МАРКАЗИ ГАРМИЮ БАРҚ (МГБ)

Дар ин неругоҳҳо дар баробари истеҳсоли энергияи электрикї ҳамчунон энергияи гармї барои гармкунии манзилҳою иморатҳо ва додани оби гарму буғ ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба мисли соҳаи кимиѐвї, бофандагї, металлургї ва дигарҳо бо мақсади истеҳсолиашон истифода мешавад. Тарзи кори МГБ асосан мисли НБК буда, аммо буғ аз ду зинаи фишору ҳарорати гуногуни турбоагрегат гирифта мешавад, ки яке дар гармиивазкунак барои гарм кардани оби ба истеъмолкунандагон мерафта истифода шуда, дигараш аз охири турбоагрегат гирифта конденсатсия шуда, аз нав ба деги буѓї интиқол дода мешавад. Ба шарафи истифодаи энергияи сўзишворї ҳам барои истеҳсоли энергияи гармї ва ҳам энергияи электрикї КАФ-и ин нерўгоҳҳо 60-65 %-ро ташкил медиҳад. МГБ-ҳо дар марказҳои саноатї сохта мешаванд ва радиуси таъминоти буғу гармии онҳо на зиѐд аз 5-10 км мебошад. Тавозуни гармиҳо.Аз 100 % энергияи гармии сўзишворї 20% барои конденсатсия, 12% дар деги буѓї, 4% дар лўлаи буғгузар ва 2% дар турбина талаф ѐфта, танҳо 12 % он барои истеҳсоли энергияи электрикї ва 50 % барои гармирасонї боқї мемонад. Сарфи хоси сўзишворї дар ин неругоҳҳо 170-200 г.с.ш./кВт*с-ро ташкил медиҳад.                                       Расми 3.3 Маркази гармию барқ генератори буғ, 2- турбина, 3- […]

Читайте также: