Маданият ва чомеа

Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст. Аз ин рў, оё ба мо зарурате пеш наомадааст, ки фалсафаи худшиносии миллиро дар асоси маърифати амиќи дастовардхои маданияти халќи хеш, халќу миллатхои љахон, дарёфти решахои таърихии умумияти моддию фархангии байни онхо бунёд созем? Мумкин аст, дар халли муамохои сиёсива иќтисодї, ки ба он љомеа  хохишу иродаи худро гузошта истодааст, маданияту фарханг рохнамо бошад. Дар хамаи давру замонхо дар љамъиятхои гуногун маданият мавќеи хосаи худро дошт. Халќхои љахон дар давоми хазорхо сол маданиятро ба вуљуд оварда, аз он бахра мебаранд. Вобаста ба хар як давраи љамъиятимаданият хусусият ва шевахои такомули худро пайдо мекунад. харчанд созанда, бунёдгар ва нигахдори маданият оммаи халќ аст, лекин шахсиятхои алохида ќодиранд дар пешрафту такомули он сахми бузург гузоранд. Аз ин рў, маданият бидуни љомеа ва љомеа бидуни инсон вуљуд надорад ва худи инсон берун аз маданият вуљуд дошта наметавонад. Маданият хосияти љинсива аслии инсон аст. Одам маданитавлид намеёбад, балки дар љараёни зиндагидар љомеаи инсонибо воситаи таълиму тарбия ба хислатхои маданиноил мегардад. Маданият чун хамсафари доимии инсон на фаќат гузашта ва хозираро дар бар мегирад, балки ба ояндагон ба сифати мерос мерасад ва сарнавишти минбаъдаи ќавму наслхоро муайян менамояд. Махз барои хамин маданият дар љомеаи имрўза мавќеи мухимро ишѓол менамояд ва бояд ба он эътибори махсус дода шавад. Дар љамъияти имрўзаи демократимаќсади маданият ба он равона карда шудааст, ки дар Тољикистон маданияти демократии гражданипойдор гардад. Лекин имрўз дар љомеаи мо мардумоне хастанд, ки демократияро ба таври «худам шоху табъам вазир» мефахманд. Онхо сарватманд шуданд, лекин бо сабаби маънавиёти хароб сарвати худро ба корхои бехуда масраф менамоянд. Сарватмандибе маънавиёту маданият ба љамъият ягон нафъе оварда наметавонад.  Маданияти демократидар љамъияти имрўза бояд  устувор шавад. Лекин худи демократия хељ чизро кафолат намедихад. Вай фаќат имконият медихад, ки инсон ба муваффаќият ноил гардад. Бехуда нест, ки Томас Джеферсон дурнамои маданияти демократиро чунин тасвир намудааст: «хаёт, озодива кўшиш ба хушбахтї». Шоири рус, дорандаи љоизаи Нобели-Иосиф Бродский навиштааст: «Агар инсони озод афтад, вай хељ касро дар он гунахкор намекунад». Чунин фикр адолатнок аст, нисбати мардумони љомеаи демократї, ки онхо акнун бояд љавобгариро нисбати таќдири љамъияте, ки худ зиндагидоранд, ба ўхда гиранд. Барои хамин бояд хама маданияти демократиро омўзанд ва ин вазифаро ќисман фанни нисбатан нави фархангшиносиба ўхда гирифтааст.

Читайте также:

Добавить комментарий