Ноҳияҳои ЧТ

Ноҳияи иқтисоди Суғд

Ин ноҳияи иқтисодӣ дар шимоли ҷумҳурӣҷойгир шудааст. Масоҳатати он 26,88ҳазор километри мураббаъро ташкил менамояд.

Сатҳи ҳамвориро адирҳо начандон баланд халалдор менамоянд. Онҳо ҳамчун як силсилаи баландӣ аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ тӯл кашидаанд: баландии Деҳмой, Исфосор, Оқбел, Оқҷар, Қизилҷар. Баландии мутлақи онҳо 400-100метрро ташкил менамояд. Дар канори ғарбии ҳамворӣ дашти Мирзочӯл воқеъ гардидааст, ки баландии мутлақи он ба 250-300метр мерасад.

Иқлими ин минтақа нисбатан ба минтақаи биёбон салқин аст. Маҷмӯи ҳврорвти мусби 4200-4600градус,давомнокии гармо 200-210 рӯзро ташкил менамояд. Боришоти солона аз 115 то 300-350мм тағйир меёбад. Хоки минтақаро намудҳои гуногуни хоки хокистарранг ташкил мекунанд. Аз ҷумла, дар даштҳои қӯҳии Исфара хоки хокистарранги равшан, одӣ дар Ӯротеппа, хокистарранги сиёҳтоб васеъ паҳн гардидаанд.

Обҳои дохилии ноҳияро шабакаи дарёҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил менамоянд. Дарёҳои калонтарини ноҳияи Сир, Исфара, Исфана, Хоҷабоқирғон ва Оқсӯ ба ҳисоб мераванд. Ғайр аз дарёи Исфара боқимондаи онҳо оби худро берун аз марзи ҷумҳурӣ мегиранд. Оби дарёҳо пурра барои обёрӣ сарф мегардад. Дарёҳое, ки аз нишебиҳои Ҷанубу Шарқии кӯҳи Қурамос ҷори мешаванд, (Кадак, Коксар, Ошоба, Гудас, Бобои об, Оқтош, Саврак ва ғаёра) аз сабаби камоб буданашон аз ҳамвории доманаи он берун ҷори намешаванд. Кӯлҳо дар ҳудуди ноҳия зиёд нестанд, дар инҷо фақат кӯли Оқсукон воқеъ гардидаааст. Оби он шӯр буда, тобистон хушк мешавад. Аз он намак ва лойқаи табобатӣ  истеҳсол мекунанд. Дар баъзе мавзеъҳои ноҳия обҳои зеризаминӣ муайян карда шуданд. Қисми онҳо барои обёрӣ ва нӯшокӣ истофода мешаванд.

Ба заминаи табиӣ дар ноҳия пеш аз ҳамасарватҳои таъиноти бисёрҷабҳа – об ва замин дохил  мешавад. Миқдори умумии заминҳои ноҳия бештар аз 1,9млн гектар аст. Аз он 215,1ҳазор гектар ба заминҳои обӣ ва 120ҳазор гектар ба заминҳои озоди обёришаванда рост меояд. Зиёда аз 65 %-и фонди заминро чарогоҳ ташкил менамояд.

Ҳудуди ноҳия дорои шабакаи васеи роҳҳои нақлиётӣ аст. Он асосан аз роҳҳои мошингард ва оҳан иборат аст. Дарозии умумии шабакаи роҳҳои автомобилгард 3072 километрро ташкил мекунад. Аз ин 2174 километр бо асфалту бетон пушида шудаанд. Роҳҳои автомобилгард на фақат қисмҳои алоҳидаи ноҳияро, инчунин онро бо қисми ҷанубии ҷумҳурӣ (роҳи Хуҷанд – Айни – Душанбе) бо ҳам мепайвандад. Роҳи оҳани ноҳия як қитъаи роҳи оҳани Андиҷон – Москва мебошад. Дарозии ин қитъа 163 километр аст.Барои ноҳия афзоиши баланди аҳолӣ  хос мебошад. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби муҳоҷирати байни ноҳиявӣ микдори захираҳои меҳнатӣ мунтазам меафзояд.

