Ташкил, банаќшагири ва хизматрасонии чойхои кори

Яке аз шартњои муњими таъмини њосилнокии баланди мењнат, дар њама гуна шаклњои таќсимот ва кооператсияи  мењнат, ташкил ва хизматрасонии оќилонаи љойњои корї се элементи муњимтарини љараёни истењсолот – предметї мењнат, воситаи мењнат ва ќувваи корї ба њам пайваст мешаванд, ки дар натиљаи он мањсулоти нав ба вуљуд меояд. Аз ин рў,  ба ташкили љойњои корї ањамияти махсус дода мешавад.

Љои корї – ќисме аз фазои истењсолї бо тамоми  таљњизотњои асосї, ёридињанда, технологї ва дигар асбобу анљомњои дар он љо љойгиркардашуда мебошад, ки барои иљрои ягон намуди муайяни кор лозиманд. Дар дохили љои корї минтаќањои корї људо карда мешавад, ки њамаи амалиётњои мењнатии коргар  дар он минтаќа иљро карда мешавад.

Њамаи  љойњои корї аз рўи як ќатор аломатњо таснифот карда мешавад.

Чунончи аз рўи дараљаи механизатсия онњо ба панљ гурўњ таќсим карда мешаванд: дастї, мошини-дастї, механиконидашуда, автоматкунонидашуда ва дастгоњї.

Њангоми кори дастї дар љои корї њамаи љараёни кор ба даст ва истифодабарии асбобњои дастї иљро карда мешавад.

Сарчашмаи асосии энергия дар ин њол ќувваи љисмонии худи коргар ба њисоб меравад.

Ба љойњои кори мошинї-дастї коркарди предмети мењнат бо  механизми мењнат аз њисоби энергияи беруна (электрикї, буѓї, кинетикї ва ѓайра), вале бо иштироки бевоситаи худи коргар дохил карда мешавад. Мисол, дастгоњњои дастии оњанбурї ё ки чуббурї, ки њангоми кори  онњо  коргар бевосита дар љараёни мењнат иштирок мекунад.

Љойњои кори механикунонидашуда аз   љойњои кори дастї ва мошинї-дастї бо он фарќ мекунад, ки љараёнњои асосии технологиро пурра мошинаву  механизмњо иљро мекунанд, коргар бошад, танњо функсияи идоракунии  мошинро иљро мекунад, яъне энергияи инсон танњо барои идоракунї харљ мешавад, на барои таѓйири бевоситаи предмети мењнат. Мисол, љойњои кори станокчињои нимавтоматї, ронандагон, эксковаторчињо, булдозерчињо ва бисёр касбњои дигар, ки мошин кор мекунад, вале мустаќилона не, балки бо идоракунии  доимии инсон.

Дар љойњои кори автоматикунонидашуда тамоми љараёни технологияро станок, мошина ё  агрегати  автоматї бе иштироки инсон иљро мекунад. Коргар танњо функсияи даргиронидану хомўш кардани мошинањоро иљро мекунад, ва дар њолати зарурї љараёни кори мошинаро назорат менамояд. Дар ин њолатњо ќисми зиёди ваќти оперативе, ки сарфа карда мешавад, имкон медињад, хизматрасонии бисёрстанокї ба роњ монда шавад.

Љойњои  кори дастгоњї бо аппаратњои гуногун муљањазонида шудаанд. Чун дар љойњои кори автоматї, коргар љараёнњои дастгоњиро назорат намуда, дар њолотњои зарурї танзим менамояд.

Аз рўи аломатњои махсусгардонї. Љойњои корї бо љойњои кори махсусгардонидашуда ва унверсалї људо карда мешаванд. Дар љойњои кори махсусгардонидашуда, ки бо таљњизотњои махсус муљањазонида шудаанд, корњои якхела ва бо њам монанд иљро карда мешаванд. Дар љойњои кори универсалї бошад, намудњои гуногуни корро иљро намудан мумкин аст, зеро љойњои кори универсалии бо таљњизотњои универсалї, ё намудњои гуногуни станоку мошинањо муљањазонида шудаанд.

Аз рўи таќсимоти мењнат ду типии љойњои корї људо карда мешаванд: фарди ва коллективї. Дар љойњои кори фардї танњо як нафар кор мекунад. Дар љойњои кори коллективї бошад, коллективи коргарон якљоя кор мекунанд. Мисол,  дар  шароити ташкили бригадавии мењнат, дар шароити хизматрасонии агергатњои бузург ва ѓайра. Ќобили ќайд аст, ки дар ин њолатњо ањамияти махсусро интихоби кадрњо, таќсимоти оќилонаи  функсияњои мењнатї байни  иљрокунандагон ва бањогузории объективии сањми мењнатии њар як коргар касб менамояд.

Вобаста аз шумораи таљњизотњои хизматрасонї, љойњои корї ба љойњои кори якстанокї ва бисёрстанока људо карда мешаванд.

Њангоми хизматрасонии бисёрстанокии ду ва зиёда љой корї, бояд имконияти коргар ба назар гирифта шавад, ки оё метавонад ба навбат корї станокњоро назорат бикунад. Ин дар сурате имконпазир аст, ки агар ваќти хизматрасонии њар як  станок ва фосилаи байни он оќилона муќаррар карда шуда бошад. Комилан равшан аст, ки чунин    хизматрасонї танњо дар шароити автоматизатсияи пурраи истењсолот ќобили ќабул аст.

Нб.с.-   шумораи меъёрї хизматрасонии бисёрстанока;

Тма —  ваќти машинї- автоматии кор бо як станок;

Тхиз —  ваќти хизматрасонии як станок;

Тгуз — ваќти гузариш аз як станок ба станоки дигар.

Аз рўи аломати муътадилнокї љойњои корї ба љойњои кори доимї ва муттањарик људо карда мешаванд. Дар љои корї доимї таљњизот тавре љойгир карда шудааст, ки коргар доим дар як љой истода кор мекунад  (мисол, љойњои кори станокчињо, васлгарон, таъмиргарон ва ѓайра). Дар љойњои кори муттањарик бошад, коргар доим дар њаракат аст (мисол сохтмончиён, дењќонон, коркунони конњо ва ѓайра).

Ин аст таснифоти мухтасари љойњои корї аз рўи аломатњои фарќкунандаи онњо.

Ќобили ќайд аст, ки ташкили љойњои корї новобаста аз таснифоташон, бояд љавобгўи як ќатор талаботњои умумї бошанд. Ин талаботњоро метавон, таќрибан, бо се калима ифода намуд: муљањазгардонї, банаќшагирї ва хизматрасонї. Ин њар се унсурњои ташкилї ањамияти нињоят муњим доранд, ки месазад, онњоро дар алоњидагї баррасї намоем.

Зери мафњуми муљањазгардонии љойњои корї маљмўи воситањои мењнатии дар он љойгир карда шуда фањмида мешавад, ки ба онњо дохил мешаванд таљњизотњои технологии асосї ва ёридињанда, асбобњои технологї ва ташкилї, воситањои алоќа ва сигнализатсия, воситањои њифзи мењнат ва техникаи бехатарї.

Ба таљњизотњои технологї — станокњо, мошинњои корї, агрегатњо, хатњои автоматикї, дастгоњи технологї ва ѓайра дохил мешаванд. Яъне њамаи воситањое, ки дар љараёни истењсолоти асосї истифода бурда мешавад.

Ба таљњизотњои  ёридињанда транспортерњо, ролангњо ва дигар воситањои наќлиётї, њар гуна воситањои борбардорї ва ѓайра дохил карда мешаванд.

Ба њайати асбобњои  технологї  воситањои ченкунї, баркашї, буриш  ва дигар асбобњои гуногун дохил мешаванд.

Ба асбобњои ташкилї бошад – мебелњои истењсолї, зарфњои холї, воситањои сигнализатсия, алоќа, воситањои равшандињї, воситањои њифзи мењнат ва техникаи бехатарї њамроњ карда шудаанд. Дар њар як соњаи саноат рўйхати муфассали воситањои муљањазгардонии љойњои корї оварда мешавад.

Зери мафњуми банаќшагирии љойњои корї оќилона љойгир кардани се унсури муњимтарини истењсолот: предмети мењнат, воситаи мењнат ва ќувваи корї, дар фазои љой кор фањмида мешавад. Вобаста бо ин љойгиркунии  воситаи мењнат ва предмети мењнат бояд љавобгўи ин ду талабот бошад: аз як тараф боиси тангу-торикшавии љои корї нагарданд, аз тарафи дигар, бару биёри зиёдатии воситањои мењнатиро ба наздикии предмети мењнат ё баръакс, эљод накунанд. Халалдоркунии принсипњои љойгиркунии оќилонаи воситањо ва предмењои мењнат, одатан, ба харољотњои зиёдатии ваќти корї ва энергияи коргарон, ба пеш аз мўњлат мондашавї ва коњиши њосилнокии мењнат оварда мерасонад. Барои  оќилона ба наќша гирифтани љойњои корї риояи принсипњои зерин тавсия карда мешавад:

  • Њаљми љои корї бояд ба таври минимали тавре муайян карда шавад, ки барои иљрои озодонаи њамаи амалиётњои мењнатї, бо назардошти нишондињандањои антропометриї кофї бошад.
  • Љойгиркунии таљњизот бояд дар минтаќаи асосии корї амалї карда шавад, ба тавре, ки органњои идоракунии он ба дастрасии коргар ќарор дошта бошанд.
  • Тарзи истодаи кори коргар бояд барои ў мувофиќ ва ќуллай бошад, ба тавре, ки њаракатњои зиёдатї ва харљи энергияи аз меъёр  зиёдро боис нагардад. Њангоми на он ќадар душвор будани кор (то 5 кг) њолати «нишаст» њангоми аз 5 то 10 кг бурдани вазн – њолати ивазшавандаи «нишаст» ва «истода» ва вазн њолати «истода» тавсия карда шавад.
  • Љои корї бояд бо воситањои равшандињанда, занг ва техникаи бехатарї тавре муљањазонида шуда бошад, ки коргар тавонад дар њолатњои зарурї аз онњо озодона истифода барад.
  • Баландии љои корї, љои нишаст ва зерпояњо низ аз ањамият холї нест. Ба њар сурат ин нишондињандањо низ  мувофиќи хусусиятњои техникиву технологии истењсолот бояд ба тарзи истоди коргар мувофиќу ќулай бошанд.
  • Њамчунин риояи таносуби оќилонаи фосилаи байни чашмони коргар ва объекти коргар ва объекти кор аз ањамият холї нест. Њангоми иљрои корњои махсусан даќиќ – то 25см, њангоми иљрои корњои даќиќ- 25-35 см,  њангоми иљрои корњое, ки  биниши баландро талаб намекунанд, 35-50 см ва њангоми корњое, ки ањамияти биниш надоранд, аз 50 см зиёд фосила тавсия карда мешавад.

Хизматрасонии љойњои корї унсури сеюм ва махсусан муњими ташкили мењнат дар шароитњои истењсолї шуморида мешавад. Он маљмўи чорабинињои куллиро оиди таъмини љой корї бо воситањо ва предмети мењнат ва оиди расонидани њар гуна хадамоти характери истењсолї дошта ифода мекунад. Хизматрасонї —  бисёр љойњои кори махсусгардонидашуда ва участкањои истењсолиро бо њам чун як организми функсионалии самаранок мепайвандад. Бидуни ташкили низоми оќилонаи хизматрасонии љойњои корї ба комёбињои илмиву- техникї ва иќтисодиву- иљтимої ноил гаштан номумкин аст.

Читайте также:

Добавить комментарий