Ченкунии мехнат чун асоси бамеъёргирии он

Чуноне ки ќаблан низ тазаккур дода будем, њар як раванди мењнатї дар ваќт љараён мегирад. Маќсади раванди истењсолот, воситањои истифодашавандаи мењнатї, предмети мењнат, усулњои истифодашавандаи корї ва ѓайра ба давомнокии љараёнњои алоњидаи мењнатї бетаъсир намемонанд. Ба ташкили оќилонаи мењнат њиммат гузошта истода, наметавон оиди њаллу фасли мушкилоти сарфакорона истифодабарии ваќти корї бетавофут монд. Ваќти корї  категорияест, ки бозгашт надорад ва ваќти аз дастрафта ба њељ ќиммат баргардонида намешавад, аз ин рў самаранок истифодабарии њар як элементи таркиби ваќти корї,  зарур ва њатмї мебошад. Барои ин пеш аз њама бояд мењнат чен карда шавад.

Чен кардани мењнат чї маъно дорад? Оё мумкин аст? Агар, ња, пас чї гуна?- ин саволњоеанд, ки баъд аз шунидани ибораи «чен кардани мењнат» дар зењни њар як мову шумо пайдо шуданашон мумкин аст. Дар њаќиќат барои иљрои як ќатор вазифањои иќтисодї мењнат чен карда мешавад, вале на бо метр ё ягон асбоби дигар, балки дар адабиёти иќтисодї зери мафњуми ченкунии мењнат, муќаррар кардани ваќт барои иљрои ягон кори мушаххас фањмида мешавад. Яъне ба сифати воситаи ченкунии мењнат ваќт баромад мекунад.

Ченкунии мењнат оиди харољоти њаќиќии ваќт маълумот медињад. Харољотњои эњтимолии ваќти кориро бошад, тавассути бамеъёргирии мењнат муайян мекунанд.Њамин тавр ба воситаи чен кардани мењнат се вазифаи муњим њал карда мешавад:

  1. Муайян кардани харољоти њаќиќи ваќти корї барои иљрои ягон амалиёт, намуди кор элементњои таркиби онњо (њаракат ё усули мењнатї).
  2. Ошкор кардани таркиби харољоти ваќти корї дар давоми рўзи корї ва ягон ќисми рўзи корї ва бањогузории оќилона истифодашавї ва зарурияти он.
  3. Бунёди базаи њисобњои пешакии харољот ваќти корї — яъне бамеъёргирии мењнат.

Барои чен кардани мењнат усулњо ва воситањои гуногун истифода бурда мешаванд. Аммо усулњо асоситарин инњо ба шумор мераванд: бааксгирии ваќти корї, хронометраж ва усули мушоњидањои лањзавї.

Бааксгирии ваќти кориро дар њолати ба миён омадани зарурати омўзиши харољоти ваќти корї, дар давоми рўз ё ќисме аз он истифода мебаранд. Ин љо истилоњи «бааксгирї», аз тарафи мушоњидачї ќайд кардани харољотњои ваќти кориро дар вараќаи махсус, ифода мекунад. Њангоми ин амал мушоњидачї  бояд соати аќрабакаш сониянишондењро истифода барад. Мушоњидачї аксгириро аз оѓози рўзи корї шурўъ карда, дар лањзаи анљоми рўзи корї ба итмом мерасонад.

Бааксгирии ваќти кориро метавон бо маќсадњои гуногун истифода бурд. Аввалан, он бо маќсади муайян кардани оќилона сарфшавии ваќти корї, ошкор кардани сабабњои гуногуни талафоти ваќти корї, ва кор карда баромадани чорабинињои бартараф кардани ин камбудињо истифода бурда мешавад Дар ин њолат бааксгирии ваќти корї бе таѓйирот даровардан ба шакли ташкилии амалкунанда, амалї карда мешавад. Ба сифати объекти мушоњида, дар ин њолат бояд, њамаи коргарони дар участкаи мазкур машѓули кор буда ќарор гиранд.

Маќсади дуюм аз истифодаи бааксгирии ваќти корї, омўзиши усулњои нави ташкили мењнат ба њисоб меравад. Дар асоси ин омўзиш пањлўњои манфию мусбии  шакли навташкили мењнат дар самти самаранок истифодабарии ваќти корї, ошкор карда мешавад, ки дар оянда барои ба як ќарори дурусту оќилона омадан хизмат менамоянд. Дар ин њол ба маќсад мувофиќ аст, ки ба сифати объекти мушоњида њамон коргароне ќарор гиранд, ки бо шакли нави ташкили мењнат кор мекунанд.

Маќсади сеюм аз истифодаи ин усул муќоисаи сарбории њаќиќи коргар бо сарбории имконпазири ў, дар њолати амалї кардани ягон чорабинии ташкилї- техникї мебошад. Дар  ин њолат бааксгирии  ваќти корї, то љорї кардани чорабинии банаќшагирифташуда, вале баъди бартараф кардани талафоти ваќти корї амалї карда мешавад. Маълумотњое, ки аз натиљањои бааксгирии ваќти корї ба даст меоянд, барои муайян кардани имкониятњои баланд бардории њосилнокии мењнат аз њисоби бењдошти ташкили мењнат ва истењсолот  ва њамчунин аз њисоби кор карда баромадани меъёрњои оќилонаи ваќти корї истифода бурда мешаванд.

Вобаста ба объекти мушоњида, бааксгирии ваќти корї се намуд мешавад:

  1. бааксгирии истифодабарии ваќти кори коргарон (фардї, гурўњї, маршрутї, худааксгирї);

2.бааксгирии ваќти истифодабарии таљњизот;

3.бааксгирии љараёни истењсолої.

Ба таври васеъ бештар бааксгирии фардї истифода бурда мешавад, ки объекти мушоњидаи он як коргар дар љои муайяни корї мебошад. Он имкон медињад, ки харољоти ваќт пурра ва њаматарафа омўхта шавад.

Њангоми бааксгири гурўњи дар як ваќт якчанд коргар дар зери мушоњида ќарор мегирад, ки њар яке онњо кори муайянеро дар љои кории муайян иљро мекунанд. Баъд аз фосилањои муайян (1-2 даќ.) мушоњидачї хулосањои мушоњидаи худро оиди њар як љои корї дар вараќаи махсус ќайд кардан мегирад. Яке аз намудњои бааксгирии гурўњї бааксгирии бригадавї мебошанд, ки бо маќсади муайян кардани мувофиќати фаъолияти аъзоёни бригада ва муќаррар кардани дараљаи сарбории њар яки онњо амалї карда мешавад.

Барои омўзиши харољоти ваќти кори коргароне, ки аз якдигар људо – људо, дар минтаќањои гуногуни корхона, учаска ё сех љойгир шудаанд, бааксгирии маршрутии ваќти корї истифода бурда мешавад, ки дар давоми он мушоњидакунанда аз рўи маршрути муайян љойњои кори тадќиќшавандаро гардиш мекунад ва баъд аз фосилањои муайяни ваќт (3-4даќ.) хулосањои мушоњидашудаашро ќайд кардан мегирад.

Худаксгирии рўзи корї дар он ифода меёбад, ки коргар худ талафоти ваќти кориашро ќайд кардан мегирад. Ин усули бештар самараноки мубориза бар зидди талафотњои ваќти корї мебошад, зеро доираи васеъи коргаронро ба ошкор кардани сабабњои талафёбии ваќти корї ва бартараф кардани он љалб менамояд. Аммо ин усул як камбудї низ дорад ва ин камбудї ѓайриэътимоднок будани маълумотњо оид ба талафоти ваќтњоест, ки бо интизоми мењнат алоќамандї дорад.

Бааксгири ваќти истифодабарии таљњизот – ин мушоњидаи кори таљњизот ва ќайд кардани талафотњои он мебошад. Он бо маќсади муайян кардани самаранок истифодабарии таљњизот ва харољоти ваќти кори онњое, ки ба хизматрасонии таљњизоти тадќиќшаванда машѓуланд, амалї карда мешавад.

Бааксгирии љараёнњои истењсолї њангоми љараёнњои дастгоњї (термикї, галванї, литейнї) истифода бурда мешавад Ин омўзиши баробари ваќти кори иљрокунандагон, ваќти истифодабарии таљњизот ва низоми кори онњо мебошад.

Хронометраж – ин усули омўзиши харољотњои ваќти корї бо роњи мушоњида ва ченкунии элементњои алоњидаву такроршавандаи амалётњои истењсолї мебошад. Фарќи асосии хронометраж аз бааксгирии ваќти корї дар он аст, ки объекти омўзиш  њангоми гузаронидани хронометраж на рўзи корї, балки амалиётњои алоњидаи истењсолї ё ин, ки ягон элементи он, ба њисоб меравад. Њангоми гузаронидани хронометаж низ мушоњидачї вараќаи махсусро бо худ мегирад, ки дар он харољоти ваќтро барои иљрои элементњои алоњидаи  амалиётњо ќайд кардан мекунад. Аммо ба љои соат дар ин њолат танњо сониясанљро истифода мебарад, зеро давомнокии амалиётњо метавонанд, хеле кўтоњ бошанд.

Хронометажро бо маќсадњои зерин гузаронидан мумкин аст:

  • муќарар кардани меъёри ваќт барои иљрои амалиёт;
  • тафтиш ва аниќкунии меъёрњои истифодашаванда;
  • омўзиши усулњои кори коргарони пешќадам;
  • дарёфти маълумотњои ибтидої барои кор карда баромадани меъёри ваќт барои иљрои элементњои алоњидаи корњои дастї ва мошини-  дастї.

Се тарзи гузаронидани хронометраж фарќ карда мешавад: умумї, интихобї, давравї. Њангоми хронометражкунии умумї њамаи элементњои амалиёт паи њам омўхта мешаванд. Њангоми хронометражкунии интихобї бошад, танњо усулњо ва элементњои алоњидаи амалиёт мавриди омўзиш ќарор мегирад.

Хронометражкунии даврї бошад камее мураккабтар аст: мавриди омўзиши он гурўњи усулњо, харакатњо ва амалњое ќарор мегиранд, ки давомнокиашон нињоят кўтоњ аст ва дар алоњидагї чен кардани онњо номумкин бошад.

Усули мушоњидањои лањзавї, тадќиќу омўзиши харољоти ваќти корї, дараљаи сарбории коргарон ва истифодабарии таљњизотњоро дар ваќт, дар асоси мушоњидањои интихобї, ки дар лањзањои тасодуфан интихобшуда гузаронида мешаванд, ифода мекунад. Ин усул аввалин бор солњои 1922-1925 ба миён омада ва дар саноати нассољї истифода бурда шуда буд, ки дар он ваќт усули «гардиши дастгоњњо» номид мешуд.

Усули мушоњидањои лањзавї имкон медињад, ки бузургии харољоти ваќти корї, бе ифодаи ченкуни умумї, бо роњи ќайд кардани шумораи њодисањои такроршавандаи онњо, муайян карда шавад. Маълумотњои зарурї  њангоми истифодаи ин усул, оиди њайат ва бузургии харољоти ваќти корї, тавассути гузаронидани як ќатор мушоњидањои ногањонии кўтоњ ва номунтазам, ба даст оварда мешавад. Барои он, ки натиљањои мушоњида њангоми истифодаи ин усул аниќ ва эътимодбахш бошанд, риояи шартњои зерин тавсия карда мешавад:

  • њар як мушоњида бояд ба дараљае кутоњ бошад, ки тавонад танњо як объекти омўзиширо дар бар гирад;
  • даврањои гузаронидани мушоњидањо ба таври кофї бояд давомнок бошанд, ки тавонанд њамаи элементњои корро дар бар бигиранд;
  • шумораи гузаронидани мушоњидањо бояд ба таври кофї зиёд бошанд то ин, ки тавонанд зуњуротњои омўхташавандаро дуруст ифода намоянд ва даќиќии мушоњидаро таъмин намоянд.

Барои чен кардани ваќти корї воситањои техникї ва њуљљатї истифода бурда мешаванд. Аќрабаки сониянишондињанда, сониясанљ, видеодастгоњ, оссиллограф, планшет, бланкањои харитањо барои мушоњида, намунаи њуљљатњо барои умумигардонии натиљањои омўзиш ва тањлил ва ѓайрањо аз љумлаи воситањои ченкунии ваќти корї мебошад.

Њангоми омўзиш ва чен кардани харољотњои мењнатї таъмини комплексї будани тадќиќотњо ањамияти муњим дорад, яъне бояд натанњо харољотњои мењнати коргарони оддї, балки харољотњои мењнати њамаи категорияњои коргарон ва дар навбати аввал харољотњои мењнати роњбарон ва мутахассисон чен карда шавад. Интихоби чунин равия ба ташаккулёбии муносибатњои мўътадили иљтимої – мењнатї, фазои мусоиди маънавї – психологї дар корхона мусоидат менамояд, ва аз кори иљрошуда самараи дилхоњ ба даст меояд.

Читайте также:

Добавить комментарий