Шомоли Тоҷикистон бахши тараққикардаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо зимни истифодаи боигарии табиӣ ва иқтисодии мавҷуда комплекси ягонагии минтақавию истеҳсоли ташакул ва инкишоф ёфтааст. Дар таркиби он мавқеъи асосиро саноат ва кишоварзӣ ишғол менамоянд. Ин соҳаҳо 36,4 % маҳсулоти саноати ва 26 % маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро медиҳанд. Саноати ноҳия асосан ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли сарватҳои зеризаминӣ нигаронида шудааст. Он соҳаҳои саноат, ки дар ин замина ташкил ва инкишоф ёфтанд, соҳаҳои махсусгардондаи саноат ба ҳисоб меравад.

Географияи саноати сӯзишворӣ.Дар ҳудуди ноҳия кони ангишти сиёҳтоби Шӯроб воқеа аст. Дар он ҳамаги 25 қабати ангиштдиҳанда мавҷуд аст. Ғавсии умумии онҳо 35 метрро ташкил менамояд. Дар замони Ҳокимияти шӯравӣ дар як сол 600 ҳазор тонна ангишт истеҳсол мешуд, ки ҳоло хеле кам ҳамаги 40-50 ҳазор тонна. Онро асосан дар худи ноҳия ва роҳи оҳани Осиёи Марказӣ истифода мебаранд. Конҳои асосии он дар Конибодом ва Исфара ҷойгир шудааст. То солҳои наздик дар ин ҷо нефт фақат аз кони КИМ истеҳсол мегардад. Ҳоло дар наздикии  ш. Конибодом конҳои нав кушоданд: Конибодом, Конибодоми Шимоли, Работ, Айретан, Ниёзбек, Маданият, Маҳрам. Дар кони Конибодом, Ниёзбек ва Маданият ҳамроҳи нафт, газ низ истеҳсол карда мешавад. Газе, ки аз ин конҳо истихроҷ мекунанд, дар як шабонарӯз 800 метри муракаабро ташкил медиҳад, ки ин талаботи ноҳияро аз газ таъмин карданаметавонад.Манбаи асосии истеҳсоли энергияи барқӣ НБО-и  Қаёроққум мебошад. Иқтидори он ба 126ҳазор кВт барбар аст.

 

Соҳаи кишоварзию саноатӣ. Бояд хотирнишон намуд ки, дар кишоварзии ноҳия шароит барои тарақиёти зироаткорӣ ва чорводорӣ як хел нест. Дар айни замон ноҳия қариб 1/5 ҳиссаи пахта, 50 фоизи меваю ангур ва 30 фоизи гӯшти ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакпарвари соҳаҳои махсусгардондаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб мерафт.

Бо ашёи хоми ин соҳаҳо ва чорводорӣ корхонаҳои зинаи кишоварзию саноатӣ кор мекунанд. Ин зина ба ду шоха ҷудо мешавад: саноати кишоварзи ва саноатию кишоварзию гидромелиоративи. Ин шохаҳо қатъи назар аз баъзе фарқияташон дар байни худ як умумият доранд.

 

Ноҳияи иқтисоди Ҳисор

Ҳисор дар қисми ғарбии ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Масоҳати он 10,5 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Вай аз Шимол бо ноҳияи иқтисоди Зарафшон, аз Ҷануб бо ноҳияи Вахш, аз Шарқ бо ноҳияи Ғарм (Рашт) ва аз Ғарб бо узбекистон ҳамҳудуд мебошад. Алоқаи дохилӣ ва байни ноҳияи бо воситаи роҳҳои мошингард сурат мегирад. Дар Шимол бо роҳи мошинагард ба ноҳияи Зарафшон ва Шимоли Тоҷикистон ба воситаи ағбаи Анзоб ва Шаҳристон мегузарад. Чунин мавқеъи иктисодӣ-географӣ бо роҳи ташакул ва инкишофи иқтисодиёти бисёрсоҳаи ноҳия роли муҳим мебозидааст. Ноҳия ба яке аз минтақаҳои саноатии ҷумҳуриӣ табдил ёфтааст.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Ноҳия аз вилояти Суғд бо қаторкӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Аз ноҳияи Рашт онро шохаҳои доманакуҳои Қаротеғин ва Вахш ҷудо менамоянд. Ҳудуди табиии  ноҳия ва ноҳияи Кулоб, кӯҳи Вахш ва дарёи Вахш ба ҳисор мераванд. Сатҳи ноҳия ноҳамвор мебошад. Дар байни канори Шимолӣ доманаи ин кӯҳҳо ва канори Ҷануби доманакӯҳҳои қаторкуҳи Ҳисор, водии Ҳисор аз Ғарб ба Шарқ кашол ёфтааст. Вай аз сатҳи баҳр дар баландии 700-1000 метр воқеъ гардидааст. Дарозии он 70 километр, бараш 20 километрро ташкил менамоянд. Водиро дарёи Кофарниҳон, шохобаҳои он ва шохобҳои Сурхондарё (Шеркен, Қаратоғ), обёрӣ менамояд.

Иқлими ноҳия хушки континенталӣ мебошад. Барои он тобистони гарми дароз, зимистони кутоҳӣ нисбатан хунуки нам хос мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +28 градус, моҳи январ тақрибан 0 градус, баъзе рӯзҳои тобистон то 40 градус гарм ва дар зимистон то -20-25градус хунук мешавад. Боришот дар ҳамворӣ 500-600мм меборад. Хоки ноҳия гуногун аст. Дар водӣ хоки хокистари муқаррарии тира, дар кӯҳҳо равшани ҷигарӣ ва марғзори баландкӯҳӣ паҳн гардидаанд. Аз сабаби зиёд будани боришот намудҳои мухталифи наботот ва ҳайвонот паҳн гардидаанд. Хусусан, дар ин ҷо дарахтони мевадиҳандаи ёбоӣ зиётанд, ки онҳо аҳмияти хоҷагӣ доранд.

Афсудани маҳсулоти кишоварзӣ сабаби ба миён омадани як қатор корхонаҳои саноатӣ гардид. Ноҳия аз ҷиҳати миқдори нуфуз ва зичии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ чои аввалро ишғол менамояд. Зичии аҳолӣ дар як километри мураъбба 83 нафарро ташкил мекунад. Зичии аҳолӣ дар ду тарафи роҳи мошинагарди Ваҳдат – Турсунзода бештар ба назар мерасад. Зиёда аз 52% — и аҳолӣ дар шарҳо зиндагӣ мекунанд. Шарҳҳои ноҳия Душанбе, Кофарниҳон ва Турсунзода ба ҳисоб меравад. Дар таркиби аҳоли шаҳру деҳаҳо ҳиссаи ҷавонон зиёдаст. Ба ҷои кор таъмин кардани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад. Дар инҷо, тақрибан қариб 35%- и маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад корхонаҳот саноати ноҳия зиёд аст 40% маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро истеҳсол менамояд. Саноати он бисёрсоҳа мебошад. Дар таркиби он ҷой асосиро саноати вазнин (машинасозӣ, истеҳсоли масуноти сохтумон, энергетика металургияи ранга ва ғайра) ишғол менамояд. Саноати мошинасозиӣ ва коркарди металу чӯб, истеҳсолотаи маҳсуноти сохтумон матоъҳои пахтагин, кешбофӣ, чармгарӣ ва пойафзол, равғанбарорӣ ва шаробпазӣ соҳаҳои махсусонидаи саноати ноҳия ба шумор мераванд. Кишоварзии ноҳия ҳам ба якчанд соҳа махсус гардонда шудааст, ки пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавод, чорводорӣ, аз қабили онҳо мебошанд

Ноҳияи иқтисоди Вахш

Ноҳия ҳудуди ҷанубу ғарбии Тоҷикистонро фаро мегирад. Масоҳати он 12 ҳазор километри мураббаро ташкил менамояд. Ноҳия аз шимол бо ноҳияи иҷтисоди Ҳисор, дар шарқ бо ноҳияи Кулоб, дар ҷануб бо давлати Афғонистон ва дар ғарб бо Ӯзбекистон ҳамдуд мебошад. Дар байни ноҳия ва давлати Афғонистон ва истгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ба воситаи дарёи Панҷ ва Аму киштиҳои хурди боркашӣҳаракат мекунад. Дарозии хати роҳи обӣ 260 километр аст. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки иқтисодиёти ноҳия ба таври комплексӣ инкишоф меёбад.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Шароити табиии ноҳия ба шароити табиии ноҳияи иқтисодии Суғд шабоҳат дорад. Релефи ноҳия он қадар муракаб нест. Дар ҳудуди он қаторкӯҳҳои начандон баланд воқеъ гардидаанд. Барои ноҳия тобистони гарму хушк ва зимистони кӯтоҳи мулоим хос мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл аз +28градус то +30градус январ бошад, аз -1градус то -3градус дараҷаи тағир меёбад. Боришоти солона 150-400мм-ро ташкил менамояд. Вобаста ба тақсимоти ҳарорати дар ҳудуди ноҳия зонаи биёбон ва нимбиёбон ва дашт ташкил ёфтааст. Дар шароити обёри суъӣ ва ба замин андохтани нуриҳои минерали ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Инчунин, иқлими гарму хушки ноҳия бо паёастаги обёри сунъӣ барои то 2-3 ҳосил гирифтан имконоят медиҳад. Бо ин мақсад аз оби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон истифода мебаранд.

То дараи Шурави, аҳоли асосан ба чорводори ва ғаллакори  машғул буд. Баъди аз худ намудани водии Вахш, ноҳия асосан ба парвариши пахта (80% -и онро кишти пахтаи маҳинах ташкил мекард), ҷут (ноҳияи Панҷ) ва меваҳои судруси махсус гардонда шуд. Дар як вақт ба боғу токпарварӣ асос гузошта шуд, ки дар гузашти соҳаи ақибмонда ба ҳисоб мерафт. Ҳамҷудияити чароҳгоҳҳои васеъ барои инкишофи чорводори, аз ҷумла соҳаи анъанавии он қароқӯл парварӣ, мусоидат намуд. Дар ноҳия як чанд хоҷагиҳои қароқӯл парвари ( Қубодиён, Яккадин, Кофарниҳон) ташкил карда шуд. Барои парвариши зоти гусфанди гушти равған диҳанда, Совхози ба номи Куйбишев таъсис ёфт.

Ноҳия дорои шабакаи инкишоф ёфтаи нақлиёт мебошад. Аз ҷиҳати таъмин будани роҳ ноҳия дар байни ноҳияҳои иқтисоди чойи муҳимро ишғол менамояд. Ба ҳар ҳазор километри мураъба зиёда аз 213километр

роҳ рост меояд. Дар ноҳия 17% роҳи мошинагард ва 34%хати роҳи оҳани ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Ҳамин тавр,зимни истифодаи захираҳои табии, энергетики, ашёи хоми кишоварзӣ ва захираҳои меҳнати дар ноҳия комплекси ягонаи минтақавию истеҳсоли ташаккул ёфтааст. Асоси онро зинаҳои барқию химиявӣ, кишоварзию саноатӣ ва саноатию сохтумон ташкил менамояд.

 

Ноҳияи иқтисоди Кӯлоб

Ин ноҳияи иқтисодӣ дар қисмати Ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ гардида шароитҳои хоси табиию географиро дорост. Масоҳати он ба 12,6 км квадрати баробар буда релефи муракаб дорад. Баландии миёнаи куҳу қатор куҳҳо аз 500то 2300 метр расида, дар қисмати шимолу шарқии ин нишондиҳанда аз 2500  то 4000 метрро дар бар мегирад.

Ноҳияи иқтисодии Кӯлоб мавқеъи мувофиқӣ географӣ дошта, он бо роҳҳои автомобилгард бо ноҳияҳои Вахшу Ҳисор робитаҳои хубу иқтисодӣ дорад. Роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кулоб ва шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма дар баробари алоқаҳои дохили, боз муносибатҳои берунмарзи ноҳияро мустаҳкам намуда барои пешрафти соҳаҳои муҳими саноту кишоварзи шароитҳои муҳим фароҳам меофарад.

Шароит ва сарватҳои табии: Шароитҳои табиии ноҳия вобаста ба мавқеъи географии он гуногун аст. Ин ноҳия бо ҳавои гар ва миқдори ками боришот дар қисмати ҳамворӣ фарқ мекунад. Ҳарорати миёнаи солона ба +16+17 градус селсия баробар буда, миқдори боришот аз дар ҳамвориҳои аз 250мм расида, дар қисмати ноҳияҳои кӯҳсор аз 400то600мм минусро ташкил медиҳад. Маҷмӯи ҳарорати мусбӣ дар водиҳои Яхсу, Қизилсу ва Тоирсу то 5000градус -5350градус мерасад. Ноҳияи Кӯлоб аз сарватҳои зери замини бой аст. Дар ҳудуди он нефт, газ, намаки ошӣ, тилло, селестин ва миқдори зиёди масолеҳи сохтумон тадқиқ карда шудааст.

Дар ноҳияи Кӯлоб зиёда аз 30 кони зери заминӣ кашф шудааст, ки танҳо 6-тои он истифода бурда мешавад. Аз рӯи тадқиқоти геологҳо дар ин минтақа 25% захираҳои конҳои тиллои пароканда,  95% конҳои намаки ошӣ ва қариб 60% захираи нефту гази мамлакат ҷойгир шудааст. Шароит ва сарватҳои табиии ноҳия барои парвариши пахта, шолӣ, боғу токзор ва кишти зироатҳои лалмӣ (ғалла дона, зағир)имконият медиҳад.

Обҳои дохилӣ ноҳияро шабакаи дарёҳо, обанборҳо ва обҳои зери заминӣ ташкил менамояд. Захираи умуми обҳо дар ноҳия ба 4000млн. Мкуб баробар аст, ки ин 8% ҳаҷми умуми обҳои кишварро дар бар мегирад. Ноҳия қисмати резишгоҳи поёнии дарёи Панҷро бо шохаҳои Қизилсу, Кӯлоб дара, Яхсу, Тоирсу ишғол мекунад. Дар ҳудуди ноҳия 2 обанбор Муъминобод ва селбур вуҷуд дорад, ҳаҷми оби онҳо ба 54,6 млн.мс баробар меояд.Захираи истифода шавандаи обҳои зери замини 328,0млн.мс баробар аст.

Барои инкишофи саноати химия ғайр аз конҳои нефт,боз захираҳои бузурги намакҳои ошӣ мавҷуд аст. Конҳои калонтарини он Хоҷамуъмин ( бо захираи зиёда аз 30млрд тонна), Хоҷасартез ва Тутбулоқ баҳисоб мераванд.

Ноҳияи иқтисоди Кӯлоб дорои шабакаи инкишофёфтаи нақлиёт мебошад. Ноҳия аз ҷиҳати таъмин будани роҳ дар байни ноҳияҳои иқтисоди яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Дар баробари роҳҳои маҳалли автомобили, боз аз ҳудуди ноҳия шоҳроҳи байналмилали Кӯлоб – Қалъаихумб- Хоруғ- Мурғоб-Кулма ва роҳи оҳани Кӯлоб Қурғонтепа мегузарад. Айрапорти байналмилали шаҳри Кӯлоб ба бисёр шаҳрҳои бурунмарзи роҳи баромад дорад. ҲАмин тавр, пешрафти минбаъдаи соҳаҳои саноату кишоварзи ноҳияи Кӯлоб ба самаранок истифодабари сарватҳои табии ва оқилона ҷойгир кунии соҳаҳои муҳими истеҳмолот зич алоқаманд мебошад.

 

Ноҳияи иқтисоди Рашт

Рашт кишвари куҳсор аст. Масоҳати он 17,1ҳазор километри мураъбаро ташкил менамояд. Қисми асоси онро қатор кӯҳҳо ишғол кардааст. Ин ҳолат ба мавқеъи иқтисоди ба ноҳия таъсири калон мерасонад. Ноҳия дорои релйефи мураккабаст. Дар ин ҷо чандин водиҳои калону хурд мавҷуданд, ки онҳоро аз ҳамидигар қаторкӯҳо ҷудо менамоянд. Аз ҷумла водии Вахш-Сурхоб ва Қизилсу дар баландии 1200то2100 метр ҷойгир шудааст. Водии Оби Хингоб дар баландии 1200-3200метр, водии Муғсу дар баландии 1800то2700 воқеъ гардидаанд. Қаторкуҳҳое, ки водиҳоро иҳота кардаанд, аз сатҳи водиҳо аз сатҳи 1500то3500 метр баланди  мебошанд. Иқлими инҷо нисбат ба иқлими ҷунуби Тоҷикистон, континенталитар аст. Водиҳо бо тобистони гарму муътадили салқин, қаторкуҳо бо иқлими хунукии худ фарқ мекунад. Ҳарорати миёни моҳи июл дар водиҳо аз 16градус-20градус то +24градус дараҷа баланди ва дар моҳи январ аз -3градус то -7-8градус паст мешавад. Дар қатор куҳҳо ҳарорати миёнаи моҳи июли дар минтақаи Субалпи +12-16градус, моҳи январ ба -10-16градус дараҷа баробар аст. Миқдори боришоти солона дар водиҳо ва домана куҳҳо 400-600мм, дар куҳҳо 8000-1200мм-ро ташкил менамоянд. Дарёҳои ноҳия асосан аз барфҳои доими ва пиряхҳои куҳи сарчашма ме гиранд.

Дар ташакулли хоҷагии ноҳия ва мустақилияти он релефи куҳи нақш гузоштааст. Бо ин мақсад соли 1932 роҳи мошингарди Сталинобод (ҳозира Душанбе) – Ғарм сохта шуд.Соли 1940 Роҳи калони Помир Сталинободро бо маркази кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ пайваст. Роҳи Ғарм ба шохаи он табдил ёфт. Зиёда аз 46%-и роҳҳо асфалпуш карда шуданд.

Аҳолии ноҳия 2,65% аҳолии ҷумҳуриро ташкил менамояд. Дар як километри мураббаъ23 нафар рост меояд. Қисми зиёди аҳолиӣ дар водии Сурхоб ва Оби Хингоб зиндагӣ мекунанд. Масоҳати замини кишт 12,4% замини кишоварзиро ташкил менамоянд. Барои зимистон гузаронии чорво, чарогоҳҳои зимистона кифоя нстанд. Ин аст, ки дар фасли зимистон як қисми чорворо дар чарогоҳҳои вилояти Хатлон нигоҳ медоранд.

Соҳаи асосӣ кишоварзӣ, чорводорӣ ва картошка парварӣ мебошад. Онҳо ҳисаи зиёди даромадди кишоварзиро медиҳанд. Солҳои охир боӯдори низ инкишоф ёфта истодааст. Чорводори асосан аз чорвои шохдори калон ва гӯсфандпарварӣ иборат аст. Сифати говҳои маҳали ва гусфандони маҳаллиро бо роҳи бо зотҳои сермаҳсул ҷуфтӣ кунондан беҳтар намуданд.

Саноати ноҳия соҳаи ҷавон буда, дар арафаи ташаккулёбӣ мебошад. Дар айни замон дар ин ҷо истеҳсоли ангишт, коркарди чӯб, дӯзандаги ба роҳ монда шудааст.

Инкишофи минбаъдаи саноати ноҳия ба гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи геологӣ, сохтумони НБО-и Роғун, коркарди сарватҳои табиии мавҷуда ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ вобаста мебошад.

 

 

 

Ноҳияи иқтисоди Бадахшон

Ноҳияи бадахшон дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир шудааст. Масоҳати он ба 63,7ҳаз. Кмквадрат (зиёда аз 44% ҷумҳури) ва аҳолиаш зиёда аз 2012 ҳазор нафар мебошад.

Дар Шарқ Бадахшон бо Хитой( дар масофаи 430км) ва дар Ҷанубу Ғарб бо Афғонистон (дар масофаи 600 км) ҳамсарҳад аст.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Бадахшон хусусияти ба худ хос дорад. Ҳудуди он саросар кӯҳсор буда, дар ин ҷо баландии кӯҳҳои ҷаҳон, куллаҳои доиман барфпушида, пиряхҳҳои доимӣ, биёбонҳои хунук ва хушк баландкӯҳҷойгир шудаанд.

Қисми зиёди масоҳати ноҳияро (95%) пиряхҳо, харсангҳо, нишебиҳо ва заминҳои серсанг ташкил медиҳанд. Бадахшон ба Бадахшони Ғарбӣ Шарқӣҷудо мешавад. Ҳудуди Бадахшони Ғарбиро қаторкӯҳҳои ба таври горизонталӣҷой гирифта ишғол намудаанд: Пушти Олой ( бо қуллаи Истиқлол 7134 м), Ванҷ (5464м), Язгулом (Қуллаи Инқилоб 6974 м ), Рӯшон ( 6000-6100 м), Шуғнон ( 5704 м). Дар ин ҷо боз қаторкӯҳҳои ба таври мередионалӣ:Академияи илмҳо (қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 м), Зулумарт, Шоҳдара ва ғайрар низ ҷойгир шудаанд.

Вобаста ба мавқеи географи ва релёефи маҳал шароитҳои иқлимӣ низ гуногун мебошанд. Ҳарорати минайи моҳи январ Хоруғ -7-8 градус, дар Мурғоб -19-20 градус ва дар Федченко -17-18градус аст. Ҳарорати моҳи июл низ нисбати дишар қисмҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Масалан ҳарорати моҳи июл дар Хоруғ +35 градус, Ҷавшангез +26 градус, Мурғоб + 31 градус ва Қароқӯл +20 градус мерасад. Боришот бошад, дар Бадахшони Ғарби нисбатан ба Шарқи фарқ мекунад. Масалан, боришоти миёнаи солона дар Бадазшони Ғарбӣ то 250мм, вале дар Бадахшони Шарқӣ 100-120мм аст.

Дар ҳудуди бадахшон 500 дарёи калон ва миёна бо дарозии аз 25 то 300 км ба ҳисоб гирифта шудааст. Калонтарини онҳо Панҷ, Вахон, Ғунд, Шохдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ ва Оби хумбоб мебошад.

Дар ҳудуди Бадахшон зиёда аз 900 кғлҳои хурду калон ба қайд гирифта шудаанд. Захираи умумии кғлҳо ба 50 млн. Мкуб баробар мебошад, ки калонтаринион Қарокӯл -26,6 кмкуб, Сарез -17,0 кмкуб ва Зоркӯл -5,7кмкуб ба ҳисоб меравад.

 Аҳоли. Бадахшон чун дигар ноҳияҳои Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ бо суръати баландафзоиш намуд. Агар охири соли 1926 дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аҳолӣ 54,6 ҳазор нафарро ташкил менамуд, пас соли 1979 ба 126,8 ҳазор ва ҳоло аз 215 ҳазорро дар бар мегирад. Ҳоло дар инҷо ҳиссаи тоҷикон ба 94% ва қирғизҳо 5,8% дар бар мегирад. Зичии аҳолӣ низ фарқ мекунад. Масалан агар зичии миёнаи аҳолӣ дар Бадахшони Ғарби дар 1 км квадрати 7,4 нафарро ташкил кунад пас ин нишондиҳанда дар Бадахшони Шарқи ба 0,4 нафар мерасад. Яъне, ба ҳар сар аҳолии ноҳия ба ҳисоби миёна соле аз ҳисоби мардикорон аз 119 то 224 доллари америкои ворид мегардад, ки ин маблағ барои рузгузаронӣ кифоя нест.

Инкишофи соҳаи энергетика дар ноҳя баъди сохтмони нерӯгоҳи Хоруғ (соли 1941) ибтидо мегирад. Минбаъди сохтумони неругоҳи Қалъалихумб (соли 1959), Оқсуй дар Мурғоб (соли 1965), Намадгут дар Ишкошим (соли1971) ва нерӯгоҳи нав Помир-1 дар Хоруғ бунёд гардид.

 

 

 

 

 

Читайте также:

Добавить комментарий