Предмети омор. Усули татќиќоти омори.

Њодиса ва равандњои (протсессњои) љамъиятї дорои хусусиятњои зайл мебошанд: мураккабии табиати моддии онњо, сершаклии муайянкунандаи миќдорї ва сифатї; мањдудияти ададї; серњаракатї; гуногунхелї ва шаклњо, ки дар онњо равандњо (протсессњо) аз рўи ягонагии моњияти худ зоњир мешаванд; алоќамандї дар байни њодисањою аломатњо ва ѓайра. Њамаи њодисањои љамъиятї дорои хусусиятњои сифатї ва миќдорї буда, дар шароитњои муайяни фазо (макон) ба вуќўъ омада, мутаносибан аз рўи давомоти ваќт (замон) таѓйир ёфта инкишоф меёбанд. Хусусияти сифатии њодиса моњият, мазмун ё хосияти аслии дохилии онро ифода месозад. Агар ин хусусияти сифатии њодисањо шабоњати миќдори дошта бошанд, он гоњ онњо бо бузургињо ифода карда шуда, андоза ва њаљми онњо њисоб карда мешаванд, ки ба мазмуни том маънои хусусияти миќдориро доранд. Ягонагии томи хусусиятњои сифатї, миќдорї, фазо (макон) ва ваќт (замон) имкон медињад, ки предмети омўзиши фанни омор муайян карда шавад.

Предмети омўзиши фанни омор-ин тарафњои миќдории маљмўи њодисањои љамъиятї ба алоќамандии зиччи тарафњои сифатии онњо дар шароитњои конкретии фазо (макон) ва ваќт (замон) мебошад. Хусусияти фарќкунандаи предмети омўзиши фанни омор аз дигар фанњои љамъиятї дар он аст, ки вай доимо маљмўи њодисањои љамъиятиро дар ягонагии томи тарафњои сифатї ва миќдорї меомўзад. Агар маљмўи њодисањои љамъиятї танњо дорои як хусусият бошад, њељ гоњ ин маљмўъ ба сифати предмети омўзиши фанни омор баромад карда наметавонад. Масалан, дар илми назарияи иќтисодї мафњуми «арзиши истеъмолї» истифода бурда мешавад. Азбаски мафњуми мазкур- мафњуми абстрактї аст ва андозагирии миќдории он ѓайри имкон аст, њамчун предмети омўзиши фанни омор  шуда наметавонад.

Ифодаи хусусияти миќдории њодисањо бо алоќамандии зичи хусусиятњои сифатии онњо ба воситаи нишондињандаи оморї тавсиф карда мешаванд. Ба ибораи дигар, нишондињандаи оморї мафњуми миќдорию сифатї аст. Њар як нишондињандаи конкретии оморї бо маънои пуррааш аз яќинии миќдорї, сифатї, фазо (макон) ва ваќтї (замон) иборат аст. Мисол, дар соли 2007 њаљми воридшудаи андоз ба буљети давлатии Љумњурии Тољикистон 3695,91 миллион сомониро ташкил медињад (Бюллетени омори бонкї, январ 2008/1 (150)  с. 13).

 

Яќинии миќдорї Яќинии сифатї Яќинии фазо (макон) Яќинии замон (ваќт)
3695,91 Миллион сомонї Андоз чист? (андоз маблаѓњое мебошанд, ки ба буљети давлат ё фонди махсуси давлатї пардохта шуда, дорои хусусияти њатмї ва ѓайриэквивалентї мебошанд). Љумњурии Тољикистон Соли 2008

 

Азбаски њодисањои љамъиятї сершакл ва гуногунхел мебошанд, барои омўзиши амиќ ва  њаматарафаи онњо системаи нишондињандањои оморї истифода бурда мешаванд. Бояд ќайд намоем, предмети омўзиши фанни омор, дар навбати худ усули хоси тадќиќотии худро дошта, дар амалия ба таври муфассал истифода карда мешавад. Тадќиќоти оморї аз се давраи ба њам пайваста иборат буда, дар њар марњилаи он усулњои хос истифода бурда мешавад:

 

Давраи тадќиќот Шарњи давраи татќиќот Усули тадќиќот ва истифодаи он
I 1. Љамъоварии маълумотњои оморї 1.   Мушоњидаи оморї;

1.2. Мушоњидаи омории махсус (мушоњидаи интихобї).

II 2.Коркарди маълумотњои оморї, яъне љамъбасткунї ва гурўњбандии натиљаи мушоњидаи оморї. 2.1. Љамъбаст ва гурўњбандии оморї;

2.2. Бузургињои оморї (мутлаќ, нисбї ва миёна).

2.3. Љадвалњои оморї ва графикњо.

III 3. Тањлили маълумотњои љамъбастї 3.1. Нишондињандањои вариатсия;

3.2. Омўзиши омории алоќа;

3.3. Ќаторњои динамикї;

3.4. Индексњо.

 

Иљрои марњилањои тадќиќоти оморї њамчун методологияи илми омор имкон медињад, ќонуниятњои инкишофи њодисањои љамъиятї ошкор карда шаванд. Сабабњои алоќамандии байни њодисањо муайян карда шуда, омилњои муайянкунандаи онњо муќаррар ва андозагирї карда шаванд.

Усули тадќиќотии омории дар боло нишондодашуда тарзи асосї ё классикї мебошад. Дар шароити иќтисоди бозорї, усулњои оморї ќисми раванди (протсесси) ќабули ќарорњоест, ки имкон медињанд, ќарордодњои стратегии асоснок кор карда баромада шуда, идроки (интуитсияи) мутахассисон бо тањлили амиќи иттилоотњои љойдошта мувофиќ гардонида шаванд. Аз ин сабаб, дар фанни таълимии Бизнес-омор чор давраи тањлили оморї пешкаш карда шудааст:

  1. Банаќшагирии маълумотњои љамъоваришаванда, ки ин давра аз тартибдињии наќшаи муфассали гирдоварии маълумотњо, бо истифодаи хостагирии тасодуфї аз маљмўи генералї иборат аст;
  2. Тадќиќоти пешакии маълумотњо, интихоби маълумотњо аз нуќтањои назари гуногун, ки тасвирнамої ва љамъбасткунии маълумотњоро дар бар мегирад, иборат аст.
  3. Бањодињии бузургињои номаълум;
  4. Тафтиши фарзияњои (гипотезањои) оморї.

 

1.2.             Ташкили омори давлатї дар Чумњурии Тољикистон. Вазифа ва  принсипњои омори давлатї.

 

17 декабри соли 1919 бо Декрети Кумитаи Иљроияи Марказии Љумњурињои Советї Сотсиалистии Туркистон (ЉССТ) Идораи марказии омор (ИМО)-ЉСС Туркистон ташкил карда шуд. Ин аввалин ташкилоти оморї дар Осиёи Миёна буд. Бо ќарори Комиссариати Халќии Советї Низомномаи ИМО — њамчун системаи марказонидашудаи омори давлатї ва ягона тасдиќ карда шудааст. Инчунин, тибќи Ќарори мазкур дастур дода шуд, ки муассисањои омории мањаллї, яъне бюроњои омории вилоятї ва уездї ташкил карда шуда, тайёр кардани оморшиносњо дар курсњо ташкил карда шаванд ва дар соли 1920 якумин барўйхатгирии ањолї, саноатї ва кишоварзї гузаронида шавад.

Ба ЉСС Туркистон камтарин ќисми шимолии Тољикистони имрўза дохил мешуд. 14 октябри соли 1924 сессияи 2-и Кумитаи Иљроияи Марказии Умумироссиягї ќарорро «Дар бораи худмуайянкунї» тасдиќ карда, ЉСС Туркистон аз њайати РСФСР бароварда шуд. Љумњуриятњои миллї ташкил карда шуданд. Аз љумла дар њайати ЉСС Узбекистон ЉАСС Тољикистон ташкил карда шуд. Соли 1924 шумораи умумии ањолии ЉАСС Тољикистон 750 њазор нафарро ташкил дода, 70 фоизи онро тољикон ташкил медоданд.

15 декабри соли 1924 маљлиси Кумитаи инќилобии ЉСС Узбекистон бо вакилии ИМО-и ЉИСС (Љумњуриятњои Иттифоќи Советї Сотсиалистї) баргузор гардид. Дар ин маљлис масъалаи «Дар бораи вазъият ва наќшаи кори ИМО»-и ЉСС Узбекистон барраси гардида, ќарор доир ба ташкили маќомоти омории ЉАСС Тољикистон ќабул карда шуд. Албатта дар ЉАСС Тољикистон идораи маркази омори алоњида ташкил карда нашуда, балки вакилии (намояндагии) ИМО-и ЉСС Узбекистон бо дастгоњи худ људо карда шуд.

Дар шањри Душанбе 15 октябри соли 1929 анљумани 3-и Фавќулодаи Шўрои Тољикистон баргузор гардид ва дар ин анљуман яке аз масъалањои асосї, ин табдил додани ЉАСС Тољикистон ба Љумњурии Совети Сотсиалистии Тољикистон (ЉССТ) буд. 16 октябри соли 1929 анљумани фавќуллода эъломияи ташкилёбии ЉСС Тољикистонро ќабул карда њукумати Љумњурии Тољикистон ташкил карда шуд. Ба њайати Шўрои Комиссариати Халќї, инчунин ИМО-и ЉСС Точикистон дохил карда шуд.

Баъд аз ташкилёбии ИМО-и ЉСС Тољикистон то инљониб маќомоти омори давлатии љумњурї аз рўи чунин номгузорихо ташаккул ёфта фаъолият кардааст:

 

 

т/р Номи маќомоти омори давлатї Солњо
Идораи маркази омори ЉСС Тољикистон 1929-1930
Сохтори иќтисодї-оморї ЉСС Тољикистон 1930-1931
Бюрои маркази њисобдорї ва плонии Госплони ЉСС Тољикистон 1931-1932
Идораи њисобдории хољагихалќии назди Госплони ЉСС Тољикистон. 1932-1933
Идораи њисобдории хољагихалќии Госплони ЉСС Тољикистон. 1933-1941
Идораи омори Уполсоюзи Госплони ЉСС Тољикистон. 1941-1948
Идораи омори назди Совети Вазирони ЉСС Тољикистон. 1948-1960
Идораи маркази омори назди Совети Вазирони ЉСС Тољикистон 1960-1975
 Идораи маркази омори ЉСС Тољикистон 1975-1987
Кумитаи давлатии ЉСС Тољикистон доир ба омор 1987-1993
Саридораи омори миллии вазорати иќтисодиёт ва ояндабинии Љумњурии Тољикистон. 1993-1994
Агенти давлатии омори назди њукумати Љумњурии Тољикистон 1994-2000
Кумитаи давлатии омори Љумњурии Тољикистон 2001 то инљониб

 

Айни замон, ташкили омори давлатї мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи омори давлатї», ки 15 маи соли 1997 тањти раќами 431 ќабул шудааст, сурат мегирад. 22 апрели соли 2003 ва 30 декабри соли 2005 Ќонуни Љумњурии Тољикистон Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи омори давлатї» ќабул карда шуданд.

Мувофиќи моддаи 4-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи омори давлатї» маќомоти омори давлатии Љумњурии Тољикистон иборат аст аз Кумитаи давлатии омор ва маќомоти омори њудудии тобеи он, ки љамъоварї, назорат, коркард, тањлил, љамъбаст, интишор ва њифзи маълумотро ба амал мебароранд. Маќомоти омори давлатї вазифадоранд, ки методологияи оморро мувофиќи стандартњои байналмиллалии омор тањия намуда, ашхоси њуќуќии њисоботдињанда ва дигар субъектњои хољагидориро бо маълумоти зарурии оморї ва шаклњои њисоботии зарурии оморї таъмин кунанд; мушоњидањои омории давлатиро мувофиќи барномањои муќарраргардида ба роњ монда, маќомоти њокимияти давлатї ва идории маълумоти омориро дар бораи вазъи иљтимоию иќтисодии љумњурї таъмин намоянд ва ѓайра.

Вазифањои асосии омори давлатї инњоянд:

—тањияи методологияи илман асосноки оморї, ки ќиёспазирии маълумотро мутобиќи системаи байналмиллалии стандартонї таъмин мекунад;

—љамъоварї, коркард, тањлилу љамъбасти маълумоти оморї, ки инкишофи иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистонро тавсиф менамояд ва назорати баамалбарории фаъолияти омори давлатї;

—пешнињоди маълумоти оморї ба маќомоти њокимияти давлатї, идорї ва расониданї он то доираи муайяни истифодакунандагон;

—њамкории байналмиллалї, љалб ва истифодаи маълумоти оморї дар бораи дигар давлатњо ва љомеаи љањонї.

 

Принсипњои асосии омори давлатї инњо мебошанд:

воќеият, дурустї ва мустаъќилияти маълумоти оморї, љамъоварии бањангом, муназзамии системаи маълумот ва пуррагии ахбори оморї, ќиёспазирии маълумоти оморї дар системаи њисобкунии нишондињандањои асоси бо омори дигар давлатњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил

Читайте также:

Добавить комментарий