СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКЇ ЧУН АСОСИ ЭЛЕКТРИКУНОНЇ

Системањои электрикї ба чунин талаботњои асосї бояд љавобгў бошанд: Ќимати љории тавоноии кории неругоњњои барќ бояд ба талаботи кунунии истеъмолкунандагони энергияи электрикї (бо назардошти талафот дар шабакањо ва сарф ба эњтиѐљи худї), ки бетаъхир таѓйир меѐбанд, мувофиќ бошад; Эњтимодияти таъминоти барќ бояд ба талаботи иќтисодии истеъмолкунандагон мувофиќ бошад; Сифати энергияи электрикии пешнињодшуда бояд ба талаботи меъѐрњои љорї мувофиќ бошад; Арзиши аслии (себестоимость) энергияи электрикї, ки истењсол шуда, ба истеъмолкунандагон расонида мешавад, бояд то њадди имкон пасттар бошад.   Раванди истењсол, таќсимот ва истеъмоли гармї ва энергияи электрикиро бо воситаи блок схемаи зерин тасвир кардан мумкин аст, ки дар расми 2.1 оварда шудааст. Манбаи ибтидоии энергия (об, ангишт, газ, нафт, консентрати уран, офтоб, бод ва њ.) ба ин ѐ он табдилдињандаи энергия (турбинаи обї, деги буѓї ва турбинаи буѓї, реактори атомї, батареяи офтобї, чархи бодї ва њ.) ворид шуда, дар баромад аз он энергияи электрикї ва ѐ энергияи электрикию гармї ба даст оварда мешавад. Бо маќсади баланд бардоштани эътимодияти таъминоти истеъмолкунандагон бо энергияи электрикї ва ба даст овардани самараи муайяни иќтисодї нерўгоњњои барќ барои кори параллелї (мувозї) бо њам дар системаи энергетикї муттањид карда мешаванд. Системањои энергетикї асоси электрикунонии мамлакат мебошанд. Муттањид намудани неругоњњои барќ дар системањои энергетикї дорои як ќатор […]

Читайте также: