СИСТЕМАИ ТАЪМИНОТИ БАРЌ

Системаи таъминоти барќ, ки аз шабакањои шиддати то 1000 В ва аз он зиѐд, зеристгоњњои трансформаторї ва табдилдињандагї иборат мебошад, барои бо энергияи электрикї таъмин намудани истењсолот дар намуди љараѐни таѓйирѐбандаи сефазаю якфазаи басомаду шиддати гуногун ва љараѐни доимї хизмат мекунад. Системаи таъминоти барќи корхонањои саноатї зерсистемаи системаи энергетикї буда, таъминоти комплексии истеъмолкунандагони саноатї, наќлиѐт, хољагии коммуналї ва кишоварзиро бо энергияи барќ ба уњда дорад. Дар навбати худ системаи таъминоти барќи корхонаи саноатї зерсистемаи системаи технологии истењсолоти ин корхона буда, ба барќтаъминкунї талаботњои муайян пешнињод мекунад. Системаи мазкур (аз воридљой то ќабулкунакњои охирини энергияи электрикї) бояд таѓйирпазир (гибкая) буда, ба инкишофи доимии технология, афзоиши тавонии корхона ва таѓйирѐбии шароитњои истењсолї мувофиќ бошад. Бо сифатњои зикршуда системаи таќсимоти энергияи электрикии корхонањо аз системаи энергетикии ноњиявї, ки дар он љойњои истеъмол ва тарзи интиќоли энергияи электрикї босуботтар (стабильно) мебошад, фарќ мекунад. Масъалањои асосие, ки њангоми тадќиќот, лоињакашї, иншооту бањрабардории системаи таъминоти барќи корхонањои саноатї њал мешаванд, дар муфидтар намудани нишондињандањои ин система бо роњи интихоби дурусти шиддат, муайян намудани борбасти электрикї ва талабот ба таъминоти бетаъхири (бетанаффуси – бесперебойность) энергия, оќилона (рационально) интихоб намудани миќдору иќтидори трансформаторњо, табдилдињандањои љараѐну басомад, конструксияи шабакањои саноатї, воситањои љуброни тавоноии реактивї ва танзими шиддат, воситањои симметрикунонии […]

Читайте также: