ОЛОТИ АСОСИИ АВТОМАТИКАИ СИСТЕМАИ ЭЛЕКТРИКЇ

Неругоњњои барќ, системаи таъминоти барќ ва ба хусус системаи энергетикї маљмуи мураккабе мебошанд, ки аз миќдори бисѐри љузъњои гуногуну аз рўи рељаи кор бо њам вобаста иборатанд. Баланд бардоштани нишондодњои сифати кори неругоњњои барќ ва системаи энергетикї бе васеъ истифода намудани олотњои автоматика номумкин мебошад. Олоти автоматика ба њайати хизматрасон ѐрї медињад, ки рељаи технологии кори пешбинишудаи нерўгоњњо ва системаи энергетикиро рияо кунад; устувории кори системаи энергетикї ва эътимодияти таъминоти истеъмолкунандагонро бо барќ баланд бардоранд; раванди бартараф намудани садамаро метезонанд. Олотњои дар боло дидашудаи муњофизаи релегї аслан воситањои автоматикаи муњофизавї мебошанд. Олоти автоматикаро шартан ба ду гурўњ људо кардан мумкин аст: олотњои автоматикаи неругоњњо ва автоматикаи системавї.   Олоти асосии автоматикаи неругоњњои барќ инњоянд:   Автоматикаи тайѐркунии сўзишворї ва сўзишворидињї; Автоматикаи тайѐр кардани оби кимиѐвї; Автоматикаи рељаи додашудаи деги буѓї ва турбина; Автоматикаи ба кор андохтан ва истонидани агрегатњо; Синхроникунонии (њамзамонсозии) автоматии генераторњо; Танзими автоматии ангезиши мошинањои синхронї; Нишониши (хоммўш кардани) майдони мошинањои сихронї; Таќсими автоматии борбасти фаъолу реактивї байни генераторњои нерўгоњи барќ; Пайваст кардани автоматии захира.   Олоти зерин ба автоматикаи система дохил мешаванд:   Таќсими автоматии борбаст байни неругоњњои системаи энергетикї; Танзими автоматии басомад (ТАБ-АРЧ) дар система; Танзими автоматии шиддат дар нуќтањои гирењии система; Пайвасти автоматии такрорї (ПАТ-АПВ); […]

Читайте также: