НАЗАРИЯИ СИЁСИИ МУНОСИБАТХОИ МИЛЛИ

Масъалаи муносибатхои милли ба яке аз проблемахои мураккабтарини олами муосир табдил ёфтааст. Хам дар муноси- батхои дохиликишвари ва хам дар муносибатхои байнидавлати муносибатхои милли макоми хоса пайдо намудаанд. Дар зери таъсири бевоситаи он СССР ва Югославия хамчун давлат аз байн рафтанд. Дар инкишофи сиёсии Англия масъалаи Ольстер, дар Бельгия мочарои Фламанди ва Валони, дар Испания масъалаи баскхо, дар Франсия масъалаи бретонхо ва корсиканхо, дар Канада мочарои англиси ва канади, Франсузи ва канади, дар ИМА мочарои мексикани, масъалаи сиёхпустон, масъалаи хиндухо таъсири барчаста доранд.

Олами муосир аз чихати миллию этники хеле гуногун мебошад. Дар чахон кариб 3 хазор халкхо зиндаги доранд. Онхо дар сатхи гуногуни инкишоф карор гирифтаанд. Кисме аз онхо комил гашта, ба умумиятхои бузургтар табдил ёфтаанд. Умумиятхое хастанд, ки дар макоми халкият ва зиёда аз он дар макоми умумиятхои хурдтари этники, аз чумла, кабила карор доранд.

Умумиятхои одамон аз чихати шумора басо гуногунанд. Гурухе аз онхо даххо ва садхо миллион нафар намоянда доранд,гуруххои дигар бошанд, садхо ва хатто даххо нафаранд. 280халкхо, ки шумораашон аз як миллион нафари зиёд аст, аксарияти ахолии оламро (кариб 96 фоиз) ташкил медиханд.

Аксарияти мамлакатхои олам гуногунмиллатанд. Дар мам-лакатхои алохида намояндагони даххо ва хатто, садхо халкхо зиндаги менамоянд. Аз ин хотир, масъалаи муносибатхои байни умумиятхои миллию этники дар хар макону замон ахамияти мухим пайдо менамояд. Махсусан, дар шароити гуногунмиллатии мамлакатхо накши муносибатхои милли дар хаёти сиёсии чомеа басо меафзояд. Дар ин холат масъалае вонамехурад, ки бе бахисобгирии таркиби миллии ахоли ва манфиатхои онхо хал гардад. Миллат шакли олии таърихан ташаккулёфта умумияти ичтимоию этникии одамон буда, умумияти хаёти яктисоди, забони, худуди, худшиносии милли ва баъзе Хосиятхои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанахоро тачассум менамояд.

Дар шароити хозираи инкишофи муносибатхои милли, умумиятхои махсусе низ вучуд доранд, ки то андозае ба мохияту хусусиятхои муносибатхои ичтимоию этники тагйирот мебахшанд. Умумияи субэтники ва метаэтники аз хамин кабиланд.

Умумияти субэтники — кисми халк аст (этнос), ки сохиби хосиятхои махсус ва худшиноси мебошад, яъне гуруххои дохили- миллианд. Масалан, лагалсхо субэтноси латишхо, тептярхо ва лишархо субэтноси тоторхо мебашанд. Чунин гуруххои этники дар таркиби мукаммалтарин халкхо низ вучуд доранд.

Умумияти метаэтники гурухи миллатхо ва халкиятхоеро дарбар мегирад, ки хосиятхои умумии таърихию мадани ва хусусиятхои худшиносииумумиро сохибанд. Масалан, халки шурави, халки хинд ва гайрахо.

Олами муосир равандхо ва муносибатхои гуногуни ичтимоию этникиро ба гирдоби сиёсат мекашад. Байни сиёсат ва равандхои ичтимойю этники, махсусан муносибатхои милли хамбастагихои зиёде ба вукуъ мепайванданд, ки кас дар фахмиши амики онхо очиз мемонад. Мафхумхои зиёде истифода мегарданд, баъзан дар чойи худ намеоянд ва боиси нодуруст фахмидани мохияти ходиса мешаванд. Аз ин хотир, зарур аст, ки ба мухимтарин мафхумхо рушани андозем.

Мафхуми асоси ва марказии раванди муносибатхои милли «миллат» аст. Мафхуми мазкур пеш аз пайдоиши миллатхо ба вучуд омадаас. Дар аввал мафхуми «миллат» барои ишора намудан ба кабила ба халкияте, ки хусусиятхои умумии фарханги ва забони доштанд истифода бурда мешуд.

Xycyсиятхои этикии кабила, халкият ва миллатро ба хисоб гирифта, дар маънои махдуд онхоро умумиятхои милли номидан мумкин аст. Аммо дар холате, ки хамбастаги ва алокахои дохилии онхо хам ба сифати этники ва хам ба сифати ичтимоию иктисоди ба хисоб гирифта мешаванд мафхуми «миллат» маънии васеъро ба худ мегирад.

Мафхуми «миллат» (natio), ки хануз дар асрхои аввали солшумории мелоди истифода мегашт, аз забони лотини баромада маънохои «авлод» ё «ташаккулёби»-ро дошт.

Муддати зиёде «миллат» мансубияти авлоди, кабилави ва ба халке тааллук доштанро ифода менамуд. Мафхуми мазкур дар Асрхои миёна боз васеътар гардид. Он раванди хамшахригари дар университетхои Аврупо, гурухи намояндагии ин ё кишварро дар Соборхои Ватикан ва гайрахоро ифода мекард.

Мафхуми «миллат»-ро дар шакли «рухи милли», «иродаи милли» маорифпарварон ва ходимони инкилоби Бузурги франсуз ваееъ истифода намудаанд. Фаъолияти мухаккикию амалии онхо буд, ки мафхуми «миллат» ба сифати умумияти ичтимоию таърихии одамон дониста гардид.

Читайте также:

Добавить комментарий