Моддаи 9. Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷрои амалиёти хоҷагидорӣ масъул мебошанд.
2. Роҳбарони ташкилотҳо вобаста ба ҳаҷми кори баҳисобгирӣ вазифадоранд:
— хизматрасонии муҳосибиро ҳамчун сохтори таркибӣ, ки ба он сармуҳосиб (муҳосиб) роҳбарӣ мекунад, таъсис диҳанд;
— дар басти вазифаҳо вазифаи  муҳосибро ҷорӣ намоянд;
— дар асоси шартнома баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро  ба муҳосиботи марказӣ, ташкилоти муҳосибӣ ё ба муҳосиби касбӣ супоранд;
— баҳисобгирии муҳосибиро ҳангоми зарурат шахсан ба зимма гиранд.
3. Сиёсати баҳисобгирӣ  принсипҳои мушаххас, низомнома, қоидаҳо ва таҷрибаи андӯхтаи ташкилотҳоро ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва нақшаҳои ҳисоби баҳисобгирии муҳосибӣ вобаста ба талабот ва хусусиятҳои фаъолияташон дар бар  мегирад.
4. Сиёсати баҳисобгирии ташкилот бо қарори роҳбари аввали ташкилот ё шахси масъули ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳамзамон инҳо тасдиқ карда мешаванд:
— нақшаи кории ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ;
— шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ барои барасмиятдарории амалиёти хоҷагидорӣ ва  ҳисоботи дохилии муҳосибӣ;
— тартиби гузаронидани барӯйхатгирӣ ва усулҳои нархгузории молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;
— тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо ва коркарди иттилооти баҳисобгирӣ;
— тартиби назорати амалиёти хоҷагидорӣ ва инчунин дигар қарорҳои барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ зарур.
6. Сиёсати  баҳисобгирӣ дар  ташкилот ба таври мунтазам ҳар сол  татбиқ карда мешавад. Сиёсати баҳисобгирӣ метавонад дар ҳолатҳои тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии мақомоте, ки баҳисобгирии муҳосибиро ба танзим медароранд, аз ҷониби ташкилот таҳия гардидани тартиби нави баҳисобгирии муҳосибӣ ё дар ҳолати куллан тағйир ёфтани шароити фаъолияти онҳо тағйир ёбад.

Читайте также:

Добавить комментарий