Шароитхои кор. Чои кор.

Зеро мафњуми «Шароитњои мењнатї» — муњити беруние, ки одамонро дар љараёни истењсолот ињота кардаанд, фањмида мешавад. Шароитњои мењнатї ба организми инсон таъсири назаррас доранд ва аз бисёр љињат њосилнокии фаъолияти мењнатиро муайян менамоянд

Омилњои гуногуни истењсолиро, ки бо ќобилиятњои мењнатии инсон таъсир мерасонанд, одатан бо гурўњњои зерин таќсим менамоянд:

  • Омилњои иљтимої-иќтисодї, ки бо онњо базаи танзимкунандаи ќонунї ва меъёрї-њуќуќии шароитњои мењнатї, назорати доимї, низоми имтиёзњо ва љубронпулињо барои кор дар шароитњои номусоид ва ѓайра дохил мешаванд.
  • Омилњои психофизиологї, ки бо мазмуни мушахасси фаъолияти мењнатї ва характери мењнати мазкур (сарбарии љисмонї ва руњї- асабї, якоњангии кор, дараља ва назми кор вобастаанд.
  • Шароитњои санитарї- гигиенї, муњити берунии истењсолот  (чангу ѓубор, ѓавѓо, њолати њаво, равшанї ва ѓайра) ва хизматњои санитарї- маиширо дар истењсолот муайян менамоянд.
  • Шароитњои эстетикї, ки бо ташаккулёбии њиссиётњои эстетикї- бадеии коргарон мусоидат менамоянд. (ороиши архитектурї-конструкторї-бадеии дохили бино, таљњизотњо, асбобњо, либосњои корї, кабудизоркунї ва ѓайра).
  • Омилњои иљтимої-психологї, ки ба муносибатњои байнињамдигарии аъзоёни коллективи мењнатї таъсир мерасонанд.

Омилњои номбаршуда муњити асосии вазъияти истењсолии корхонаро муайян менамоянд.

Бањри фароњам овардани шароитњои  мусоиди мењнатї пеш аз њама бояд њолати  њаќиќї вуљуддошта  ба таври объективї бањогузорї карда шавад. Барои ин њамаи гуногунии тавсифи муњити истењсолї, ки дар боло зикр шуда, бояд бо як нишондињандаи интегралї ифода карда шавад, ки барои тањлилу бањогузорї як  мањакаи муќоисавї гардад.

Ба сифати мањаки бањогузори миќдорї ва сифатии таъсири умумии омилњои муњити истењсолї бо коршоямї,  саломатї ва фаъолиятии  инсон, нишондињандаи вазнинии мењнат баромад мекунад. Ин мафњумро  њам нисбат ба мењнати љисмонї ва њам нисбат ба мењнати зењнї кор фармудан мумкин аст.  Дар зери  таъсири шароитњои  мењнатї се њолати асосии функсионалии организм ташаккул ёфтанаш мумкин аст: дар  мўътадил, миёна ва паталогї  (ѓайритабиї). Њар як њолат аломатњои фарќкунандаи худро дорад. Аз он ки организми инсон дар кадоме аз ин њолатњо ќарор дорад, натиљањои фаъолияти мењнатї ва саломатии ў муайян карда мешавад.

Аломатњои номбаршуда, ба сифати љадвали физиологии вазнини мењнат хизмат менамоянд, њамаи корњо бошанд, мувофиќи таснифоти табиї-физиологї ба шаш категорияи вазнин људо мешаванд.

Категорияи якум: — корњое, ки иљрояшош  наздик ба комфорти физологї аст. Дар ин њол сарбории зењнї, љисмонї ва рўњи–асабии инсон бо имкониятњои физиологияш пурра мувофиќат менамояд. Одамони комилан солим дар шароитњои ба ин монанди мењнатї дараљаи коршоямиашон боз хубтар мешавад. Дар чунин шароитњо мондашавї дар охири рўз  ноаён мегузарад ва дар тамоми даврањои фаъолияти мењнатї  коршоямї ва саломатии худро њифз менамояд.

Категорияи дуюм: — корњое, ки дар шароитњои мусоидат карда мешаванд. Онњо низ боиси таѓйиротњои назарраси функсияњои психофизики инсон намегарданд. Дар анљоми љараёни мењнатї онњое, ки аз саломатии худ шикоят надоранд, мондагии сахт њис намекунанд. Коршоямї халалдор намешавад ва њолати саломатї хуб боќї мемонад.

Категорияи сеюм: — љараёнњои мењнатие, ки дар  шароити на он ќадар мусоид ва сарбории  зиёди љисмонї, рўњи ва асабї иљро карда мешаванд. Дар ин њол одамони комилан солим ба бењолшавї дучор  мегарданд, ки одатан хоси њолати миёна аст: ин пеш аз њама  мондашавии низоми марказии асабро  ифода мекунад. Чунин норасоињои  шароитњои мењнатиро, бо роњи кор карда баромадани режими оќилонаи мењнат ва истироњат бартараф карда мумкин аст.

Категорияи чорум: — корњое, ки дар шароитњои номусоид иљро карда мешаванд. Чунин корњо организми одамони комилан солимро  ба мондашавии чуќуртар мувољењ мегардонад. Бисёр нишондињандањои физиологї, чи дар лањзањои  амалиётњои фосиланок ва чи дар лањзањои бефосила будани амалиётњо, паст мешавад, њар гуна беморињо афзоиш меёбанд, беморињои касбї пайдо  мешаванд, захмбардорињои мењнатї зиёд мешаванд. Дар ин њолатњо махсусан васеъ пањншавии  беморињои касбї метавонанд ба оќибатњои вазнин оварда расонанд.

Категорияи панљум: — корњое, ки љой доштани шароитњои экстремали мењнатиро ифода менамояд. Дар зери таъсири омилњои экстремалї дар охири рўзи корї (сменаи корї, њафтаи корї) одамони комилан солим то дараљае бењол мешаванд, ки ба њолати патологї- функсионалии организм дучор мегарданд. Чунин бењолшавии бисёр одамон баъд аз истироњати хуб бартараф шавад њам, аломатњои беморињои касбї дар вуљуди онњо боќї мемонад ва дар андак  ваќт метавонанд боз зоњир шаванд. Бинобар ин ба касоне, ки ба категорияи мазкури мењнат машѓуланд  сатњи баланди беморињои касбї хос аст. Бо баробари ин аксар ваќт нишондињандањои мењнатии шахсони мазкур низ коњиш меёбанд ва њосилнокии мењнаташон таѓйир ёфта меистад.

Категорияи шашум: — љараёнњои мењнатие, ки дар шароитњои махсусан номусоид амалї мешаванд. Чунин шароитњои организми  одамонро зуд ба њолати патологї оварда мерасонанд, ки аксар ваќт ба халалдор шудани функсияи узвњои муњими организм оварда мерасонад.

Категорияњои вазнинии мењнат дар асоси бањогузории интегралии шароитњои мењнатї, бо ёрии холњое, ки дараљаи таъсири муњити истењсолиро ба организми инсон ифода мекунанд, муайян карда мешаванд. Дар ин њол њар як элемент аз рўи љадвали мањакњо аз 1 то 6 хол бањои миќдорї мегирад. Њангоми муайян кардани нишондињандаи интегралї, элементњои муњими биологии шароитњои мењнатие  ба њисоб гирифта мешаванд, ки таъсири ин элементњо организми инсонро метавонанд, ба њолати миёна ё патологї мувољењ гардонанд. Бо ёрии «Харитаи шароитњои мењнатї дар љои корї», ки он барои корхона махсус кор карда баромада мешавад, элементњои муњиму ањамиятнок муайян карда мешаванд ва ба онњо бо назардошти ваќти таъсирашон ба организми инсон, холи мувофиќ дода мешавад.

«Харитаи шароитњои  мењнатї дар љойњои корї»-ро барои њама љойњои кори шароитњои мењнатиашон монанд, тартиб додан мумкин аст. Харитаи шароитњои мењнатї њамчун асоси кор карда баромадани чорабинињои ташкилї- техникї, иќтисодї, санитарї- гигиенї ва ѓайра, ки барои бењдошти шароитњои мењнатї равона карда мешаванд, баромад мекунанд. Ќайд кардан љоиз аст, ки њангоми љамъоварии маводњо барои тартиб додани харита, иштироки мутахассисонї шўъбаи мењнат ва музди мењнат, њифзи мењнат ва техникаи бехатарї ва лабораторияњои санитарї-истењсолї њатмї аст.

Айни њол дар Љумњурии Тољикистон шароитњои мењнатї дар аксари корхонањо — чи корхонањои давлатию чи хусусї —  дар сатњи нињоят паст ќарор дорад. Дар бисёр љойњо меъёрњои оддитарини санитарї- гигиенї ва техникаи бехатарї риоя карда намешаванд. Аз ин љост, ки шумораи захмбардорї дар истењсолот ва шумораи шахсони ба беморињои касбї гирифторшуда дар љумњурї нињоят зиёд аст. Аз тарафи дигар сарфи маблаѓ барои тадбирњои њифзи мењнат дар љумњурї он ќадар ќаноаткунанда нест.

Айни њол чорабинињои муњимтарини бењдошти шароитњои мењнатї дар корхонањо чунин муайян карда шудаанд:

—  чорабинињои профилактикии характери техникї-ташкилї дошта, ки ба бартараф кардани сабабњои ба миёнорандаи шароитњои номусоиди мењнатї равона карда шудаанд. Ин чорабинињо бо роњи бунёди воситањои нави техникаи  бехатарї, љорї кардани усулњои нави технологї, иваз намудани як намуди ашёи хом ба намуди дигар ва ѓайра амалї карда мешаванд;

—  баровардани коргарон аз минтаќањое, ки дар он љойњо таъсири элементњои номусоиди муњити истењсолї бевосита њис карда мешаванд, бо роњи идоракунии фосилавии (дистансионии) таљњизотњо ва љараёнњо;

— њифзи оќилонаи коргарон аз таъсири номусоиди муњити истењсолї тавассути чорањои характери техникї дошта, дар участкањое, ки бо сабабњои объективї шароитњои мўътадили мењнатї фароњам авардан номункин аст (таъмин кардан бо воситањои махсуси нафасгирї, либосњои аз таъсири зиёновари муњит эмин нигоњдоранда ва ѓайра);

—  амали гардонидани чорабинињои солимгардонї, ки ба бартараф кардани таъсири номусоиди муњит ба организми инсон равона карда шудаанд, бо роњи такмил додани хизматрасонињои тиббї ва маишї дар истењсолот (таъмини коргарон бо ѓизоњои талаботи профилактикї, яъне шир, ќањва, витаминњо ва ѓайра);

— риояи меъёрињои ќонунан муќарраршудаи давомнокии рўзи корї, њафтаи корї, танафусњои байникорї, рухсатињо ва ѓайра.

Мулоњизњои худро хулоса карда истода бо дилпурии том гуфта метавонем, ки бењдошти шароитњои мењнатї низ дар баробари самтњои дигари ташкили мењнат, чун таќсимот ва кооператсияи мењнат хизматрасонии љойњои корї ва интизоми мењнат, аз ањамияти муњими иќтисодї-иљтимої бархурдор аст. Дар баробари ин бењдошти шароитњои мењнатї, дар низоми ташкили мењнат ва истењсолот, наќшу ањамияти хоси худро низ доро мебошанд ва ин наќшу ањамияти хос дар он ифода меёбад, ки таввасути бењдошти шароитњои мењнатї бевосита њаёт ва саломатии баргузидаи кулли мављудот, яъне инсон, њифз карда мешавад. Ин омили муњим њар як иштирокчии истењсолотро аз коргари оддї сар карда то роњбари корхона водор менамояд, ки ба бењдошти шароитњои мењнатї ва пайваста такмил додани онњо ањамияти љиддитарин људо намоянд.

Читайте также:

Добавить комментарий