Мохияти мушоидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати.

Тавре дар боби якум ќайд кардем, маљмўи њодисањои  љамъиятї сершакл ва гуногунхел мебошанд. Татќиќоти омории маљмўи њодисањо, яъне объекти омўзиш зарурияти љамъоварии маълумотњоро доир ба он барои як лањзаи муайяни ваќт (санаи муайян) ё ин ки натиљаи инкишофи онро дар давраи муайяни ваќт талаб менамояд.

Албатта, љамъоварии на њамагуна маълумотњо доир ба њодиса мушоњидаи оморї номида мешавад. Масалан, донистани болоравии нархи як намуди мол дар бозори истеъмолї, маънои пурраи сатњи инфлятсия (беќурбшавии пул)-ро надорад. Агар бо њисоби миёна нархи њамаи намуди молњо дар макон ва замони муайяни конкретї муќаррар карда шавад, он гоњ метавон доир ба сатњи инфлятсия сухан ронд.

Љамъоварии мураттаби маълумотњо доир ба њодисањои љамъиятї бо таври мунтазам ва аз нигоњи илми амиќ асоснок карда шударо бо маќсади тавсифи умумии онњо, мушоњидаи оморї номида мешавад. Љамъоварии маълумотњо бо роњи пешакї аз рўи аломатњои муњими ќайдкардашудаи њодисањои љамъиятї оѓоз карда мешавад. Масалан, њангоми гузаронидани барўйхатгирии ањолї шахсони махсуси масъул бо супоришоти маќомотњои оморї маълумотњоро доир ба синну сол, љинс, миллат, маълумотнокї, вазъи иљтимої ва ѓайраи њар сокини мамлакат љамъоварї менамоянд. Њамаи маълумотњои љамъовардашуда љамъбаст карда мешаванд ва дар натиља шумораи умумии ањолї, таркиби он аз рўи аломатњои љинс, синну сол, љойгиршавии онњо ва ѓайра муайян карда мешаванд.

Дар раванди (протсесси) мушоњидаи оморї маводи аввалияи оморї, яъне маълумотњои оморї љамъоварї карда мешаванд ва онњо баъдтар љамъбаст, коркард ва тањлил карда шуда шарњ дода мешаванд. Бояд ќайд намоем, ки аз сифати мушоњидаи омории гузаронидашуда тамоми раванди (протсесси) татќиќоти оморї вобаста аст. Бинобар он, мушоњидаи омориро метавон чунон ташкил кард, ки дар натиљаи амалигардонии он бояд маълумотњои объективї аниќ доир ба њодисаи омўхташаванда дастрас карда шаванд. Маълумотњои нопурра, ѓайри сањењ ва номукаммали тавсифкунандаи раванд (протсесси)-и обекти татќиќшаванда љамъоварї карда шаванд, он гоњ аз рўи тањлили гузаронидашуда хулосањои нодуруст бароварда мешаванд. Аз ин хотир, маълумотњои љамовари шаванда бояд ба ду талаботи асосї-эътиборнокї ва муќоисашавандагї (ќиёспазирї) љавбгўй бошанд.

Эътиборнокї — ин мувофиќатии маълумоти љамъовардашуда бо раванди (протсесси) аслии объекти омўхташаванда аст. Аз ин рў, њамаи методика, ташкил ва техникаи гузаронидани мушоњидаи оморї бояд барои таъмини эътиборнокии маълумотњо нигаронида шуда бошанд. Ба ибораи дигар, шарти умумии таъмини эътиборнокї ин фарогирии пурраи объект, мукамалї ва яќинии (аниќии) ќайди маълумотњо доир ба њар як воњиди мушоњида аст. Барои он ки маълумотњо доир ба њодисањои алоњида љамъбаст карда шаванд, онњо бояд ба якдигар ќиёспазир (муќоисашаванда) бошанд. Ќиёспазирии маълумотњои мушоњидањои мухталиф дар он ваќт ба даст оварда мешавад, ки истифодаи њамон як воњиди муайяни мушоњида, методикаи баќайдгирии аломатњои аввалия ва тарзњои њисобкунии аломатњои дуюмин, аз ќабили сатњи њосилнокии мењнат, сатњи даромадної ва ѓайра иљро карда шаванд. Шарти муњими ќиёспазирї ин нигоњ доштани ваќти гузаронидани мушоњида давра (фосила) ва лањзаи ќайдкунии маълумотњо мебошад. Масалан, шумораи донишљўёни донишкадаи иќтисодии Тољикистон дар аввали соли хониш ва ѓайра.

Дар Љумњурии Тољикистон бањисобгирии расмии оморро маќомоти омори давлатї дар асоси мушоњидањои омории давлатї амалї мегардонад. Мушоњидањои омори давлати љумњуриявї ва минтаќавї шуда метавонанд.

Ба мушоњидањои омории давлатии љумњуриявї мушоњидањои омории равандњои иљтимоию иќтисодї, ки маќомоти омори давлатии љумњурї мутобиќи барномаи корњои оморї анљом медињанд ва Њукумати Љумњурии Тољикистон њар сол тасдиќ мекунад, мансубанд. Ба мушоњидањои омории минтаќавї мушоњидањои омории равандњои иљтимої-ќтисодї, маќомоти мањаллии омори давлатї амали менамоянд, мансуб мебошанд.

Читайте также:

Добавить комментарий