НЕРУГОҲИ БАРҚИ КОНДЕНСАТСИОНЇ (НБК)

Ин неругоҳ фақат барои истеҳсоли энергияи электрикї хизмат мекунад. Барои ҳамин ҳам КАФ-и он на зиѐд аз 40 % мебошад, яъне аз 1 кг сўзишвории шартии истифодашуда 60 % талаф меѐбад. Дар ин неругоҳҳо асосан ангиштсанги сифати миѐна ва пастро истифода мебаранд. Баъди ба неругоҳ ворид шудани қатора бо сўзишворї онро фароварда, баъдан тавассути траспортѐрҳо ба осиѐбҳои ангиштшак интиқол медиҳанд ва хокаи истеҳсолшударо дар дулҳо (бункерҳо) захира менамоянд. Аз дулҳо бо ҳавои фишурда ин хока тавассути дастгоҳи пуфкунанда ба курраи (оташдони) деги буѓї дода мешавад. Деги буғї, ки аз системаи муайяни лўлаҳои махсуси пўлодї иборат мебошад, оби тавассути насоси таъминкунанда додаро ба буғи дорои фишор ва ҳарорати баланд (240 ата ва ҳарорати 5400 С) табдил дода, онро бо лўлаи буғгузар ба турбина интиқол медиҳад, ки он ротори генераторро чарх мезанонад.   Расми 3.2 Неругоҳи барқи конденсатсионї 1- тайѐр кардани сўзишворї-фаровардан, шакидан, 2- генератори буғї (деги буғї), 3 – лўлаи буғгузар, 4 – лўлаи дудбаро, 5 – турбоагрегат, 6 – генератор, 7 – конденсатор, 8 – оби хунуккунанда, 9 – насоси гирдгашт, 10 – об, 11 – обтайѐркунї, 12 – иловаи об, 13 – ҳавзи обхунуккунанда, 14 – насоси таъминот.   Баъд аз турбина буғ, кори асосиашро иљро карда, ба конденсатор […]

Читайте также: