Моддаи 16-21

Моддаи 16. Барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
1. Барои таъмини боэътимоди маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳояшонро ба рӯйхат гиранд. Дар асоси он мавҷудияти ин молу мулк, ҳолат ва нархгузории онҳо санҷида, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда мешаванд.
2. Тартиб ва мӯҳлати барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳоро роҳбари ташкилот муайян мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки  барӯйхатгирӣ ҳатмӣ  мебошад.
3. Дар ҳолатҳои зерин барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад:
— ҳангоми супурдани молу мулк ба иҷора ва хариду фурӯш;
— пеш аз тартиб додани ҳисоботи солонаи муҳосибӣ;
— ҳангоми  дигар шудани шахсони масъули моддӣ;
— ҳангоми ошкор гардидани ҳолати дуздӣ, суиистифода ва ё хароб кардани молу мулк;
— ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ё ҳолатҳои дигари фавқулодда;
— ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, ҷудо кардан ё барҳамдиҳии ташкилот;
— дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ.
4. Ҳангоми барӯйхатгирӣ фарқи муайяншудаи байни мавҷудияти воқеии молу мулк, дороиҳо ва нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз рӯи тартиби зерин инъикос карда мешавад:
— молу мулк ва дороиҳои зиёдатӣ дар китоби ворида навишта шуда, маблағи дахлдор ба натиҷаҳои молиявии ташкилот гузаронида мешаванд;
— камомади молу мулк ва дороиҳо, вайроншавии он дар ҳудуди меъёри камшавии табиӣ аз ҳисоби истеҳсолот ё муомилот ва дар сурати зиёда аз меъёр будан аз  ҳисоби шахси гунаҳкор ҷуброн карда мешавад. Агар шахсони гунаҳкор муайян нашуда бошанд ё ки суд рӯёнидани товони зиёнро аз ҳисоби онҳо рад намояд, пас камомади молу мулк, дороиҳо ва молу мулки вайроншуда аз натиҷаи молиявии ташкилот аз ҳисоб бароварда  мешавад.
5. Ҳангоми ошкор гардидани дуздӣ, камомад, қасдан нобуд ё хароб намудани арзишҳои моддӣ, товони зиён аз ҳисоби шахси гунаҳкор  ситонида  мешавад.
Моддаи 17. Таркиби ҳисоботи  муҳосибӣ
1. Таркиби ҳисоботи муҳосибӣ оид ба баҳодиҳии ҳолати молиявӣ аз молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя иборат мебошад.
2. Ҳамаи ташкилотҳо вазифадоранд, ки дар асоси маълумотҳои ҳисоби таркибӣ ва ҳисоби таҳлилӣ ҳисоботи муҳосибиро тартиб диҳанд.
3. Таркиб ва ҳаҷми ҳисоботи муҳосибиро барои ташкилотҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
4. Ба ташкилотҳои нашрия дар матбааҳо зиёд кардан, тайёр намудан  ва ба фурӯш баровардани варақаҳо ва шаклҳои ҳисоботи муҳосибӣ ва  молиявӣ бе иҷозати хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ манъ аст.
Моддаи 18. Соли ҳисоботӣ
1. Барои ҳамаи ташкилотҳо соли ҳисоботӣ барои ҳисоботи молиявӣ аз 1 январ то  31 декабр шуморида мешавад.
2. Барои ташкилотҳои азнавташкилшуда соли аввали ҳисоботӣ давраи аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ то 31 декабр шуморида мешавад.
3. Ҳисоботи ҳармоҳа ва семоҳа фосилавӣ буда, бо ҷамъбасти афзоишӣ аз аввали соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.
Моддаи 19. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод кардани ҳисоботи  муҳосибӣ
1. Ҳамаи ташкилотҳо (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ҳисоботи солонаи муҳосибиро мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба муассисон ё соҳибони молу мулк пешниҳод менамоянд.
2. Вазорату идораҳо ҳисоботи ҷамъбастии муҳосибии семоҳа ва солонаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркарда месупоранд.
3. Мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо ва дигар истифодабарандагон ҳисоботи муҳосибро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи муҳосибиро ба мақоми болоӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи онҳо месупоранд.
Моддаи 20. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ
1. Ташкилотҳо вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомилҳои коғазӣ ва ё электронӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд.
2. Барои ташкили нигаҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ роҳбар ва сармуҳосиби ташкилот масъул мебошанд.
Моддаи 21. Сирри  муҳосибӣ
1. Маълумоти ҳуҷҷатҳои аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, онро танҳо шахсоне, ки иҷозати роҳбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонанд.
2. Шахсоне, ки ба сирри тиҷоратӣ дастрасӣ доранд, барои ошкор сохтани он  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Читайте также:

Добавить комментарий