї баробари ташаккул ва тањаввули низомњои иќтисодї густариш ёфта, дар махзанњои таърихию достонњои афсонавї њамчун падидањои пароканда ва гусаста тасниф шудаанд. Аз љумлаи он метавон китоби Зардушт «Авесто», китоби «Архашастра» дар Њинди бостон ва садњо дигаронро номбар кард.

Чї тавре аз «таърихи афкори иќтисод» зуњур мегардад, вожаи иќтисод њамчун вањдати мафњумњои юнонии «ойкос» — хољагї ва «номос» — ќонун, яъне «ойкономия» ба вуќўъ пайвастааст. Он сароѓоз аз љониби Ксенофонт њамчун фањмиш тибќи меъёр, ќоида ва ќонунњои пеш бурдани хољагї истифода карда шудааст.

Азбаски дар он замонњо иќтисод њамчун хољагињои натуралї ва хонавода ба тавсиб мерасид ва робитањои иќтисодї шакли молї дошта, бидуни мубодила сурат мегирифтанд, «ойкономия» на њамчун њавзаи људогонаи хољагии халќ, балки чун соњаи нисбатан мањдуди хонадорї1 тасаввур карда мешуд. Аз ин сабаб вожаи “ойкономия” дар мањзанњои таърихию вожаномањои иќтисодї перомуни “санъати пешбурдани (хољагињои) хонавода” номбар ва шарњ дода мешавад.

Тўли њазорсолањо инсоният аз зинаи сукунат то ба зинаи фавќулинкишоф рушду камол ёфт. Таносубан, шакл ва намуди хонаводаю хољагидорї, давлатдорию љањондорї низ куллан дигар шуд. Дар ин асно, мазмуну мундариља, наќш ва маќоми «ойкономия» вобаста ба гузаштани замонњову маконњо, бешубња таѓйир ёфт.

Иќтисод ва густариши доираи мафњумњои иќтисодї, мањз пас аз заволи низоми ѓуломдорї, чуќур гаштани таќсими љамъиятии мењнат (кор) ва љамъиятигардонии истењсолот дар шароити капитализм амиќ мегардад.

Аз ин рў, тањти иќтисод нафаќат муносибатњои байни шах-сони алоњида, оила, гурўњњо, синфњо, корхона, соња, давлат оиди тарз ва услуби хонаводаю хољагидорї ва давлатдорї, балки муносибатњои умумибашарї перомуни ташаккули равандњои байналмиллалии истењсолот, илму техника, асъор, молия, муњољирати ќувваи коргарї, њамкорї доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорї ва ѓайра дар назар дошта мешаванд.

Ботадриљ, донишњои (афкори) иќтисодї ба пажўњишгоњи аќоиду андеша оиди идораю танзими давлат, истиќрори њаёти иќтисодиву иљтимої, меъёри ќонунњо, ташкили хољагї, соњиб-корию бизнес, маркетингу менељмент ва ѓайра табдил меёбанд.

Тибќи таќозои замони њозира иќтисодро ба чунин унсурњо тафриќабандї менамоянд:

  • иќтисоди бахшњои алоњида (иќтисоди саноат, кишоварз, сохтмон, тиљорат, наќлиёт…);
  • љойгиронии љуѓрофї(иќтисоди ноњия, вилоят, шањр, губерния, штатњо, иќтисоди миллї, иќтисоди љањонї…);
  • маљмўи муносибатњои иќтисодї (муносибатњо оиди истењсол, таќсим, мубодила, истеъмол);
  • зуњури низомњои иќтисодї ва моликият (иќтисоди суннатї, амрї, капиталистї, бозорї, мухталат, меъёрї, воќеї…);
  • натиљаи амалиётњои агентњо (намояндањо) ва субъектњои иќтисодї (иќтисоди хона, оила, корхона, давлат…);
  • фанни илмию таълимї (иќтисоди сиёсї, назарияи умумии иќтисодї, “Экономикс”, “Микро”, “Мезо”, “Макро”, “Мегоиќтисод” ва боќимонда фанњои тахассусии иќтисод — молия, бонк, пул, ќарз…);
  • кулли њавзањои дониш оиди истифодаи сифру раќам, тасвири њодисањои иќтисод ва дигар зергурўњу гурўњњо (омор, кибернетикаи иќтисодї, тамсиласозии иќтисодию риёзї, эконометрия, иќтисоди амалї, пешбинии иќтисодї…).

Дар ин асос метавон гуфт, ки иќтисод дар асл фаъолият ва санъат оиди ташкили хонадорї, хољагию хољагидорї ва давлатдорї аст. Ба ин маќсад инсон ва ањли башарият, тамоми воситаю предметхои мављудаи олами моддї ва маънавиро барои бењтару афзун гардондани шароити мењнату зист ва ќонеъ гардондани талаботи худ истифода мебарад. Дар ин мазмун њамаи неъматњои иќтисодї, дороиву санъат, воситањои подошу таъмини њаёт, кору фаъолият, шароити мењнат, маишат, истироњат ва ѓайра, ки инсоният дар гузашта эњё намуда, имрўз истифода мекунад  иќтисод аст.

Аз нигањи дигар, иќтисод — илм аст. П.Самуэльсон андеша ба он дорад, ки иќтисод илмест оиди он ки чї тавр љамъият истењсоли мањсулотњои нафъоварро истифода мебарад ва таќ-сими онро дар байни гурўњњои гуногун ба роњ мемонад1. Аз ин љињат иќтисод, ба андешаи мо њамчун тадбир, тарз ва усулњои гуногун оиди фањмиш ва дарки ќонуну ќонуниятњои ташаккули хољагидорї, низом, марњала ва тањаввули он, истифодаи захира-њои иќтисодї (табиат, капитал, мењнат…) барои ќонеъ гардондани ниёзу эњтиёљи инсону љомеа ва ташаккули муносибатњои байни агентњову субъектњои иќтисодї сурат мегирад.

Дар асоси ин гуна тафриќабандї дар адабиёти Ѓарб ду тариќи истифодаи “ойкономия” — “экономика” ва “экономикс” ба назар мерасад. Якум, њамчун фаъолият оиди хољагидорї дар мазмун ва маънии аслї ва дуввўм — њамчун илми иќтисод, яъне назарияи иќтисод тасаввур карда мешавад. Ќисме аз иќтисоддонон, вобаста ба хусусиятњои миллї, марњалањои гузариш ба бозор, зарурият ва имконияти истифодаи он (Экономикс) дар амалия ва сатњу дараљаи ташаккулу тањаввули илми иќтисод, назар ба он доранд, ки илми иќтисод на њамчун ќисматњои алоњидаи “Экономика” ва “Экономикс”, балки њамчун илми ягонаи “назарияи иќтисодї” дониставу эътироф карда шавад.

 

1 Саркорї, њавлидорї, хољагидорї, хонавода…

1 Ковалев И.М. История, экономики и экономических учений. М.,1999.

Читайте также:

Добавить комментарий