НИШОНДИЊАНДАЊОИ ТЕХНИКИИ ЌАБУЛКУНАКЊОИ БАРЌ

Ќабулкунакњои барќро аз рўи нишонањои зерин тасниф (классификация) мекунанд: Аз рўи навъи (намуди) љараѐн – таѓйирѐбанда, доимї ва импулсї. Дар байни ќабулкунакњои барќии љараѐни доимї аз њама бештар муњаррикњои барќї бо табдилдањандаи тиристороии љараѐни таѓйирѐбанда ба доимї пањн шудаанд. Аз рўи миќдори фаза – сефаза ѐ якфаза. Ќабулкунакњои барќї бо миќдори дигари фазањо хело кам во мехўранд ва аз табдилдињандањои људогона таъмин мешаванд. Аз рўи басомади љараѐни таѓйирѐбанда – басомади саноатии 50 Гц, барзиѐд ѐ пасткарда. Таљрибаи истифодаи басомади 50 Гц ва басомади барзиѐди 60 Гц иќтисодї ба маќсад мувофиќтар будани 60 Гц-ро тасдиќ намуда, њисобњои техникию иќтисодї нишон доданд, ки басомади 100 Гц-ро муфидтар (оптималї) шумурдан мумкин аст. Басомади барзиѐд дар корхонањои саноатї дар олотњои баландбасомади гарм кардан ва гудохтани металл (то 20 кГц), барои таъминоти чароѓњои люминесентї (то 40 кГц), дар дастгоњњои обутоби сатњї (то 100 кГц) ва ѓ. истифода мебаранд. Аз рўи тавонии муќарраршуда, ки њамчун суммаи тавоноии гурўњњои ќабулкунакњои барќии якхела ѐ гуногунхел муайян карда мешаванд. Аз рўи шиддати номиналї: то 1 кВ (шиддати паст – ШП) ва зиѐда аз 1 кВ (шиддати баланд – ШБ). Аз рўи истеъмоли тавоноии реактивї, ки бо коэффисиенти иќтидор cosf = P/S тавсиф мешаванд, ки дар он Р – тавоноии […]

Читайте также: