Таърихи пайдоиши бонкхо дар Точикистон

Низоми бонки дар каламрави Точикистони имруза баъд аз таъсиси Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон огоз ёфт. Нахустин муассисаи бонкии Точикистон — Намояндагии Бонки давлатии Иттиходи Чамохири Шуравии Сотсиалисти (ИЧШС) дар шахри Душанбе мохи июни соли 1925 ташкил гардид, ки ба Идораи дар Осиёи Миёна будаи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Тошканд тобеъ буд. Мохи декабри хамон сол Намояндагии Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе ба Идораи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе табдил дода шуд. Мохи октябри соли 1934 Идораи Бонки давлатии ИЧШС дар шахри Душанбе ба тобеъияти бевоситаи Бонки давлатии ИЧШС гузашт ва ба худ номи Идораи Точикистонии Бонки давлатии ИЧШС-ро гирифт. Соли 1935 бо 24 бахш (филиал) ба корхонаю шахсони чудогона хизмати бонки мерасонд. Бахшхои Бонки давлати дар нохияхои зерин фаъолият менамуданд: Кургонтеппа; Кулоб, Гарм, Панчакент, Хучанд, Уротеппа, Конибодом, Хоруг, Исфара, Обигарм, Бауманобод, Шахринав, Янгибозор (хозира Кофарнихон), Чиликул, Куйбишев (хозира Хочамастон), Шахритус, Муъминобод, Кангурт, Фархор, Нов, Ашт, Кагановичобод (хозира Колхозобод), Куктош, Хисор. Дар соли 1942 филиалхои Бонки давлати то ба 42 ва дар соли 1987 бошад то ба 59 адад расид.

Аз соли 1959 то соли 1987 дар чумхури асосан се бонк, яъне Идораи Чумхуриявии Бонки давлатии ИЧШС, Идораи Чумхуриявии Бонки сохтмони ИЧШС ва Бонки амонатгузори фаъолият мекарданд.

Соли 1987 дар асоси Карори Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти Иттиходи Шурави ва Шурои Вазирони ИЧШС тахти № 821 аз 17 июли соли 1987 дар Иттиходи Шурави ислохоти бонки гузаронида шуд ва дар асоси ин карор низоми бонкии зерин ташкил карда шуд:

Бонки давлатии ИЧШС;

Бонки фаъолияти иктисодии хоричии ИЧШС;

Бонки саноату сохтмони ИЧШС;

Бонки агросаноатии ИЧШС;

Бонки хочагии манзилу коммунали ва рушди ичтимоии ИЧШС;

Бонки амонатгузори ва карздихи ба ахолии ИЧШС.

Баъдан бо Карори Шурои Вазирони ИЧШС тахти № 1118 аз 6 октябри соли 1987 муайян карда шуд, ки дар чумхурихо, аз чумла дар Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон бонкхои чумхуриявии зерин ташкил карда шаванд:

Идораи Чумхуриявии Бонки давлатии ИЧШС;

Идораи  Чумхуриявии Бонки саноату сохтмони ИЧШС;

Идораи Чумхуриявии Бонки рушди манзилию ичтимоии ИЧШС;

Идораи Чумхуриявии Бонки амонатгузории ИЧШС.

Аз сабаби он ки ба тамоми ахолию субъектхои хочагидори Бонки давлати, Бонки сохтмон ва Бонки амонатгузори хизмат мерасониданд, баъд аз ташкил шудани бонкхои дар боло номбурда, вазифаи бонкхои амалкунанда, байни хамаи бонкхо таксим карда шуданд.

Дар ин давра Бонки давлатии ИЧШС низоми пулию карзиро тавассути идорахои дар чумхурихо мавчуд буда, идора намуда сиёсати ягонаи пулию карзии мамлакатро тартиб медод, фаъолияти бонкхои дигарро танзим ва назорат мекард. Баъдтар, яъне соли 1991, Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Чумхурии Точикистон», ба Карори худ аз 28 июни соли 1991 раками 332 Бонки миллии Чумхурии Точикистонро таъсис дод. Соли 1996 мувофики Карори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон номи Бонки миллии Чумхурии Точикистон ба Бонки миллии Точикистон табдил дода шуд. Холо Бонки миллии Точикистон ба сифати бонки маркази фаъолият намуда, сиёсати пулию карзии мамлакатро тартиб медихад, талаботхои онро амали мегардонад ва фаъолияти бонкхои тичоратиро танзим менамояд.

Читайте также:

Добавить комментарий