Моддаи 13,14,15

Моддаи 13. Ташкилоти касбии муҳосибон
1. Ташкилоти касбии муҳосибон тибқи оиннома, шартҳо ва қоидаҳои сертификатсия ва аккредитатсия амал намуда, баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебарад.
2. Сохтор ва мақоми идоракунии ташкилоти муҳосибони касбиро оинномаи он мутобиқи қоидаҳои аккредитатсия муайян  менамояд.
3. Ташкилоти касбии муҳосибон ҳуқуқ дорад:
— дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ иштирок намояд;
— таҷрибаи пешқадамро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҷамъбасту таҳлил кунад ва такмил диҳад.
4.Ташкилоти касбии муҳосибон ӯҳдадор аст:
— қоидаҳои аккредитатсияро риоя намояд;
— ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботро оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намояд.
5.Талабот нисбат ба ташкилоти касбии муҳосибон инҳоянд:
— ба ҳайати ташкилоти касбии муҳосибон бояд мутахассисоне қабул карда шаванд, ки дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ё аудит ақаллан ду сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд;
— риояи Кодекси одоби муҳосиби касбӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳамаи аъзои ташкилоти касбии муҳосибон ҳатмb мебошад;
— низоми тахаcсусии аъзои ташкилот ба қоида ва шартҳои сертификатсия ҳатман мутобиқ бошад.
Моддаи 14. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ
1. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ бо мақсади сари вақт танзим намудан ва андӯхтани иттилооти дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ қабулгашта барои инъикос кардан дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ  пешбинӣ шудааст.
2. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ дар шакли китоби махсус дар варақаҳои алоҳида ва дигар ҳомилҳои электронӣ сабт мешавад.
3. Амалиёти хоҷагидорӣ дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ муттасил ва мутобиқи ҳисобҳои дахлдори баҳисобгирии муҳосибӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
4. Инъикоси дурусти амалиёти хоҷагидориро дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ шахсоне, ки онро тартиб дода, имзо кардаанд, таъмин менамоянд.
5. Зимни нигохдории феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ он аз ғайриқонунӣ ислоҳ даровардан ҳифз карда мешавад. Ислоҳи хатоҳо дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ асоснок карда, бо имзои шахсе, ки ин ислоҳро даровардааст, бо нишон додани санаи даровардани ислоҳ тасдиқ карда мешавад.
6. Мундариҷаи феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ сирри тиҷоратӣ ҳисобида мешавад.
7. Шахсоне, ки барои гирифтани иттилоот аз феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ иҷозат доранд, вазифадоранд, ки сирри тиҷоратии онро нигоҳ доранд.
Моддаи 15.  Баҳисобгирии  молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
1. Молу мулк, дороиҳо  ва ӯҳдадориҳо барои инъикос намудани онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ  ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи ташкилот ба китоби ворида сабт карда мешаванд.
2. Молу мулк ва дороиҳои воридшуда ба китоби ворида бо тартиби зерин сабт карда мешаванд:
— молу мулки харидашуда — бо роҳи ҷамъ кардани хароҷоти воқеӣ;
— молу мулки ба тарзи ройгон гирифташуда — бо арзиши бозорӣ дар рӯзи ба китоби ворида сабт шудани он;
— молу мулки дар худи ташкилот истеҳсолшуда — бо арзиши аслии он.
3.Истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ новобаста ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Тартиби дигари даромад намудани молу мулк, аз ҷумла бо роҳи захиракунонӣ, дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ  пешбинӣ карда бошанд.
5. Баҳисобгирии муҳосибии ҳисобҳои асъории ташкилотҳо ва амалиёт бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар асоси ҳисоби асъори хориҷӣ бо қурби мубодилавии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани амалиёт амалӣ мегардад.

Читайте также:

Добавить комментарий